ДАРСҲОИ УСТОДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «ПРОФЕССОРИ ДАЪВАТӢ»
Ҳафтаи дуюм аст дар ДДМИТ намояндагони Донишкадаи таҳсилоти доимии Донишгоҳи давлатии Бурятия ба номи Дорҷӣ Банзарови Федератсияи Россия дар ҳайати Д. Тсиренов, муовини директори донишкада ва Н. Богодухов, мутахассиси “Маркази хизматрасониҳои молиявӣ” ташриф овардаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Н. Богодухов 26 январи соли ҷорӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-014 назди донишгоҳ бо сари баланд рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
Санаи 3-юми феврали соли 2026, пас аз вохӯрӣ бо ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода, мутахассисони даъватшуда аз Федератсияи Россия ба донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисосҳои 1-25010407 - молия ва қарзи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ), 1-25010300 - иқтисодиёти ҷаҳон (гурӯҳи англисӣ) ва 1-25010410 - менеҷменти молиявӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дарс гузаштанд.
Дар идома, барои ҳайати устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз тарафи коршиноси Дастгоҳи марказии ҶСК «Сбербанк России» оид ба масоили технологияҳои молиявӣ (fintech) Н. Богодухов мастер-класс оид ба тарзи дурусти истифодаи зеҳни сунъӣ, маҳорати кор бо барномаҳои Чат-GPT, DeepSeek, Gemini гузаронида шуд. Дар ҷараёни баргузории дарс ва мастер-класс устодон ва донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзида, зимни саволу ҷавоб ва музокира сатҳи огоҳии худро аз мавзуоти матраҳшаванда ва ҳамзамон, сатҳи забондонии худро маълум карданд.
Пас аз ҷамъбасти мастер-класс, аз тарафи садорати факултет “Сипосномаи ректори ДДМИТ” ба меҳмонон тақдим карда шуд.
Пурсиши кӯтоҳе, ки дар байни донишҷӯён аз тарафи устодони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ анҷом дода шуд, маълум кард, ки чунин тарзи баргузории дарсҳо ба шогирдон бениҳоят писанд омадааст. Бояд қайд намуд, ки мутахассисони хориҷӣ аз ҳозирҷавобӣ, забондонӣ ва одоби муоширати донишҷӯёни факултет изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро барои идома додани таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишкадаи таҳсилоти доимии Донишгоҳи давлатии Бурятия ба номи Дорҷӣ Банзаров даъват намуданд.
Фаридулло УБАЙДУЛЛОЕВ,
мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ
Тоҷ
Рус
Eng