Санаи 2-юми феврали соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ бо мақсади баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 чорабинии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет София Темурбекова оғоз намуда, оид ба аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ибрози назар намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки омӯзиши донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва раванди рақамикунонӣ барои донишҷӯён аҳамияти махсус дорад.

Сипас, мудири кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Фирдавс Соҳибов ва мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Умар Воҳидов масъалаҳои марбут ба татбиқи зеҳни сунъӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии иқтисод ва дигар самтҳои афзалиятнокро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дар анҷом аз тарафи баромадкунандагон зарурати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар равандҳои инноватсионӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар таъкид гардид.

Тағоймурод ЭШЗОДА