Маълумотнома

Халифазода Ҷовидон Бобохон
Сардори раёсати илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 0000 22 336 | |
Раёсати илм ва инноватсия (минбаъд раёсат) яке аз сохторҳои муҳими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон, унвонҷӯён, донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ ва омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро ба роҳ мемонад.
Раёсат самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳро дар асоси санадҳои
меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, фармоишҳои ректор, супоришҳои муовини ректор оид
ба илм ва инноватсия ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, вобаста
ба нақшаи кории донишгоҳ нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия таҳия ва тасдиқ
гардидааст.
Раёсат дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба илм ва
инноватсия қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-тадқиқотии
факултетҳо, кафедраҳо, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар сохторҳои дахлдори
донишгоҳро амалӣ менамояд.
Ҳадафҳои асосии раёсат ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ,
ҳал ва мусоидат намудан ба масъалаҳои вобаста ба илм ва инноватсия, омода кардани
кадрҳои соҳибунвони илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, ташкил
намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои илмӣ, намоишгоҳҳо
ва нашри асарҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади омода кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ дар назди
донишгоҳ бо Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ду Шурои диссертатсионӣ (№402/шд аз 25.10.2024 ва №475/шд аз
01.12.2025) таъсис дода шудааст. Аз ҷумла:
- Шурои диссертатсионии 6D.KOA-014 оид ба дарёфти дараҷаи
илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600 - иқтисодиёт
(6D050606 - иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ; 6D050611 - хизматрасонӣ дар соҳаҳои
илм, маориф ва иҷтимоиёт) ва 6D050900 - молия (6D050901 - молия, муомилоти пулӣ
ва қарз) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи
ихтисоси 08.00.00 - илмҳои иқтисодӣ (08.00.03 - иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ,
08.00.05 - иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.02 - хизматрасонӣ дар соҳаҳои
илм, маориф ва иҷтимоиёт) ва 08.00.07 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз);
- Шурои диссертатсионии 6D.KOA-108 оид ба дарёфти дараҷаи
илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6В050600 - иқтисодиёт
(6D050607 - иқтисодиёти нақлиёт ва 6D050612 - иқтисоди сабз ва истифодаи захираҳои
табиӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи
ихтисоси 5.2. - иқтисодиёт (5.2.8. - иқтисодиёти нақлиёт ва логистика ва
5.2.15. - иқтисодиёти сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ).
Инчунин, бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2025, таҳти №481/м дар назди
донишгоҳ Маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” аз рӯйи самти илмҳои 1.1.
Математика ва механика, 5.2. Иқтисодиёт ва 5.5. Ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуд. Маҷаллаи
мазкур бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) нашр гардида, аз соли 2019 инҷониб
ба шохиси иқтибоси илмии Россия (РИНЦ) ворид гардидааст, ки барои ба чоп расонидани
мақолаҳои илмии устодон, унвонҷӯёну аспирантони донишгоҳ дар нашрияҳои тақризшаванда
ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳо дар ин самт имкон фароҳам меорад.
Дар сохтори раёсат зерсохторҳои зерин фаъолият намуда
истодаанд:
1. Шуроҳои диссертатсионӣ;
2. Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
3. Шуъбаи иттилоот ва нашрия;
4. Китобхонаи илмӣ;
5. Парки технологӣ;
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар самти «Ташаккули механизми
молиявӣ ва иқтисодии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва муаммои
асосии тадқиқотии донишгоҳ бошад, «Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамгироиҳои минтақавии иқтисодӣ» тасдиқ шудааст,
ки кулли кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишгоҳ таҳияи нақшаи дурнамои корҳои
илмӣ-таҳқиқотии ба ҳамин муаммо вобастаро омода намуда, ба мавзую муаммоҳои мушаххаси
равияҳои тахассусии кафедравӣ пайи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ,
ҳайати устодону кормандони донишгоҳ роҷеъ ба 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзуи
корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд.
Иштирок дар озмунҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти
бевоситаи раёсат мебошад, сол то сол рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳар сол дар донишгоҳ
чун анъана озмун-олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, дар донишгоҳ
маҳфили илмӣ-адабии устодон «Чароѓи маърифат» ва маҳфили илмӣ-адабии донишҷӯён «Сайри
сухан», маҳфили илмии донишҷўён «Дурахши илм» ва шурои илмӣ-инноватсионии “Навоварон»
фаъолият менамоянд, ки аллакай, байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар
ва берун аз он маъруфияти зиёдеро соҳиб шудаанд.
Феълан дар назди кафедраҳои донишгоҳ 28 маҳфили илмии донишҷӯён
фаъолият дорад, ки роҳбарии ин маҳфилҳоро устодони пуртаҷриба бар уҳда дошта, дар
онҳо масъалаҳои мубрами иқтисодию молиявӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва ҷаҳон бавуҷудомада баррасӣ карда мешаванд.
Ҳадаф ва вазифаҳои асосии раёсат:
- рушду тавсеа бахшидан ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон,
кормандон, докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯён;
- назорат намудан ба корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ;
- истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар раванди
таълим барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши мутахассисони оянда;
- омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани
малакаву маҳорати касбии ҳайати омӯзгорону кормандон;
- ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат;
- рушду инкишоф додани тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳаллу
фасли масъалаҳои амалӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои
таҳсилоти олии касбии дохиливу хориҷии кишвар;
- ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳо, конференсияҳо,
семинарҳо ва машваратҳои илмӣ;
- муҳокима ва таҳлилу баррасии натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ;
- таъмини назорати иҷрои саривақтии корҳои илмию таҳқиқотӣ;
- ташхиси саривақтии корҳои илмию таҳқиқотии унвонҷӯён,
аспирантон ва докторантон.
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
- таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва
самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ,
факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмуии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии
кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкили табъу нашри маҷмуаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати
профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;
- ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ,
бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён;
- гузаронидани озмуни олимони ҷавон, навовари беҳтарин, донишҷӯ
ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои
донишҷӯён;
- назорати фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ, ки дар донишгоҳ
таъсис ёфтаанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои олимони ҷавон ва маҳфилҳои
илмии донишҷӯён;
- танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати
устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои
илмӣ-таҳқиқотӣ;
- танзим ва ташкили фаъолияти таҳририю интишорӣ, аз ҷумла
нашри рӯзнома, маҷалла, маводи таълимӣ ва илмии методӣ;
- пешниҳод ва назорати рухсатиҳои эҷодӣ ба кадрҳои илмӣ;
- назорати фаъолияти китобхонаи илмӣ донишгоҳ;
Эълонҳо
Маводҳо
Маводҳо
Ҳайати кормандон

Ҳамроев Мирсаид Исмоилович
Муовини сардори раёсати илм ва инноватсия
| +992 901 24 77 87 | |

Давлатова Дилошуб Рахматуллоевна
Сармутахасис оид ба ахбороти иттилоотии раёсати илм ва инноватстя
| +992 002 22 27 97 | |

Тахмина Шойматова
Ҳуҷҷатнигор - оператори раёсати илм ва инноватсия
| +992 987 39 39 19 | |
Тоҷ
Рус
Eng 


