Маълумотномаи факултет

Темурбекова София Давронбековна
Декани факултет номзади илмҳои физикаву математика, дотсент
| +992 935 69 7773 | |
Таърихи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсонӣ
Факултети иқтисоди рақамӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ (собиқ факултети технологияҳои иттилоотӣ дар
иқтисодиёт) бо фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи
соли 2012 дар заминаи ҳамгироии Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии
Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вобаста
ба талаботи замони муосир, ки боиси суръати баланди ҷаҳонишавии равандҳои рақамикунонӣ
гардидааст, бо мақсади татбиқи консепсияву стратегияҳои давлатӣ, инчунин, эълон
гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо
қарори Шурои олимони донишгоҳ аз санаи 06.02.2025 таҳти № 06/5.3 номи факултети
технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба факултети иқтисоди рақамӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ иваз карда шуд.
Аз соли таъсисёбии факултет инҷониб
шахсони зерин ба ҳайси декани факултет фаъолият намуданд:
-
аз соли 2012 то 2016 - Кошонова Манзура Раҳматҷоновна доктори
илмҳои иқтисод, профессор;
-
аз соли 2016 то 2018 -
Нурализода Амрулло Назрулло номзади илмҳои иқтисод, дотсент;
-
аз соли 2018 то 2022 - Неъматов
Илҳомиддин Усмонович номзад иилмҳои иқтисод, дотсент;
-
аз соли 2022 то инҷониб - Темурбекова София Давронбековна номзади илмҳои физика-математика, дотсент.
Дар тобеияти факултет се кафедраи
тахассусӣ, яъне кафедраҳои иқтисоди рақамӣ ва логистика, информатикаи амалӣ дар
иқтисодиёт ва низоми иттилотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт бо фарогирии 10
ихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати замони муосир фаъолият доранд.
Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва
логистика
Кафедраи кафедраи иқтисоди
рақамӣ ва логистика ҳамчун як воҳиди таълимӣ ва тадқиқотии факултет буда, мутахассисонро
аз рӯйи самтҳои тахассусии зерин омода мекунад:
-
1-3103060104 - технологияҳои
иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт;
-
1-31030407 - технологияҳои
иттилоотии низомҳои молиявӣ;
-
1-31030602 – кибернетикаи
иқтисодӣ;
-
1-26020323 – логистика;
-
1-25011026 – иқтисоди рақамӣ.
Ҳадафи асосии кафедра иборат аз
тайёр намудани мутахассисони ҳирфавии замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи
бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои болозикр мебошад. Донишҷӯёни ихтисосҳои
зикргардида пас аз хатми донишгоҳ касбҳои математик-иқтисодчӣ,
математик-барномасоз, кибернетик-иқтисодчӣ, маркетолог-иқтисодчӣ ва
иқтисодчӣ-информатикро соҳиб гашта, метавонанд дар сохторҳои давлатӣ ва
ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, андоз, гумрук, нақлиёт,
суғурта ва ғайра кору фаъолият намоянд.
Кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт
Кафедраи низоми иттилоотӣ-нноватсионӣ дар иқтисодиёт як
воҳиди таълимӣ ва тадқиқотӣ буда, мутахассисонро аз рӯйи самтҳои тахассусии
зерин омода мекунад:
-
1-40010202 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
-
1-4001020201 - технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ;
-
1-400103 – зеҳни сунъӣ.
Пас аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони ихтисосҳои 1-40010202 ва 1-4001020201
касби муҳандис-барномасоз-иқтисодчӣ ва хатмкунандагони ихтисоси 1-400103 касби
муҳандис-техники системавиро соҳиб мегарданд.
Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва
стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро нисбат ба мутахассисони
баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд
баланд намуда, дар назди кафедра ҳалли масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани
сифати таҳсил, такмили сатҳи дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ
намудани онҳоро вобаста намуд. Ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои мазкур кафедра
барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро вобаста ба талаботи равандҳои муосири
таълимӣ таҳия намудааст, ки ба шароити замони муосир ҷавобгӯй мебошанд.
Ҳадафи кафедра – ин дар донишҷӯён ташаккул додани равиши системавӣ барои
дарки вазъи кунунии рушди низомҳои иттилоотию иртиботӣ дар шароити гузариш ба
раванди рақамикунонии иқтисодиёт мебошад. Зеро инкишофи дониши насли наврас доир ба истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои
иттилоотию иртиботӣ метавонад ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат мусоидат
намояд.
Кафедраи
информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт
Кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт як воҳиди
таълимӣ ва тадқиқотӣ дар донишгоҳ буда, мутахассисонро аз рӯйи самтҳои
тахассусии зерин омода мекунад:
-
1-250112 – информатикаи иқтисодӣ;
-
1-98010101 - амнияти компютерӣ.
Баъди хатми донишгоҳ, хатмкунандагони ихтисоси 1-250112
касби информатик-иқтисодчӣ ва хатмкунандагони 1-98010101бошад, касби ҳифзи
иттилоот-математик–ро соҳиб мегарданд.
Ҳадаф аз таъсиси кафедра – ин омодасози мутахассисони
рақобатпазир дар бозори меҳнати ватанӣ ва берун аз он мебошад. Зеро амнияти
миллии кишвар аз сатҳи таъмини кадрҳои ватанӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои
стратегӣ вобастагии зич дорад. Инчунин, хатмкунандагони ихтисосҳои марбути
кафедра пас аз хатми донишгоҳ метавонанд дар самтҳои автоматикунонии равандҳои
иқтисодӣ, таҳияи системаҳои боэътимоди иттилоотӣ, татбиқи дониши амиқи IT дар
ҳалли мушкилоти тиҷоратӣ, идоракунӣ ва таҳлили маълумот мусоидат кунанд.
Потенсиали илмии омузгорон
Дар умум дар факултет айни замон
28 нафар устодони дорои дараҷа ва унвони
илмии гуногундошта ба таълими донишҷӯён аз руйи ихтисосоҳои дар боло
зикргардида фаро гирифт шудаанд, ки аз онҳо 17 нафарро номзадони илм, дотсент
ташкил медиҳанд. Дар маҷуъ 60%-и ҳайати устодони факултет дорои дараҷиа илмӣ
мебошад, ки ин нишондод талаботи Низомномаи МТОК-ро конеъ мегардонад.
Самти
корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
Самти корҳои илмӣ-тадқиқотии факултет дар доираи «Рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ бо ҷорӣ
намуданӣ технологияи муосир» аз руйи масоили «Татбиқи механизми рақамикунонӣ дар амалисозии равандҳои идоракунии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар
доираи мавзӯъҳои «Имкониятҳои рақамикунонӣ
ва таъмини бехаиарӣ дар равандҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Истифодаи маделҳо ва усулҳои иқтисодӣ-математикӣ, иттилоотӣ дар шароити рақамӣ» ва «Таъмини рушди босуботи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ»
ба роҳ монда шудааст.
Аз руйи самти корҳои илмӣ-тадқиқиотӣ аз тарафи устодони факултет зиёда аз 15 китоби дарсӣ, 13 монографияи илмӣ, 30 дастуру васоитҳои таълимӣ, 10 мақола
дар маҷаллаҳои бонуфуз “SCOPUS” ва “Web of Science”, 150 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда рӯйи чоп оварда
шудааст.
Дар давраи фаъолияти факултет зиёда
аз 20 нафар устод рисолаҳои докторӣ ва номзадии
худро дифоъ намуда, соҳиби дипломи дараҷаи докторӣ ва номзади илмҳо гардиданд,
аз ҷумла: Ғафуров П.Ҷ. Фозилова Д.М.,
Темурбекова С.Д., Нусратуллозода М.Н., Наҷмиддинов А.М., Воҳидов У.М., Мараҷабов
С.Д., Соҳибов Ф.Ҳ., Аламшоева М.М., Бобомуродов П.Ӯ., Фарайдунов О.Қ., Гулов А.Б.,
Ҳалимов И.И., Яқубзода Ҳ., Турахонзода Ш.Н., Хушмуҳаммадзода З. Давлатзода Б., Ҳакимова
М.Ф., Раҳмонзода З., Ҷурахонзода Б.Ҷ.
Ба ҳолати имрӯз 10 нафар устодони
дигари факултет дар арафаи ҳимояи
рисолаҳои номзадӣ қарор доранд.
Базаи моддию техникии факултет
Базаи моддию техникии факултет мустаҳкам буда дар факултет 6
лабораторияҳо компютерӣ мавҷуд мебошанд, ки бо компютерҳо замонавӣ муҷаҳаз гардонидашудаанд.
Дар ҳар як лаборабория бо миқдори 20 адад компютер ҷой дода шуааст, ки барои
гузаронидани дарсҳои лаборатории тахассуӣ бо барномаҳои замонавӣ насб гардиданд.
Ғайр аз ин, дар заминаи факултет як озмоишгоҳ таҳти номи “иқтисоди рақамӣ”
фаъолият менамояд, ки бо таҷҳизотҳои замонавӣ
муҷаҳаз гардонида шуда, барои омодакунии мутахассисон дар самти татбиқи технологияи рақамӣ ва таҳияи барномаҳои компютерӣ амал
мекунад.
Фаъолияти
дастаи олимпӣ дар факултет
Қобили зикр аст, ки дар факултет
дастаи олимпии кафедраҳо факултет таъсис дода шуда, зери роҳбарии устодон донишҷӯёни
ин дастаҳо ҳамасола дар озмунҳои сатҳҳои
гуногун фаъолона иштирок менамоянд, ки боиси ифтихори нафақат факултет, балки
кулли донишгоҳ мебошад.
Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯён
дар солҳои охир дар олимпиадаи байнифаннии МТОК аз фанни информатика назаррас мебошад, ки дар чандин соли охир чунин натиҷаҳо ба
даст оварда шудаанд:
-
Мирсаидов
Некбахт - ҷойи 3-юм, соли 2023;
-
Олимов Лочинбек
- ҷойи 2-юм, соли 2024;
-
Тилабов Назирҷон
- ҷойи 1-ум, соли 2025.
Дар
баробар ин, аъзоёни дастаи олимпии факултет дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”
ҳамасола иштирок намуда, аз руйи номинатсияи математика ва технология солҳои 2022-2024 ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидаанд:
-
Ҳасанов Маҳмадфируз -
ҷойи 2-юм аз фанни математика, соли 2022;
-
Панявин Михоил - ҷойи 2-юм фанни технология, соли 2023;
-
Раҳматов Сунатулло - ҷойи
3-юм аз фанни математика, соли 2024.
Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”
низ донишҷӯёни дастаи олимпии факултет иширок фаъол намуда, чунин дастовардҳоро
соҳиб гардиданд:
-
Ҷабборзода
Файзиддин - ҷойи 1-ум, соли 2023;
-
Пирова Холиса -
ҷойи 2-юм, соли 2024;
-
Хоҷиев Муҳсиддин
ҷойи 3-юм, соли 2024;
-
Музаффарзода
Фахриддин - ҷойи 2-юм, соли 2025.
Бояд қайд кард, ки факултет баҳри иҷро гардидани
бандҳои алоидаи “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи
таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042”, “Бистсолаи
омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф
(2020-2040)”, инчунин, эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» ҳанӯз аз соли 2023 ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Беҳтарин
барномасоз”-ро, аз руйи ду номинатсия, яъне барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ,
байни МТОК баргузор намуда истодааст, ки дар он ҳамасола зиёда аз 25 то 30
муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ҷадвали дарсии факултет
Корҳои илми тадқиқоти
Зермаҳфили "Зеҳн"
Шурои олимони ҷавон
Ҳайати кормандони факултет

Ҳамзаев Толибшоҳ Сироҷиддинович
Муовини декан оид ба таълим
| +992 205 44 55 99 | |

Абдуғанизода Азизулло Абдуғани
Муовини декан оид ба тарбия
| +992 988840424 | |

Мирзоқурбонов Наҷибулло Ҳуснуддинович
Муовини декан оид ба илм ва иноватсия. Ассистент
| +992 710 91 9191 | |

Юсупова Ҳаҷабмо Ҳукуматовна
Офис-бақайдгиранда
| +992 93 511 40 23 | |

Давлатова Парвина Олимовна
Оператор ҳуҷҷатнигор
| +992 905 08 64 69 | |
Тоҷ
Рус
Eng 





