ҲАМОҲАНГСОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ
Пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён, тоҷикон ҳамчун умумият қариб ҳазор сол давлати миллии худро аз даст дода буданд. Бо амри тақдир давоми ҳазорсолаҳо дар ҳудуди салтанати ғайритоҷикӣ умр ба сар бурда бошанд ҳам, намояндагони оқилу бофарҳанги он танҳо бо сабаби маърифати баланди илмӣ, воқиф будан аз сиёсату маорифпарвариашон ба сифати кормандони зеҳнӣ дар вазифаҳои роҳбаладони давлатӣ, қозию муллоҳо фаъолона иштирок менамуданд. Мутаассифона, барои амалӣ намудани иродаи худ дар ҳаёти давлатӣ - миллӣ имконияти васеъ надоштанд.
Ҳоло соҳибистиқлолӣ барои ҳамчун миллат боқӣ мондани тоҷикон, ин қобилияти дар халқ зуҳур ёфтани мустақилона муайян намудани тақдири худ, иродаи матин доштану пурра барпо намудани ваҳдати миллӣ ва бартараф сохтани мухолифати дохилимиллӣ аз ин имкониятҳо мебошад, ки моҳияти тақдирсоз будани ин марҳилаи таърихиро ифода менамояд.
Дар асл мафҳуми «истиқлолият» маънои «ҳокимияти олӣ»-ро дорад. Худи калимаи «Истиқлол» дар забони мо аз калимаи арабӣ ворид шуда, маънои аслии он мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои кору амале, мустақилӣ ва соҳибихтиёрӣ мебошад. Дар радифи вожаи истиқлолият вожаи «миллат» ҳамчун дараҷаи баланду мукаммалёфта, таҷрибаи муносибатҳои дуру дарози таърихии «авлоди доим дар ташаккулёбандагӣ» маънидод мешавад ва халқи тоҷик тадриҷан ба мақсадҳои олии худ дар ин раванд равона гашта, мувофиқа ба талаботу имкониятҳо ба ормонҳои гузаштагону имрӯзаҳои наслҳои худ талош менамояд. Вобаста ба миллат мафҳумҳои мустаҳкамкунандаи он «худшиносии миллӣ», «огоҳии миллӣ», «амнияти миллӣ» ва ғайраро дар байни наслҳо вобаста ба меъёри инсондӯстона сабр намуда, шоҳроҳи истиқлолиятро барои наслҳои худ барпо намуд.
Тоҷикон ва халҳои Тоҷикистони кунунӣ дар раванди ба даст овардани истиқлолият набзи давлату миллатҳои Тоҷикистонро бо набзи сайёра ҳамсадо гардонид. Сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии давлату миллат ривоҷу равнақ ёфт. Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад.
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар зинаи аввал истиқлолият мебошад.
Ба аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақияти миллати тоҷик мебошад. Инчунин, роҳандозии усули “дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон низ аз маҷмуи онҳост.
Тоҷикистон дар ин муддат мавқеи худро дар миқёси байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он дастовардҳое ноил гаштанд, ки ниёгони мо онро орзу менамуданд. Тоҷикон тавонистанд забон, фарҳанг, таърихи худро, ки ҷавҳари асосии мавҷудияти давлату миллат мебошанд, барои ҳазорсолаҳо ҳифз намоянд.
Ҳ. НОЗИМОВ,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng