Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар байни китобхонаҳои ноҳияи Сино дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин» сазовори ҷойи дуюм гардид, ки нишондиҳандаи баланд дар сатҳи ноҳия ба ҳисоб меравад.

Санаи 3 феврали соли 2026 дар муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси ноҳия Ситора Сафарализода, масъулини бахши фарҳанг ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» маросими тантанавии қадрдонӣ доир шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани нақши китобхонаҳо дар ҷомеа ва ҳавасмандсозии кормандони соҳа мусоидат менамояд. Муовини раиси ноҳия Ситора Сафарализода ғолибонро бо дастовардҳояшон табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу намуд.

Тибқи натиҷаҳои даври ноҳиявии озмун ғолибон дар номинатсияҳои гуногун муайян гардида, бо диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар дар ДДМИТ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Дар Китобхонаи илмии ДДМИТ озмунҳои «Беҳтарин довталаби осори Пешвои миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мунтазам баргузор мегарданд, ки дар таҳкими дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин, ҷиҳати тарғиби ватандӯстӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун ва тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ моҳе як маротиба маҳфили адабии «Ҳар он кас, ки “Шоҳнома”-хонӣ кунад…» баргузор карда мешавад.

Мо ин музаффариятро ба аҳли Китобхонаи илмӣ самимона муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъда барояшон муваффақиятҳои навин орзу менамоем.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия