ҲАДАФҲОИ ПАЁМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ СОҲАИ ИҶТИМОИИ КИШВАР
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва барномавӣ мебошад, ки самтҳои асосии рушди мамлакатро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ муайян менамояд.
Паём ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст. Дар он таъкид шудааст, ки рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш афзалиятҳои доимии сиёсати давлат мебошанд. Президенти мамлакат қайд намуданд, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин соҳаҳо маблағҳои зиёд равона гардида, дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд:
- Афзоиши маблағгузории маориф, илм ва тандурустӣ;
- Баланд бардоштани музди меҳнат, нафақаҳо ва индексатсияи пардохтҳои иҷтимоӣ;
- Бунёди ҳазорҳо иншооти маорифӣ, тиббӣ ва варзишӣ.
Масалан, дар давраи охир даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар зиёд шуда, нишондиҳандаи дарозумрӣ аз 70 ба 77 сол расидааст.
Соҳаи иҷтимоӣ, ки равандҳои фаъолияти иқтисодиро таъмин мекунад, дар ҷараёни истеҳсолот ва андухти сармояи инсонӣ нақши муҳим дорад. Он дар заминаи институтсионалӣ, ташкилии бозори меҳнат, психология ва стратегияи пасандозҳои аҳолиро ташаккул медиҳад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи зичи байни фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва нархгузории инҳисории табий хос мебошад. Оқибати ин диққати бисёр ислоҳоти сохторӣ ба мушкилоти ташкили системаи пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад.
Дар айни замон соҳаи иҷтимоӣ бо мавҷудияти сохтори нисбатан мураккаб, ки аз қисмҳои асосии аз ҷиҳати ташкилӣ ба ҳам наздик иборат аст, фарқ мекунад. Омӯзиш ва амалисозии равандҳо ҳамчун пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ зарур буда, имкон медиҳад ба саволҳои мубрами марбут оид ба самтҳои муайяни рушд, тағйирдиҳӣ ва такмили фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ рӯшанӣ меандозад.
Ин проблема таҳқиқи заминаи консептуалии рушди шаклҳои бозории ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, талаб менамояд. Ин вазъият аҳамияти махсус ба рушди бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ талаб менамояд, ки асоси онро муайянкунии хусусиятҳо, вазъият ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро бо назардошти таъсири омилҳои объективӣ дар назар дорад.
Рушди соҳа ва зарурати бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ ташкили воситаҳои муосири идоракунии иқтисодиёт, омӯзиши мушкилоти танзими фаъолияти субъектҳои фаъолияткунандаи бозор, ташкили механизми танзими давлатии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, инчунин, таҳия ва асосноксозии стратегияи азнавсозии соҳаро талаб мекунад. Марҳилаи муҳим дар таҳияи консепсияи нави рушди соҳаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши назария ва амалияи ташаккул ва рушди системаи хизматрасониҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар шароити гузариш ба бозори иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳимтарини омӯзиши муносибатҳои бозаргонии нав дар кишвар ошкорсозии моҳият ва муайян кардани тамоюлҳо дар рушди минбаъдаи соҳаи иҷтимоӣ мебошад.
Ҳадафи тағйироти идомаёбандаи иқтисодиёт ва дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоии ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии миллӣ мебошад, ки ноил шудан ба он ба таъсис ва такмили доимии идоракунии тамоми соҳаҳо, бахшҳо ва шохаҳои ибтидоии иқтисоди миллӣ, бахусус, соҳаи хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
Дар шароити фаъолияти муносибатҳои нави иқтисодӣ, ба ақидаи мо, равиши созишӣ, яъне ташкили иқтисоди бозории танзимшаванда самаранок мебошад, ки ҳалли мушкилоти рушди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси муайянсозии механизми самараноки идоракунии он муайян карда мешавад.
