ТЕРРОРИЗМ - ХАТАР БА ҲАЁТ ВА ОЯНДАИ ҶОМЕА
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти ҷиддии умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб натанҳо ба амнияти давлатҳо, балки пеш аз ҳама, ба ҳаёт, оромӣ ва осоиштагии инсонҳо таҳдид мекунад. Терроризм бо роҳи зӯроварӣ ва тарс, экстремизм бошад, бо ғояҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд ҷомеаро ноором ва мардумро бо роҳи нодуруст равона созанд.
Оқибатҳои терроризм ва экстремизм барои ҷомеа ниҳоят вазнин буда, ба амният ва оромии мардуми осоишта халал ворид менамояд, иқтисод зарар мебинад, эътимоди байни мардум коста ва рушди давлат суст мегардад. Муҳимтар аз ҳама, арзиши олитарин - ҳаёти инсон зери хатар мемонад.
Барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ нақши асосӣ дорад. Оила, мактаб ва ҷомеа бояд ба тарбияи ҷавонон масъулиятшинос бошад, ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба қонунро дар онҳо ташаккул диҳанд. Ҳамчунин, ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёр бошад ва ба ҳар гуна даъватҳои ифротӣ муқовимат нишон диҳад.
Ҷ. МИРЗОЕВ,
нозир оиди кор бо омўзгорони Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng