Маълумотномаи кафедра

Холов Рустам Шермаҳмадович
Мудири кафедра Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 98 524 96 95 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи таҳлили иқтисодӣ (ҳозира кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27.08.2012с таҳти рақами №44-д/н «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо» дар заминаи кафедраҳои иқтисодиёти соҳибкорӣ (2006-2009), иқтисодиёти таҳлилӣ (2009-2010), бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ (2010-2012) дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шудааст. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.
Дар заминаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (1997), баҳисобгирии муҳосибӣ ва омор (2009), соли 2012 кафедраи омор (ҳоло кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор ташкил карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи мутаҳид намудани кафедраҳо аз 4.09.2023 № 196/Ш кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва кафедраи омор мутаҳид карда шуда, бо номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор фаъолият менамояд.
Аз давраи фаъолият кафедраро устодони зерин роҳбари намуданд:
Дар солҳои 2006 – 2009 номзади илмҳои физика, математика, дотсент М.К. Собиров, дар солҳои 2009 – 2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С.И. Исломов, дар солҳои 2010-2012 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Урунбоев, дар солҳои 2012-2015 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Р.Р. Қудратов, дар солҳои 2012-2015с номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Н.Н. Солиев, дар солҳои 2015-2018 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.С. Музаффаров, дар солҳои 2018-2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Фасеҳзода, дар соҳои 2016-2020 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М.Ч. Буриева дар солҳои 2021-2022 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент З.Х. Иматчоев ва аз соли 2022 то моҳи декабри соли 2025 н.и.и., дотсент К.Қ. Шодиев ва аз 18 декабри 2025 то инҷониб Холов Р. Ш.
Аз аввали таъсисиёбӣ, кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд.
Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:
• 1– 25010201– Иқтисодиёти таҳлилӣ бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: гуруҳбандӣ ва банизомдарории маълумот барои таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – ичтимоии субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, тартиб додани моделҳои назариявӣ ва иқтисодӣ, инчунин шарҳ додани натиҷаи онҳо, истифодабарии барномаҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, таҳлил ва шарҳ додани маълумотҳои молиявӣ, муҳосибӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, қабули қарори идоракунӣ дар асоси маълумотҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, гузаронидани таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва асоснок кардани натиҷаи онҳо, муайянсозӣ ва баҳодиҳии хавфҳои корхона, гузаронидани методикаи санҷишҳо ва таҳлили натиҷаи фаъолияти молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ.
• 1– 25010500 – Омор, бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: ҳалли масъалаҳои стандартии фаъолияти касбӣ дар асоси фарҳангӣ иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – комуникатсионӣ бо риояи талаботҳои бехатарӣ, истифодаи асосҳои мантиқӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, ҷамъовари намудани маълумотҳои оморӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ бо истифодаи методикаи стандартӣ, ташаккули интихобии воситаҳо, мустақилона гузаронидани масъалаҳои таҳлили оморӣ ва баҳодиҳии натиҷаҳо, таъмини махфӣ нигоҳдории маълумотҳои оморӣ, таҳияи ҷадвалҳои оморӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои коркарди маълумот.
Фанҳои таълимӣ
РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ
омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 47 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида
мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ
(силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.
1. Таҳлили иқтисодӣ;
2. Омор;
3. Идоракунии рушди иқтисоди сабз;
4. Асосҳои соҳибкорӣ ва банақшагирии бизнес;
5. Омори молия;
6. Омори сайёҳӣ;
7. Тавозуни пардохт ва системаи ҳисоби миллӣ;
8. Омори иқтисодӣ;
9. Усулҳои бисёрченакаи оморӣ;
10. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ;
11. Таҳлили молиявӣ;
12. Банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;
13. Иқтисодиёти амволи ғайримнқул;
14. Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
15. Омори бонкӣ;
16. Омори гумрукӣ;
17. Иқтисодиёти миллӣ;
18. Соҳибкории истеҳсолӣ;
19. Танзими давлатии иқтисодиёти КАС;
20. Таҳлили комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ;
21. Омори неруи миллӣ;
22. Барномаи муосири оморӣ;
23. Омори андоз;
24. Банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ;
25. Таҳлили инвеститсионӣ;
26. Сиёсати даромад ва музди меҳнат;
27. Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат;
28. Ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;
29. Таҳлили ҳисоботи молиявӣ;
30. Омори соҳибкорӣ.
31. Муқаддимаи ихтисос (1-25010500, 1-25010201, 1-25010301);
32. Назарияи таҳлили иқтисодӣ;
33. Назарияи умумии омор;
34. Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ;
35. Таҳлили бизнес-равандҳо;
36. Таҳлили бозори меҳнат;
37. Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа;
38. Омори иҷтимоӣ;
39. Омори саноат;
40. Омори кишоварзӣ;
41. Усулҳои гузаронидани таҳқиқоти оморӣ;
42. Таҳлили идорави дар соҳаҳо;
43. Таҳлили системавӣ;
44. Омори фаъолияти иқтисоди-хориҷӣ;
45. Омори байналмиллалӣ;
46. Рушди босуботи иқтисодӣ;
47. Омори ҳуқуқӣ.
Ихтисосҳо
Корҳои илми тадқиқоти
Семинарҳо
Маҳфили илмии донишҷӯён
Ҳайати кормандони кафедра

Қудратов Рустам Раҳматович
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
| +992 555022000 | |

Урунбоев Абдумухтор
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 918-21-76-44 | |

Шомадова Нилуфар Саидамировна
номзади илмҳои иқтисод, муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Ҳалимзода Музаффар Ҳалим
Доктори фалсафа (PhD)
| +992 919-10-70-78 | |

Ҳакимов Саъдулло Назриевич
Муаллими калони кафедра
| +992 919133171 | |
Эмомов Муҳамад Давлатович
Муаллими калони кафедра
| +992 918875710 | |

Давлатёрова Бибигул Ҷумъаевна
Ассистенти кафедра
| +992 040141414 | |

Абдуллоева Шаҳноза Файзилаҳматовна
Ассистенти афедра
| +992 915154048 | |

Давлатова Наргис Иззатовна
Ассистенти кафедра
| +992 903032701 | |

Абдуғанизода Азизулло Абдуғани
Ассистенти кафедра
| +992 988840424 | |

Солиев Бахтовар Сангинмуродоаич
Ассистенти кафедра
| +992 938500272 | |

Ҳамидова Ниссо Мирзоалиевна
Ассистент кафедра
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng