Маълумотномаи кафедра

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЛОГИСТИКА

Таърихи кафедра

Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 07.12.2022 №102/и дар пояи собиқ кафедраҳои моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилотӣ (2003), информатикаи амалӣ (2006), технологияҳои иттилоотӣ (2009), технологияҳои иттилоотӣ ва логистика (2012)-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва кафедраи математика ва технологияи иттилоотӣ (2010)-и Донишкадаи молияи Тоҷикистон, моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (2012)-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст.  

Роҳбарии кафедраро омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд:

1. [Мирзоахмедов Фахриддин Мирзоахмедович], д.и.т., профессор - солҳои 2003-2012;

2. [Раҷабов Фахриддин Сайфиддинович], н.и.ф.м., дотсент- солҳои 2012-2018;

3. Наҷмиддинов Асадулло Мирзоевич, н.и.ф.-м., дотсент – солҳои 2018-2020;

4. Ғафуров Парвиз Ҷарахонович, н.и.и., дотсент – солҳои 2020 -2025.

5. Воҳидов У.М  н.и.и., дотсент – аз моҳи октябри соли 2025.

Мақсади ташкил намудани кафедра аз тайёр намудани мутахассисони ҳирфавии замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ низомҳои молиявӣ, иқтисоди рақамӣ ва  кибернетикаи иқтисодӣ (технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт) иборат мебошад. Донишҷӯёни ихтисосҳои зикргардида баъд аз хатми донишгоҳ тахассуси дусоҳавии «математик-иқтисодчӣ», «маркетолог-иқтисодчӣ», «математик-барномасоз», «иқтисодчӣ-информатик» ва «кибернетик-иқтисодчӣ»-ро соҳиб гашта, метавонанд дар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, нақлиёт, бонк, андоз, гумрук, суғурта ва ғайра кору фаъолият намоянд.

Ҳайъати устодони кафедра

Ҳайати устодони кафедра 10 нафарро ташкил медиҳад, ки  аз инҳо 5 нафар номзадони илм, 2-нафар муаллимони калон ва 3-нафар ассистентон мебошанд, ки дар умум 50%-и ҳайати устодони кафедраро устодони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳанд: Воҳидов Умар Маҳмадиевич – мудири кафедра, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Ғафуров Парвиз Ҷурахонович – аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Мирзоабдуғафуров Каримҷон Иброҳимҷонович – барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои бунёдӣ (2010), номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Фозилова Давлатбахт Миралибековна - номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Гулов Акобир Баҳронович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Фезалиев Абдураҳим Султонкаримович-муаллими калон; Саъдонов Алидод Ғуломович-муаллими калон; Ҳамзаев Толибшо Сироҷиддинович-ассистент; Бахтоваршоҳи Асомуддин-ассистент; Исоева Дилангез Раҷабалиевна-ассистент.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ

Самти илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2023–2027 дар самти “Рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ бо ҷорӣ намудани технологияи муосир” дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда, устодони кафедра тибқи мавзӯҳои интихобнамуда,  кор ва фаъолияти худро идома дода истодаанд. Вобаста ба ин, аз тарафи устодони кафедра дар давоми солҳои 2023-2025 120- маводҳои илмӣ-методӣ аз ҷумла, 2-китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 1 дастури методӣ, 3- монография, зиёда аз 115-мақола ва тезисҳо ба чоп расонида шудааст, ки аз он 25 мақолаи тақризшаванда аз ҷониби КОА ва 2 мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз  (Web of Science) ба табъ расонида шуданд.

Дар назди кафедра маҳфилҳо аз ҷумали маҳфили илмии донишҷӯён бо унвонии “Моделсозони ҷавон”, семинари илмӣ-методӣ ва зермаҳфили “Зеҳн” амал мекунанд, ки ҳармоҳа тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, аз тарафи донишҷӯёни тахассусӣ, устодон ва олимону мутахассисони соҳа даъватшуда таҳқиқоти илмии худро баромад менамоянд.

 Дастовардҳои донишҷӯён

Устодони кафедра дар омода намудани донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», саҳми назаррас доранд. Соли 2021 донишҷӯ Ҳасанов Муҳаммадфирӯз таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм гардид. Худи ҳамон сол дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар давраи ноҳиявӣ, шаҳрӣ сазовори ҷои якум ва дар давраи ҷумҳуриявӣ бошад сазовори ҷои дуввум гашт. Соли 2022 донишҷӯ Панявин Михаил таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни мазкур аз фанни технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи марҳилаҳо — ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ — сазовори ҷойи аввал гардид. Соли 2024 донишҷӯ Раҳматов Сунатулло Парвизович таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз фанни математика дар давраи ноҳиявӣ ҷойи аввал, дар давраи шаҳрӣ ҷойи дуюм ва дар давраи ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Соли 2023 донишҷӯи ихтисоси 1-31030407-технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ Пирова Холиса таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Воҳидов У.М. дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии Озмуни илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», дар бахши информатика иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 3 гардид. Соли 2024 донишҷӯи ихтисоси 1-31030407-технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ Ҷабборзода Файзиддин таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Воҳидов У.М. дар даври ниҳоии Озумни ҷумҳуриявиии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» аз рӯйи номинатсияи  бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ сазовори ҷойи 3-юм ва Ҷом гардид. Соли 2024 ихтисоси 1-3103060104-технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт Олимов Лочин Сафаралиевич таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Воҳидов У.М. даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯйёни МТОК иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Такмили ихтисос

Ҳамзамон, устодони кафедра ба сифати коршиносони соҳаи иқтисод фаъолият намуда, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва ихтисоси худ дар дохил ва хориҷи кишвар тахассуси худро такмил дода, соҳиби сертификатҳо ва дипломҳо гардиданд.

Дар давоми солҳои 2023-2025 устодони кафедра н.и.и., дотсент Воҳидов У.М.., н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ., муаллимони калон Фезалиев А.С., Саъдонов А.Ғ. вобаста ба ихтисос  такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муссисаҳои таҳсилоти или касбии наздди Донишгоҳи миллии Тоикистон гузашта соҳиби диплом гардидаанд.

Инчунин, устоди кафедра н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. ба ҳайси эксперт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (моделсозии (макро)иқтисодӣ ва дурнамо, идоракунии молияи давлатӣ) дар лоиҳаҳои ширкатҳои консолтингии SOFRECO ва LOUIS BERGER-и Франсия, WYG International & CIPFA - Британаи Кабир, Business & Strategies in Europe бо кумаки Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ (World Bank), GIZ, UNDP ва UNFPA  дар вазорату ташкилотҳо аз ҷумла взорати молия ва вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар таҳияи Стратегияи милли рушд то давраи солҳои 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, саҳми арзанда дорад.

Аз соли 2020 то соли 2023 лоиҳаи дигар бо номи “Рақамсозии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон/DigEco 618270-EPP-1-2020-1-LT-EPPKA2-CBHE-JP” бо дастгирии иттиҳоди Аврупо (Erasmus+: КА2 CBHE) ба мақсади баланд бардоштани иқтидори таҳсилоти олӣ дар самти иқтисоди рақамӣ амал мекунад. Дар доираи ин лоиҳа барои як гурӯҳи устодони кафедра мувофиқи нақшаи муайян мунтазам онлайнӣ-тренингҳо бо мақсади ҷори намудани таҷрибаи ин мамлакатҳо дар самти иқтисоди рақамӣ гузаронида шуд. Ин боиси он гардид, ки барномаи таълимии ихтисоси «иқтисоди рақамӣ», ки айни замон дар донишгоҳ фаъолият мекунад, мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия карда шавад. Инчунин, соли 2025 Фейзалиев Абдураҳим Султонкаримович ба курсҳои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Узбекоситн равона гардида,  соҳиби диплом гардид. 

Дар раванди омўзиш ба ихтисосҳои номбаршуда устодон донишҷуёнро бо тамоми ҷанбаҳои ҳалли масъалаҳои проблемавии гуногун шинос намуда, роҳу усулҳои муосири мушкилоти соҳаро меомўзонанд. Вобаста ба сатҳу сифати таълим дар назди кафедра 2-озмоишгоҳ муҷаҳҳаз бо компютерҳои замонавӣ ва тахтаи электронӣ ва синфи методӣ вуҷуд дорад, ки донишҷӯён ҳамарӯза барои сайқал додани донишҳои амалии худ аз онҳо истифода мебаранд. Яке аз ин синфхона - озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии “Иқтисоди рақамӣ” дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини пешрафти рушди иқтисодиёти рақамӣ таъсис дода шудааст, ки дар асоси талаботи муосир, сифат ва самаранокии фанҳои таълимии марбут ба иқтисоди рақамӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад. Дар ин озмоишгоҳ таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ, дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо насб карда шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммалу замонавии таълимию таҷрибавӣ ба шумор меравад. Таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеолексияҳо тақвият бахшида шуда, ин усули самарабахш дар раванди таълим васеъ ҷорӣ карда шавад. Дар баробари ин таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ барои донишҷӯён ва магистрантон ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои илмӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, самти таҳлилии озмоишгоҳи «Иқтисоди рақамӣ» ба лоиҳаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, иқтисод, таҷрибаи байналмилалӣ ва сиёсати танзимкунанда равона карда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ барномаҳои таҳлилӣ ва маводҳои таълимию амалӣ насб шудаанд, ки аз тарафи омӯзгорону таҳлилгарон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор гирифта шудаанд.


Фанҳои таълимӣ

Фанҳои таълимии кафедра

  1. Амалиёти байналмиллалии нақлиёт
  2. Асосҳои алгебраи компютерӣ
  3. Асосҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ
  4. Асосҳои омории таҳлили маълумот
  5. Барномасозии хаттӣ    
  6. Бизнес-моделҳои рақамӣ
  7. Блокчейн, менеҷменти инноватсионӣ ва технологияиҳои инқилобӣ
  8. Идораи захираҳо дар занҷири таҳвил               
  9. Идораи маълумоти бузург
  10. Идораи низоми нақлиёт
  11. Иқтисодиёти математикӣ 
  12. Иқтисодиёти рақамӣ  
  13. Логистикаи амборкунӣ
  14. Логистикаи истеҳсолот 
  15. Математикаи молиявӣ
  16. Математикаи ҳисоббарор
  17. Моделсозӣ ва дурнамои амалиётҳои молиявӣ
  18. Моделсозӣ ва коркарди компютерии маълумотҳои иқтисодӣ
  19. Моделсозии бизнес-ҷараёнҳо дар логистика
  20. Моделсозии макроиқтисодӣ 
  21. Моделсозии математикии микро ва макроиқтисодӣ
  22. Моделсозии оморӣ     
  23. Муқаддимаи ихтисос
  24. Нишондиҳандаҳои рақамӣ дар соҳибкорӣ ва иқтисодиёт
  25. Омори фундаменталӣ  
  26. Таффакури дизайнерӣ
  27. Таҳлили маълумот     
  28. Таҳлили маълумот дар маркетинг
  29. Таҳлили маълумот дар муҳити Python
  30. Таҳлили маълумоти бузург ва бизнес-таҳлил
  31. Таҳлили маълумоти калон дар молия         
  32. Усулҳои иқтисодӣ- математикӣ дар низоми молиявӣ       
  33. Усулҳои иқтисодӣ-математикӣ ва моделҳо дар логистика
  34. Усулҳои иқтисодӣ-математикӣ дар фаъолияти суғурта  
  35. Усулҳои компютерии таҳлили оморӣ ва дурнамо      
  36. Усулҳои риёзӣ ва тадқиқи амалҳо дар иқтисодиёт
  37. Усулҳои таҳлили ададӣ
  38. Фаъолияти логистика
  39. Эконометрика

Ихтисосҳо

Ихтисосҳои кафедра

Кафедраи кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика ҳамчун як воҳиди таълимӣ ва тадқиқотии факултет буда, мутахассисонро аз рӯйи самтҳои тахассусии зерин омода мекунад:

1-3103060104 - технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт;

1-31030407 - технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ;

1-31030602 – кибернетикаи иқтисодӣ;

1-26020323 – логистика;

1-25011026 – иқтисоди рақамӣ.

Ҳадафи асосии кафедра иборат аз тайёр намудани мутахассисони ҳирфавии замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои болозикр мебошад. Донишҷӯёни ихтисосҳои зикргардида пас аз хатми донишгоҳ касбҳои математик-иқтисодчӣ, математик-барномасоз, кибернетик-иқтисодчӣ, маркетолог-иқтисодчӣ ва иқтисодчӣ-информатикро соҳиб гашта, метавонанд дар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, андоз, гумрук, нақлиёт, суғурта ва ғайра кору фаъолият намоянд. Муҳтавои ихтисосҳои кафедра чунин мебошанд:

1-3103060104 - технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт яке аз ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрузаи асри иттилоотӣ ба шумор меравад. Донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси номбаршуда ба тахассуси дусоҳавии «Математик-иқтисодчӣ» соҳиб мегарданд. Инҳо мутахассисони таҳсилоти зинаи бакалвр - ҳаматарафа дониши фундаменталӣ дар соҳаи информатика, математика ва  дониши касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт дошта мебошанд.  Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд ба коркарди моделҳои математикӣ ва системаҳои иттилоотии иқтисодӣ роҳбарӣ кунанд, рафти иҷроиши тадбиқи онҳоро зери назорат гирифта дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият карда метавонанд.

1-31030407- яке аз ихтисосҳои ҳозиразамон ба шумор рафта, донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси номбаршуда ба тахассуси дусоҳавии «Математик-барномасоз» соҳиб гардида, ба таҳияи барномаҳои амалии компютерии самтҳои алоҳидаи молиявӣ (FinTech) машғул мегарданд.

Мутахасисони ин ихтисос мутахассисони таҳсилоти зинаи бакалвр буда, дониши фундаменталӣ дар соҳаи математика, технологияҳои иттилоотӣ ва  дониши касбӣ дар соҳаи молияву иқтисодиёт дошта мебошанд.  Бартарии ихтисоси мазкур аз дигар ихтисосҳои дар мактабҳои олии мухталифи ҷумҳурӣ амалкунанда дар он аст, ки он соҳаҳои математика, иқтисодиёти молиявӣ ва забонҳои барномасозиро байни ҳам мепайвандад. Хатмкунандагони ин ихтисос имконияти таҳияи моделҳои математикӣ-иқтисодӣ, таҳлили маълумот дар муҳити забонҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотии молиявиро соҳиб гардида, дар шуъбаҳои таҳлилию амалиётии вазорату идораҳо ва муассисаҳои тиҷоративӣ кору фаъолият карда метавонанд.

1-31030602 - кибернетикаи иқтисодӣ ихтисоси талаботи замони муосир буда барои омода кардани мутахассисони иқтисодчӣ-таҳлилгар пешбинӣ гардидааст. Баъд аз хатми донишгоҳ хатмкунанда метавонад дар фаъолияти касбии худ, бо истифода аз усулҳо ва моделҳои иқтисодию математикӣ ва воситаҳои зеҳнии сунъӣ, таҳлил ва коркарди маълумоти бузурги ададӣ ва матниро амалӣ намояд. Вобаста ба ин, донишҷӯён пас аз хатми  пурраи барномаи таҳсилотӣ тахассуси касбии кибернетик-иқтисодчиро соҳиб мегарданд.

1-26020323 - логистика  - мутахасисон аз руйи ихтисоси логистика оянда менеҷероне мебошад, ки ҷараёнҳои моддӣ, молиявӣ ва иттилоотро дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ва тиҷоратӣ идора мекунанд. Мутахассисони ин ихтисос  салоҳиятҳои касбиро дар асоси ҳалли масъалаҳои мухталифи иқтисодиву молиявиро дар шароити муосир бо истифода аз технологияҳои рақамии логистикӣ анҷом дода, дар оянда метавонанд дар соҳа ва бахшҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла нақлиёт, саноат, истеҳсолот, анбордорӣ, харид ва идоракунии занҷираи таъминот фаъолият намоянд. Бартарии ихтисоси мазкур аз дигар ихтисосҳои дар мактабҳои олии мухталифи ҷумҳурӣ амалкунанда дар он аст, ки он соҳаҳои иқтисодиёт, математика ва истифодаи касбии технологияи компютерӣ-коммуникатсиониро байни ҳам мепайвандад. Инчунин, мутахассисони ин самт дар заминаи донишҳои технологияи муосир, маҳорати оптимизатсияи захираҳо, ҷустуҷӯи манбаҳои ниҳоии ракобатпазирӣ, пешгирии зиддиятҳои байнифунксионалӣ ва дарёфти созишҳои иқтисодиро анҷом медиҳанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз он ҷумла марказҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳлилӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо ҷараёнҳои моддӣ, молиявӣ истеҳсолӣ ва иттилоотӣ сару кор доранд, фаъолият бурда метавонанд.

1-25011026 - иқтисодиёти рақамӣ яке аз ихтисосҳои муосир ба шумор рафта, фаъолияти иқтисодиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ тахассуси «Иқтисодчӣ-муҳандис-барномасоз»-ро соҳиб мегарданд. Мутахассисони ин ихтисос идоракунии иқтисодиётро тавассути технологияҳои рақамӣ, идоркунии маълумоти калон, таҳлили маълумот, зеҳни сунъӣ, бунёди инфрасохтори рақамӣ ва табдили тиҷорат бо истифода аз технологияҳои нав, таъмини назорат ва амнияти инфрасохтори рақамиро роҳандозӣ менамоянд. Дар баробари ин онҳо ҳамчун мутахассиси соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, ҳам дар тиҷорат ва ҳам дар сохторҳои давлатӣ, фаъолият карда метавонанд.


Image
Image

Эълонҳо

Э Ъ Л О Н

Ба диққати устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ расонида мешавад, ки кафедраи кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ санаи 13 - уми феврали соли 2026, соати 14:00 дар толори конфронсии бинои III -юми ДДМИТ, семинари илмӣ-назарявии донишгоҳӣ, дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ» баргузор менамояд.

Аз ҳаводорони илм хоҳиш карда мешавад, ки дар семинари мазкур фаъолона иштирок намоянд.


Ҳайати кормандони кафедра