Муассисаи давлатии Маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35 - солагии ......
Муассисаи давлатии Маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 - солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва Ваҳдати миллӣ” - ро санаи 02.06.2026 баргузор менамояд, Ҳамчунин бояд хотиррасон намуд, ки дар ҳошияи конференсияи болозикр, озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи: “Эмомалӣ Раҳмон ва Ваҳдати миллӣ” ташкил ва роҳандозӣ мегардад.
Дар озмун хоҳишмандон аз ҳисоби устодон, муҳаққиқон, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) метавонанд бо мақолаҳои беҳтарини илмӣ - тадқиқотии худ вобаста ба мавзуи пешниҳодшуда иштирок намуда, ғолибият ба даст оранд.
Озмун аз руи 3 номинатсия ташкил ва баргузор карда мешавад:
- Беҳтарин мақолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ, публисистӣ ва очеркаҳои таърихӣ; чои якум 5000, ҷои дуюм 3000, ҷои сеюм 2000.
- Беҳтарин тарона, ғазал ва шеъру суруд; ҷои якум 5000, ҷои дуюм 3000, ҷои сеюм 2000.
- Беҳтарин сароянда; ҷои якум 5000, ҷои дуюм 3000, ҷои сеюм 2000.
Ҷамбасти озмун аз руи наминатсияҳои рӯзҳои 26, 27, 28 майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷамъбаст карда шуда, конфронс рӯзи 02.06.2026 дар толори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” баргузор мегардад, дар анҷоми конфронс ғолибони озмун бо мукофотҳои муайян шуда қадрдонӣ ва маводҳои чопӣ ба шакли китоб таҳия ва ба чоп расонида мешаванд.
ш.Душанбе, хиёбони Рудаки 107
Тел: 221- 20- 26, 221-20-24
Тоҷ
Рус
Eng