Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ 4-уми феврали соли равон дар китобхонаи илмӣ бо мақсади пешгирии бегонапарастӣ ва мубориза бо хатарҳои замони муосир бо устодону донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз дарси тарбиявӣ дар мавзуи «Таҳдиди экстремизм ва терроризми динӣ» доир гардид.

 Дарсро ассистети кафедраи фаъолияти бонкӣ Исматулло Ҷумаев оғоз намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои идеологии он бобати пешгирии проблемаҳои ташвишоваре ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ, гаравидани ҷомеа ба фарҳанги бегона, масъалаҳои экстремистиву террористӣ ҳамеша чора меандешанд.

- Мо ба ин назарем, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули терроризм ва экстремизм муҳайё менамояд. Аммо дар шароите, ки ҳифзи суботу осоиштагии кишвар барои мо ба унвони беҳтарин масъалаи давлатдории миллиамон маҳсуб меёбад, уҳдадории ҳар як фарди ҷомеа ва ҳама сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар он аст, ки бо зуҳуроти номақбул, ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ ва терроризму экстремизм муборизаҳои ҷиддиву фаъол барем. Аз сӯи дигар, тарбияи ҷавоноро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба унсури меҳварии ҳаёти худ табдил диҳем. Зеро ба ҳамин восита, мо метавонем дар роҳи муқовимат бо экстремизму терроризм муваффақ шавем. - афзуд баромадкунанда.

Гуфта шуд, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули терроризм муҳайё менамояд.

Баргузор намудани ин қабил чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Тағоймурод Эшзода