Маълумотномаи кафедра

КАФЕДРАИ ИНФОРМАТИКАИ АМАЛӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

 Кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ» ва банди 4-и Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар асоси фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон №53/и аз 25 июни соли 2012, дар заминаи собиқ кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва логистика таъсис дода шудааст.

Мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 01.07.2016 (№14/5.3) номи кафедра ба «Информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт» иваз карда шуд.

Мавқеъ ва нуфузи кафедра дар раванди омода намудани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «1-25011200 — информатикаи иқтисодӣ» ва «98010101 — амнияти компютерӣ» дар сатҳи баланд қарор дорад.

 САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХАТМКУНАНДАГОН

мутахассис оид ба амнияти компютерӣ;

мутахассис оид ба амнияти иттилоотӣ;

муҳандис оид ба ҳифзи иттилоот;

таҳлилгари амнияти иттилоотӣ;

мутахассис оид ба киберамният;

маъмури системаҳои амниятӣ;

мутахассис оид ба амнияти шабакавӣ;

мутахассис оид ба ҳифзи криптографии иттилоот;

мутахассис оид ба вокуниш ба ҳодисаҳои амниятӣ (SOC-аналитик);

машваратчии амнияти иттилоотӣ.

 Ихтисос доираи васеи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиро дар самтҳои криптография, амнияти шабакавӣ, ҳифзи системаҳои оператсионӣ, амнияти барномаҳо, идоракунии хавфҳо ва риояи стандартҳои амнияти иттилоотӣ дар бар мегирад.

  Роҳбарии кафедраро омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд:

 Мирзоабдуғафуров К.И., н.и.ф.-м., дотсент - солҳои 2012-2014;

Ҳакимова М.Ф., н.и.и., дотсент - солҳои 2014-2015;

Темурбекова С.Д., н.и.ф.-м., дотсент – солҳои 2015-2022;

Аламшоева М.М., н.и.и., дотсент – аз моҳи феврали соли 2022-2025;

Ҳасанзода Я., н.и.и. доктор (PhD) дотсент аз моҳи декабри 2025.

 Омӯзгорони кафедра дар барномаҳои хориҷӣ DigEco ва ERASEMUS ва курсҳои омӯзишӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби сертифекатҳо гардиданд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Миёна такмили ихтисос намудаанд.

Вазифаи кафедра аз таъмин намудани тамоми раванди таълимии донишгоҳ дар самти технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ  дар соҳаи иқисодиёт мебошад.

 ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

 Ҳайати кафедраро 9 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 5-нафар номзади илм, дотсент, 3-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.

 ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

 Кафедра бо тамоми муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи наздики илмӣ дошта дар таҳияи маводҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва омода намудани муттахассисон дар ҳамкории зич қарор дорад.

Устодони кафедра пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи самти 08.00.04-Иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.01-Иқтисодиёти саноат ва энергетика) Экономика промышленности и энергетики  интихоб мегардад.

Дар муддати 5 соли охир кафедра 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз 6 монография ва 15 васоити таълимӣ ва дастури таълимӣ рӯйи чоп овардааст.

Нашрияҳои илмӣ:

1.            Ҳасанзода Я. Танзими давлатии иқтисодиёт тавассути низоми андози Ҷумҳури Тоҷикистон Монография / [Матн] // Я. Ҳасанзода Душанбе: “ИРФОН” 2021. - 155 с. ISBN 65.5+65.9(2 тадж)+65.9(2)26+65.9(2)2613.  УДК: 336.7 (575.3) (575.3).   

2.            Темурбекова С.Д., Аламшоева М.М., Неъматов И. Асосҳои алгоритмронӣ ва забони барномасозӣ. Китоби дарсӣ. -Душанбе, 2019. –304 с.

3.            Ҳасанзода Я. Васоити таълимї / Амнияти иттилоотӣ Нашри Камол Я. Ҳасанзода ш.Душанбе 2023,  саҳ 215. 

4.            Ҳасанзода Я. Васоити таълимї /Технологияҳои иттилоотии муосир / Воситаи таълимӣ барои магистрон ҶДММ Нашри Камол Ф.С.Раҳимов М.Н. Ашуров. Я. Ҳасанзода ш.Душанбе 2022, 212 саҳ

5.            Ҳасанзода Я. Васоити таълимї / Коркарди компютерии маълумоти андоз / Раҳимов Ф.С. Ғафуров Ф.Ҷ. Яъқуб Ҳ.ҶДММ “Нашри Камол”, Душанбе 2025

6.            Аламшоева М.М. Забони барномасозии Delphi. Васоити таълимӣ. -Душанбе, “Нашри мубориз”, 2022, -196 с.

7.            Аlamshoeva М.М., Аydarmamadov А.G. Basic Concepts of  Information Technology. Educational-methodical manual.  -Dushanbe: “Nashri Muboriz”, 2023.  -136 c.

8.            Фарайдунов О.Қ., Аламшоева М.М. Асосҳои маърифати компютерӣ. Васоити таълимӣ. – Душанбе, матбааи ҶДММ “Ашуриён”, 2024, -80 с.

9.            Фарайдунов О.Қ., Темурбекова С.Д. Забони барномасозии сатҳи олӣ дар мисоли Python. Дастури таълимӣ. – Душанбе, матбааи ҶДММ “Ашуриён”, 2024, -80 с.

10.          Давлатов Б.Ш. Такмили афзори таҳлил дар нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон. Монография. – Душанбе, 2024, -177.

11.          Эгамов С.Х. Қурбонов К.Ю. Сангов Ҳ.Ғ. Эконометрика /Воситаи таълимӣ – Душанбе “ИРФОН” 2019.-160c

12.          Эгамов С.Х. Қурбонов К.Ю.Сангов Х.Г. Информационная технология учебник /Воситаи таълимӣ – Душанбе “ИРФОН” 2019.-170c

13.          Эгамов С.Х. Маликов И.О. Сангов Ҳ.Ғ. Автоматикунонии технологияњои иттилоотї  дар иќтисодиёт /Воситаи таълимӣ – Душанбе “ИРФОН” 2021.-136c

                 Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «Барномасози ҷавон» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои амалии фанҳои барномасозӣ баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.

 


Image

Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

 Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 22 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст. Аз рӯйи 10 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.

Фанҳои таълимӣ:

Маркетинги рақамӣ

Муқаддимаи ихтисос

Асосҳои алгоритмронӣ ва забонҳои барномасозӣ

Информатикаи иқтисодӣ

Таҳияи барномаҳои компютерӣ дар ҳалли  масъалаҳои иқтисодӣ

Забони барномасозии сатҳи олӣ

Автоматикунонии комплексии тиҷорати хурд

Омӯзиши технологияи компютерӣ ва хизматрасонии мобилӣ

Асосҳои Web – барномасозӣ

Хазинаи маълумот

Системаи идоракунии базаи маълумот

Асосҳои маърифати компютерӣ

Ҳимояи иттилоот

Иқтисодиёти шабакавӣ

IP – телефония ва шабакаҳои компютерӣ

Системаҳои амалиётҳо, муҳитҳо ва қабатҳо

Барномасозӣ дар самти иқтисодиёт

Тиҷорати электронӣ

Барномарезӣ дар муҳити My SQL ва Oracle

Амалияи барномасозӣ

Усулҳои назариявии  амнияти маълумот

Асосҳои ҳимояи иттилоотӣ


Ихтисосҳо

ИХТИСОСИ ИНФОРМАТИКАИ ИҚТИСОДӢ

Иқтисодчӣ-барномасоз мутахассиси соҳаи IT, иқтисод ва молия буда, дар шароити рақамикунонии иқтисод дар ташкилотҳои дорои равандҳои автоматикунонидашуда, корхонаҳои давлатӣ ва ғ. талаботи баланд дорад. Барномаи таълимӣ ба технологияҳои муосир, аз ҷумла блокчейн, Интернет-ашё (IoT) ва Data Science равона шудааст.

Шакли таҳсил: рӯзона, ғоибона
Муҳлати таҳсил: 4 сол
Рамзи ихтисос: 1-25011200
Дараҷаи тахассусӣ: Иқтисодчӣ - барномасоз

ЧИРО МЕОМӮЗОНЕМ?

таҳия ва татбиқи интернет-лоиҳаҳо, web-барномаҳо ва чат-ботҳо;

мутобиқсозии системаҳои технологияҳои иттилоотӣ ба вазифаҳои иқтисодӣ;

кор бо системаҳои ERP, CRM ва BI, платформаҳои рақамӣ, технологияҳои иқтисоди рақамӣ ва абрӣ;

фаъолият дар соҳаи таҳлили додаҳо ва маркетинги рақамӣ (SMM).

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХАТМКУНАНДАГОН

таҳлилгари тиҷорати электронӣ (таҳлилгари системавӣ);

таҳлилгари додаҳо (Data Science);

меъмори системаҳо (меъмори тиҷорат);

таҳиягари веб;

мутахассиси SMM ва интернет-маркетинг;

менеҷери фурӯши технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои мураккаби техникӣ;

роҳбари лоиҳа (Team Lead, Project Manager);

машваратчӣ оид ба системаҳои иттилоотӣ;

мутахассиси идоракунии системаҳо ва маъмури пойгоҳҳои додаҳо ва ғ.

 

Дар доираи ин ихтисос донишҷӯён қонуниятҳои асосии равандҳои иқтисодиро аз бар намуда, ҳамзамон салоҳиятҳои касбиро оид ба истифодаи барномаҳои компютерӣ, пойгоҳҳои додаҳо, системаҳои иттилоотии идоракунӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти иқтисодӣ ташаккул медиҳанд.

 

ИХТИСОСИ АМНИЯТИ КОМПЮТЕРӢ

Дар шароити рушди босуръати рақамикунонӣ ва афзоиши таҳдидҳои киберӣ мутахассис оид ба амнияти компютерӣ нақши калидӣ дар таъмини ҳифзи иттилоот, системаҳои иттилоотӣ ва инфрасохторҳои рақамӣ иҷро менамояд. Муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба мутахассисоне ниёз доранд, ки дорои салоҳиятҳои касбӣ ҷиҳати пешгирии ҳамлаҳои киберӣ, ихроҷи маълумот ва вайроншавии амнияти иттилоотӣ мебошанд.

Ихтисоси мазкур дорои аҳамияти стратегии таъмини амнияти иттилоотии миллӣ, корпоративӣ ва инфиродӣ буда, ҳадафи асосии он омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва компютерӣ бо донишҳои мукаммали назариявӣ ва малакаҳои амалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои муосири киберӣ мебошад.

 

Шакли таҳсил: рӯзона, ғоибона
Муҳлати таҳсил: 4 сол
Рамзи ихтисос: 1-98010101
Дараҷаи тахассусӣ: Мутахассиси ҳифзи иттилоот. Математик

 

ЧИРО МЕОМӮЗОНЕМ?

саводнокии рақамӣ

омӯзиши асосҳои амнияти иттилоотӣ ва компютерӣ;

азхудкунии усулҳо ва технологияҳои ҳифзи криптографии иттилоот;

таҳлил ва идоракунии хавфҳои амнияти иттилоотӣ;

ҳифзи шабакаҳо, системаҳои оператсионӣ ва пойгоҳҳои додаҳо;

ошкор ва пешгирии ҳамлаҳои киберӣ;

таъмини амнияти нармафзор;

ташаккули малакаҳои аксуламал ба ҳодисаҳои амниятӣ.


Ҳайати кормандони кафедра