Маълумотномаи кафедра

Таърихи кафедра

Кафедраи «Бехатарии иқтисодӣ» дар асоси Фармоиши Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани кафедраҳо дар зерсохторҳои таркибии факултетҳо ва мансуб намудани равияю ихтисосҳо ба онҳо» аз 7 июли соли 2025 дар сохтори факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Дар асоси фармоиши мазкур ба кафедраи «Бехатарии иқтисодӣ» равия ва ихтисосҳои 1-96010103 – Бехатарии иқтисодӣ ва 1-25010409 – Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ вобаста карда шудаанд.

Шароити муосир тақозо менамояд, ки барои давлати соҳибистиқлол таъмини амнияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудааст. Мафҳуми «бехатарӣ (амният)» имрӯз маънои васеъ касб намуда, самтҳои гуногунҷабҳаро фаро мегирад ва яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар самти мазкур, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар иқтисодиёти кишвар бо истифода аз рушди устувор ва суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ сатҳи баланди зиндагии мардум таъмин карда шавад, фазои сармоягузории дохилию хориҷӣ фаъол гардида, бозори дохилӣ ва мавқеи истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамаҷониба ҳифз гарданд.

Тағйиротҳои иҷтимоӣ ва сиёсие, ки дар даҳсолаи охир дар минтақа ба амал омаданд, ташаккули консепсияи нави аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи бехатарии миллӣ-иқтисодиро талаб менамоянд. Ин консепсия бояд аз мавқеи рушди ҳамгироии минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ таҳия гардад. Аз ин рӯ, тайёр намудани мутахассисони варзида дар низоми бехатарии иқтисодӣ, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи бозори меҳнат бошанд, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби дигар, мақомоти гумруки кишвар дар доираи салоҳияти хеш ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, назорати андоз, асъор, содирот ва дигар намудҳои назоратро амалӣ месозанд. Онҳо дар таъмини бехатарии иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо саҳми арзанда доранд. Мақомоти гумрук дар ғанигардонии буҷети давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ, маблағгузории терроризм, терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо қочоқи молу маҳсулот саҳми муҳим мегузоранд. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани тартибу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук фаъолона иштирок мекунанд.

Дар кафедра устодони варзида ва собиқадорони мақомоти гумрук фаъолияти таълимӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла:
Насриддинов Ф.Б., полковники хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор
Абдуллоев М.М., полковники хадамоти гумрук, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Пираков Р.М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Курбонов А.В., ассистент
Маҳмадшарипова Г.М., ассистент

Фанҳои таълимӣ

Аз ин лиҳоз дар кафедраи бехатарии иқтисодӣ аз рӯи равияҳо ва ихтисосҳои  зерин машғулияҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад:

Муккадимаи ихтисос барои ихтисоси1 96010103 бехатарии иқтисодӣ;

Фаълияти гумрукӣ барои ихтисоси1 96010103 бехатарии иқтисодӣ;

Бехатарии иқтисодӣ барои ихтисосҳои 1 960101 хадамоти гумрук, 196010102А, 1 240103А, 125010407 ва1 25010305 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ);

Бехатарии сайёҳи барои ихтисоси 196010103

Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ барои ихтисоси1 25 010409 молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ;

Муқаддимаи ихтисос барои ихтисоси1 25 010409 молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ;

Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор барои ихтисосҳои 1 96 0101 хадамоти гумрук ва1 96010102 таъмини иҷтисодии фаъолияти гумрукӣ;

Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ барои ихтисосҳои 1 960101 хадамоти гумрук, 196010102А, 1 25010407, А ва 1 25010305;

Инфрасохтори гумрукӣ барои ихтисосҳои 1 960101,гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ);

Бехатарии озуқаворӣ барои ихтисоси 1 25 010201;

Иқтисоди фаъолияти гумрукӣ барои ихтисосҳои 125010409; 1960101гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ)

Фаъолияти иқтисоди гумрукӣ барои ихтисосҳои 1960101 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А

 Асосҳои  бехатарии иқтисодӣ барои ихтисосҳои  196010103 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ ва англисӣ);

Коргузорӣ дар мақомоти гумрук196010103 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ ва англисӣ);


Ихтисосҳо

Ихтисоси 1-96010103 – «Бехатарии иқтисодӣ». Донишҷуёни равияю ихтисосҳои 1 96010103 бехатарии иқтисодӣ дониш ва малакаҳои заруриро ҷиҳати соҳиб шудан ба донишҳо дар соҳаи назариявӣ ва амалияи бехатарии иқтисодӣ, бехатарии озуқаворӣ, бехатарии демографӣ, бехатарии энергетикӣ, бехатарии иттилоотӣ, бехатарии зеҳнӣ, бехатарии молиявӣ, бехатарии корхонаҳо ва шахс, мақомоти андоз, суғурта  ва ғайра касб менамоянд.

Хатмкунандагони ихтисоси «Бехатарии иқтисодӣ» метавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

  • Мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ
    (мақомоти гумрукӣ, андоз, зиддифасод, тафтишоти молиявӣ);
  • Мақомоти идоракунии давлатӣ
    (вазоратҳо, кумитаҳо, хадамоти иқтисодӣ);
  • Бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ
    (назорати молиявӣ, идоракунии хавфҳо);
  • Корхонаҳо ва ташкилотҳо
    (хадамоти амнияти иқтисодӣ, назорати дохилӣ);
  • Созмонҳои таҳлилӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ
    (таҳлили амнияти иқтисодӣ ва сиёсати иқтисодӣ).

Ихтисоси 1-96010103 – «Бехатарии иқтисодӣ» барои тайёр намудани мутахассисоне равона шудааст, ки қобилияти ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва субъектҳои хоҷагидориро дошта, дар таъмини суботи иқтисодӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши муҳим мебозанд.Начало формы

Ихтисоси 1-25010409 – «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ» Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия бо ихтисоси махсуси фаъолияти гумрукӣ равона шудааст. Соҳаи фаъолияти ихтисос масъалаҳои ташаккул, тақсимот ва назорати захираҳои молиявӣ дар соҳаи гумрук, инчунин таъмини қонуният ва самаранокии молиявии фаъолияти гумрукиро фарогир аст. Хатмкунандагон донишҳои амиқ оид ба молия, ҳисобдорӣ, аудити давлатӣ, қонунгузории гумрукӣ ва андозиро аз худ намуда, дар таъмини даромадҳои буҷети давлатӣ ва пешгирии қонуншиканиҳои молиявӣ саҳм мегузоранд.

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

·         Мақомоти гумрукӣ
(шӯъбаҳои молиявӣ, назоратӣ, аудит);

·         Мақомоти давлатии молиявӣ ва назоратӣ
(Вазорати молия, Палатаи ҳисоб, Кумитаи андоз);

·         Бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ
(назорати амалиёти молиявӣ, идоракунии хавфҳо);

·         Ширкатҳои хориҷии иқтисодӣ
(назорати молиявии воридоту содирот);

·         Ташкилотҳои аудиторӣ ва консалтингӣ
(аудит ва машварати молиявӣ дар соҳаи гумрук).

Ихтисоси «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ» мутахассисонеро омода менамояд, ки қобилияти идора ва назорати равандҳои молиявиро дошта, дар таъмини шаффофият, қонуният ва самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ нақши калидӣ мебозанд.

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

·         Мақомоти гумрукӣ
(шӯъбаҳои молиявӣ, назоратӣ, аудит);

·         Мақомоти давлатии молиявӣ ва назоратӣ
(вазоратҳои молия, Палатаи ҳисоб, Кумитаи андоз);

·         Бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ
(назорати амалиёти молиявӣ, идоракунии хавфҳо);

·         Ширкатҳои хориҷии иқтисодӣ
(назорати молиявии воридоту содирот);

·         Ташкилотҳои аудиторӣ ва консалтингӣ
(аудит ва машварати молиявӣ дар соҳаи гумрук).

Ихтисоси «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ» мутахассисонеро омода менамояд, ки қобилияти идора ва назорати равандҳои молиявиро дошта, дар таъмини шаффофият, қонуният ва самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ нақши калидӣ мебозанд.

 

Ихтисоси 1-250109 – «Молшиносӣ ва муоинаи мол» ба тайёр намудани мутахассисоне равона шудааст, ки бо омӯзиш, арзёбӣ ва назорати сифат, бехатарӣ, таркиб ва арзиши молҳо машғул мешаванд. Дар доираи ин ихтисос донишҳои молшиносӣ, стандарткунонӣ, сертификатсия, химия, технология азхуд карда мешаванд. Мутахассисон метавонанд мутобиқати молҳоро ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ муайян намуда, сифати онҳоро дар марҳилаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, воридот ва содирот таъмин намоянд.

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

·         Мақомоти гумрукӣ
(муоина ва экспертизаи мол ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ);

·         Марказҳои стандарткунонӣ ва сертификатсия
(назорати мутобиқати мол ба талабот);

·         Лабораторияҳои экспертизавӣ ва санҷишӣ
(таҳлили физикӣ, химиявӣ ва техникӣ);

·         Корхонаҳои истеҳсолӣ, савдо ва анборҳо
(назорати сифати мол);

·         Ширкатҳои логистикӣ
(назорати шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақл);

·         Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

Ихтисоси 1-250109 – «Молшиносӣ ва муоинаи мол» мутахассисонеро омода мекунад, ки дар таъмини сифати мол, бехатарии истеъмолкунандагон ва рушди савдои дохилӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозанд.

 


Корҳои илми тадқиқоти

Ҳайати кормандони кафедра