Аҳамияти ин равиш ба он асос ёфтааст, ки бахши хизматрасонӣ бо тамоми паҳлӯҳои таъминоти аҳолӣ ва иқтисод, инчунин, ба зарурати рафъи омилҳои манфии рушди ин соҳа алоқамандии зич дорад. Сарфи назар аз баъзе дигаргуниҳои мусбӣ, ки дар ҷараёни тағирёбии бозорӣ дар ҳолат ва динамикаи бахши хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он ба амал омадаанд, аммо ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ паст боқӣ мондааст. Ислоҳот ва татбиқи сиёсати аниқро барои рушди соҳаи хизматрасонӣ иҷтимоӣ талаб менамояд, ки асоси онро бояд амалисозии дигаргуниҳои сохторӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги муносибатҳои бозаргонӣ ва тақвияти нақши омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо ташкил диҳад.
Вале дар шароити имрӯза механизми самараноки рушди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ вуҷуд надорад, ки сабаби монеаи тағйироти зарурӣ дар ин соҳа буда, корхонаҳои соҳаро барои таъмини рушд ва беҳсозии сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона месозад. Дар бахши хизматрасонӣ сиёсати дақиқи иқтисодии соҳа таҳия карда нашудааст, дигаргуниҳои гузаронидашаванда хусусияти гуногуни номуайяниро доранд. Ҳамаи ин эҷоди механизми самараноки идоракунӣ барои рафъи омилҳои манфӣ ва тақвияти омилҳои мусбии рушдро тақозо мекунад.
Ба рушди муассири хизматрасониҳои иҷтимоӣ омилҳои дохилӣ ва берунӣ таъсир мерасонанд.
Омилҳои берунӣ аз ҷумла инҳоро дар бар мегиранд:
- сохтори бозори ҷаҳонӣ,
- равандҳои демографӣ,
- равобити фарҳангӣ ва ташкилӣ-иқтисодӣ,
- мавҷудияти базаи қонунгузории меъёрию ҳуқуқӣ,
- идоракунии ҷараёни хизматрасониҳои иҷтимоӣ,
- ташкили кори хизматрасониҳои иҷтимоӣ,
- танзими ҳуқуқӣ,
- равандҳои табиию экологӣ ва ғайра.
Омилҳои дохилӣ бошад, чунинанд:
- пешрафти илмию техникӣ,
- вазъи иҷтимоию демографӣ,
- низоми муҳандисию техникӣ,
- ҳавасмандгардонии иҷтимоӣ,
- имтиёзҳо ва ҳавасмандкунии инфиродӣ,
- вазъи молиявӣ ва ғайра.
Яке аз самтҳои ояндадор рушди шарикии иҷтимоӣ байни давлат, тиҷорат ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошад. Дар ин бора муҳаққиқи рус Л.Я. Чиркина иброз медорад, ки: “Ҷалби сармоягузории хусусӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорони иҷтимоӣ ва рушди механизмҳои шарикии давлатӣ ва хусусӣ имкон медиҳад, ки имкониятҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ васеъ карда шаванд”. Барои рушди ташкилотҳои ғайритиҷоратии аз ҷиҳати иҷтимоӣ нигаронидашуда, ки дар кумак ба ниёзмандон ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим доранд, муҳити мусоид фароҳам овардан муҳим аст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ба ибораи дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат ба ҳамаи мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, тавонистанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар ва бахусус дар ташаккули сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Дар Паёми навбатии худ соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти соҳаи иҷтимоӣ иброз намуданд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Масалан, агар ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.”
Дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ аз фаъолияти самараноки механизмҳои иҷтимоӣ ва сифати хидматрасонии иҷтимоии ба аҳолӣ пешниҳодшаванда вобастагӣ дорад, ки аз фаъолияти соҳаҳои гуногун вобаста аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд: “Дар навбати худ ин пешравиҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба ҳалли проблемаҳои хеле душвори соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва тандурустиро то андозае мусоидат намуданд. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.”
Бояд қайд кард, ки ҳадафи ниҳоии ҳама гуна барномаҳо, аз ҷумла Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба низом овардани сиёсати иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани афзалиятҳои рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг ба пешрафти устувор ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ дар соҳаи иҷтимоӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Умуман, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, кумаку ғамхорӣ нисбат ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, ятимону бепарасторон, маъюбону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат минбаъд низ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Р. ГУЛМУРОДЗОДА,
н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng