Маълумотномаи кафедра

Баротов Амирхон Холмирзоевич
Мудири кафера номзади илмҳои иқтисод, дотсент
| +992 918355573 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ АУДИТ ВА РЕВИЗИЯ
Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти
олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи
таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Қарори Шӯрои Олимони
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти № 11/15, аз 26 майи соли 2014
сохтори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳайати факултети ҳисобдорӣ ва
омор кафедраи аудит ва ревизия таъсис дода шуд ва дар ин замина мувофиқи фармоиши
ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 114/И, аз 08 июли соли
2014 кафедраи аудит ва ревизия ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Мудири
кафедраи аудит ва ревизия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев Парвиз Ҷамолиддинович
интихоб гардид. Аз 01-уми феврали соли 2019 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ,
дотсент Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович ба уҳда дошт. Инчунин аз моҳи июни соли
2020 то моҳи апрели 2025 н.и.и., дотсент Тилабов Ёрибек Эмомназарович дар
вазифаи мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Ва аз 2-юми марти соли 2025
н.и.и., дотсент Баротов Амирхон Холмирзоевич кафедраи мазкуро роҳбарӣ мекунад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, таҳти №169 мақоми худро иваз намуд ва он ба
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки кафедраи аудит
ва ревизия бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.
Ҳайати кормандону омӯзгорони кафедра аз 10 нафар иборат
мебошанд, ки аз онҳо: 5 нафарашон - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар-
муаллими калон, 3 нафарашон -ассистент ва 1 нафар - оператор-ҳуҷҷатнигор мебошанд.
Инчунин дар соли ҷорӣ 2 нафар ба ҳайси ҳамкори дохилӣ ва 1 нафар - ба ҳайси ҳамкори
беруна дар кафедра фаъолият менамоянд.
Кафедраи аудит ва ревизия яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимию илмии
сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта,
аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимию илмӣ ва методию тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои
роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, таълиму тарбияро дар асоси стандартҳои давлатии
таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони
баландихтисос саҳми арзанда мегузорад.
Кафедра яке аз кафедраҳои бонуфузи донишгоҳ ба ҳисоб рафта,
мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:
Фаъолияти кафедраи аудит ва ревизия айни замон аз руйи ду
ихтисос: 1-25011100-“Аудит ва ревизия”
ва 1-25010819- “Баҳисобгирии молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” дар
зинаҳои бакалавариат (рӯзона, фосилавӣ) ва магистратура ба роҳ монда шудааст.
Ихтисоси 1-25011100-Аудит ва ревизия, мутахассисонро дар
самти аудити дохилӣ ва беруна, таҳлили молиявию иқтисодии фаъолияти ташкилотҳо,
баҳисобгирии андоз ва ҳисоботдиҳӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ, назорати
риояи қонунгузории молиявӣ ва андозӣ тайёр мекунад. Хатмкунандагони ихтисоси
"Аудит ва ревизия" метавонанд вазифаҳои гуногунро шуруъ аз муҳосиб то
сармуҳосиб, иқтисодчӣ, таҳлилгари молиявӣ, аудитор, мутахассиси андоз ва ҳисоботдиҳӣ
то роҳбарии сатҳи олӣ дар ташкилотҳои хусусӣ ва давлатиро ишғол кунанд. Онҳо метавонанд
дар ширкатҳои аудиторию машваратӣ, муассисаю корхонаҳои бахши давлатӣ, ташкилотҳои
қарзӣ, корхонаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои молиявӣ
кору фаъолият намоянд.
1-25010819- Баҳисобгирии молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ, мутахассисонро дар самти таҳсилоти иқтисодӣ, таҳсилоти иқтисодии бо
донишҳои ҳуқуқӣ асосёфта, андозбандӣ, молия ва идоракунии буҳрон омода
менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар пешбурди фаъолияти иқтисодӣ
ва молиявии ташкилотҳо ва корхонаҳои ҳама
намуди моликият ба кор машғул гарданд. Хатмкунандагони ихтисоси " Баҳисобгирии
молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ " имконият доранд дар вазифаҳои
мушовирони баҳисобгирӣ ва андоз, аудити молиявӣ ё давлатӣ, фаъолиятҳои назоратӣ
ва аудит, директори молиявӣ, сармуҳосиб, кормандони хадамоти молиявӣ, банақшагирию
иқтисодӣ, хизматрасониҳои марбут ба ҳисобдорию назорат, инчунин дар шӯъбаҳои амнияти
иқтисодии ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратӣ
ва ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои бонкӣ ва қарзӣ, сохторҳои давлатӣ ва маҳаллӣ)
кору фаъолият дошта бошанд.
Кафедраи мазкур тахассусӣ буда, соли 2015 нахустин донишҷӯёнро
аз рӯйи ихтисоси 1-25011100- “аудит ва ревизия” қабул намудааст ва соли таҳсили
2018-2019 бори аввал кафедраро донишҷӯён дар зинаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси аудит
ва ревизия хатм намудаанд. Ҳамчунин устодони кафедра ба донишҷӯён аз рӯйи зиёда
аз 22 фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз
мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад.
Инчунин оид ба фанҳои таълимии кафедра маҷмӯаи барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ
(силлабусҳо) барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти
фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзуҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзуҳои корҳои
курсӣ, рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои
корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати
дотсентон ва устодони кафедра тайёр карда шудаанд.
Дар кафедраи аудит ва ревизия гузаронидани мизҳои мудаввар низ
анъана шудааст. Одатан, дар ин сӯҳбатҳои илмӣ оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз олимони
шинохта ва мутахассисони соҳа аз мақомотҳои олии назоратӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад
мекунанд.
Дар солҳои 2014-2019 дар ташкил ва рушди кафедра олимон ва устодони
зерин саҳмгузор ва фаъолият намудаанд: профессор Уроқов Дустмурод Уроқович,
дотсентон Исматов Асадулло Ҳурматович, Орзуев Парвизҷон Ҷамолиддинович, Алиев Олимҷон
Маҳмудович, Садриддинов Мануҷеҳр Исломиддинович, Бобиев Исмоил Атоевич, Хушвахтзода
Қобилҷон Хушвахт, Зиёев Сулаймон Саъдуллоевич, Расулов Туйғун Мирқозиевич, Тоҳирова
Раҷабмоҳ Сафарович, Шоймардонов Сафаралӣ Қурбоналиевич, муаллимони калон -Аҳмадҷонова
Санобар Юсупҷановна, Ҷабборова Парвина Ҷумаевна, Маҳмадов Маҳмадраҷаб Ганҷалович,
Юнусов Абдуқаюм Қамарович, Ҳакимов Зоирҷон Рузибекович, Досиев Маҳмадшоҳ Назарович,
ва ассистентон - Саидов Раҷабалӣ Назифович, Сафаров Сангак Ҳамидуллоевич, Раҳмонов
Абубакр Аскаралиевич, Мирзозода Дилрабо, Абдуллоева Шаҳноза Файзилаҳматовна.
Кафедра бо Вазорату идораҳои мамлакат, ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Ҳисоби ҶТ, КВД «Тоҷиксуғурта», ширкати аудитории ҶДММ «Шарқ-аудит» ва як қатор муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон робитаи зичи ҳамкорӣ дорад.
Кафедра бо васоити техникӣ пурра таъмин буда, дорои ду адад
компютери пайваст бо хатти интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз
онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Инчунин кафедра дар тайёр кардани мутахассисон, устодони
пуртаҷриба барои дарёфти дараҷаи илмӣ саҳми арзанда дорад, ки ҳоло дар кафедра чор
нафар унвонҷӯён: Абдулхайров Фахриддин Маҳмадшоевич, Каримов Нурулло
Сафарбегович, Саёраева Рухшона Шайховна, Шаҳнозаи Садриддин бо кори илмӣ машғул
мебошанд, ки рисолаҳои номзадии устодони номбурда омода шудаанд ва
дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Самти корҳои илмию таҳқиқотии кафедра аз соли 2023 то соли
2027 дар мавзӯи «Ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии рушди бозори хизматрасонии
аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили «Ҷиҳатҳои назариявию методологӣ ва
асосҳои ниҳодии рушди фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст,
ки устодони кафедра аз рӯи марҳилаҳои он ҳамасола корҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ
мемонанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳамасола конфронсҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои
илмӣ ва семенари илмию амалӣ мегузаронад. Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои
кушод гузаронида мешаванд, ки онҳо дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор
мегиранд. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва тарбиявию
умумидонишгоҳӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Фанҳои таълимӣ
РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ
омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 19 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида
мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ
(силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Аз рӯйи 12 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд,
ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.
1.Муқаддимаи ихтисос
2.Асосҳои аудит
3.Аудит
4.Аудити бонкӣ
5.Аудити андозбандӣ
6.Аудити дохилӣ
7.Аудит дар мамлакатҳои хориҷӣ
8.Аудити самаранок истифодабарии воситаҳои буҷетӣ
9.Аудити ширкатҳои суғуртавӣ ва фондҳои сармоягузорӣ
10.Аудити бахши давлатӣ
11.Аудит дар идораи молияи давлатӣ
12.Аудит дар корхонаҳо
13.Аудит дар муассисаҳои буҷетӣ-илмӣ
14.Аудит дар ҷамъиятҳои саҳомӣ
15.Стандартҳои байналмилалии аудит
16.Асосҳои фаъолияти ревизионӣ
17.Аудит ва ревизия
18.Назорат ва тафтиш
19.Назорати давлатии молиявӣ
Ихтисосҳо
Кафедраи аудит ва ревизия яке аз кафедраҳои бонуфузи
донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз руйи ду ихтисос омода менамояд:
1-25011100-аудит ва ревизия ва 1-25010819- баҳисобгирии молиявӣ
ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутахассисонро омода менамояд. Муҳассилин
аз рӯйи ихтисоси 1-25011100- аудит ва ревизия дар зинаҳои бакалавариат (рӯзона,
фосилавӣ), таҳсилоти олии дуюм, магистратура ва аз рӯйи ихтисоси 1-25010819- баҳисобгирии
молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ -дар зинаи бакалавариат (рӯзона) ба
таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ихтисоси 1-25011100-аудит ва ревизия дар низоми тахассусҳои
иқтисодӣ яке аз ихтисосҳои муҳим дониста мешавад. Мутахассисони дорои ихтисоси
мазкур метавонанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ кор ва фаъолият
намоянд. Хатмкунандагони ихтисоси аудит ва ревизия метавонанд дар муассисаҳои
низоми бонкӣ, ташкилотҳои буҷетию давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолию хизматрасон ва
дигар субъектҳои иқтисодӣ кор ва фаъолият намоянд. Кафедраи аудит ва ревизия
имконият дорад, дар заминаи таҷрибаи ҷамъшуда, заминаҳои илмӣ-методӣ,
таълимӣ-таҷрибавӣ ва аз ҳисоби нерўи кадрӣ, мутахассисони соҳаи назорати
давлатии молиявиро, ки дар бозори меҳнат, бахусус дар ташкилотҳои аудиторӣ,
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва
мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувори рақобатпазириро
ишғол карда метавонанд, омода намояд. Чунки самти асосии фаъолияти кафедраи
аудит ва ревизия аз омодакунии кадрҳо дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва
аудити бахши хусусӣ иборат мебошад.
Имрӯзҳо, хатмкунандагони ихтисоси мазкур дар ҳамаи соҳаҳои
иқтисодии кишвар ба ҳайси аудитори ташкилотҳои аудиторӣ, аудитори инфиродӣ ва
аудитори хадамоти аудити дохилии ташкилотҳои буҷетию давлатӣ ва субъектҳои
бахши хусусӣ кор ва фаъолият карда истодаанд.
Дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки талабот ба мутахассисони дорои малакаҳои мувофиқ ба ин шароит пайдо
мегардад, мутахасисони ихтисоси аудит ва ревизия дар заминаи донишҳои IT-аудит
ба чунин талабот ҷавобгӯй мебошанд.
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки имрӯзҳо мутахассисони дорои
ихтисоси аудит ва ревизия дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи устувори
рақобатпазириро соҳиб мебошанд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ихтисоси 1-25010819-Баҳисобгирии
молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз ихтисосҳои муҳим арзёбӣ мегардад.
Афзоиши ҳиссаи воситаҳои буҷетӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарурати воқеии
пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва назоратро пеш меорад. Воситаҳои буҷетие, ки
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тариқи харҷнома ба даст меорад, инчунин натиҷаҳо аз
истифодабарии онҳо ҳатман дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд.
Баъдан, бо мақсади муайян намудани дурустии пешбурди баҳисобгирии муҳосибии
воситаҳои мазкур, тадбирҳои назоратӣ пиёда гардонида мешаванд. Ҳамаи ин нуқтаҳо
гувоҳи он мебошанд, ки пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорат дар мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ муҳим мебошанд.
Муҳассилини ихтисоси 1-25010819-Баҳисобгирии молиявӣ ва
назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тӯли таҳсил дар донишгоҳ вижагиҳои
баҳисобгирии муҳосибӣ ва назоратро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз бар менамоянд.
Талаботи бозори меҳнат ба хатмкунанадагони ихтисоси мазкур
зиёд мебошад. Ин ихтисос мутахассисонро дар ду самт, аввалан, баҳисобгирии
молиявӣ ва баъдан, назорат омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси 1-25010819-Баҳисобгирии
молиявӣ ва назорат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сохторҳои мухталифи мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ кор ва фаъолият карда метавонанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки нерӯи кадрии кафедраи аудит ва
ревизияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани
мутахассисон аз рӯйи ихтисоси 1-25010819-Баҳисобгирии молиявӣ ва назорат дар
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ устувор мебошад. Дар кафедраи мазкур устодони пуртаҷриба
аз ҳисоби номзадҳои илм, дотсентон, инчунин устодони калон кор ва фаъолият
менамоянд.
Корҳои илми тадқиқоти
Семинарҳо
Маҳфили илмии донишҷӯён
Ҳайати кормандони кафедра

Ҳомидов Аслон Умарович
номзади илми иқтисод, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Саидов Раҷабалӣ Назифович
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Абдулхайров Фахриддин Маҳмадшоевич
Муаллими калони кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Саёраева Рухшона Шайховна
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Шаҳнозаи Садридин
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng