ТЕРРОРИЗМ, АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Воқеиятҳои рӯзҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳеҷ яке аз давлати дунё новобаста аз шакли ҳокимият ва иқтидори иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ аз амалҳои ҷиноии террористон ва зуҳуроти хушунатомези ифротгароён эмин нест. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки натанҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қуввваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ, занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хуруҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, инчунин, ҳисоротҳои буҷавии зиёдеро ба бор меорад.
Терроризм ва экстремизм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Вожаи терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ва ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Экстремизм аз калимаи франсузии “extremizme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноятӣ фасли 8, боби 21 ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ аз моддаҳои 179 то 180 дарҷ шудааст. Тибқи талаботи пешбинишудаи моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлубу хатарнок мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд ва ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро пушти сар намуд. Бинобар ин, кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сони сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст” ва аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, ки “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки чунин зуҳуроту амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард:
- сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;
- сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;
- хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
- ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
- коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ ва ғайра мебошад.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавию байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Бинобар ин, ҳар фарди кишварро, аз он ҷумла ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро пешаи худ карда, аз шомил шудан ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ худдорӣ намоянд, зеро натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Ҳар як нафарро мебояд, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлоли Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷ гузоранд. Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Савриддин ЯТИМОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng