Маълумотномаи кафедра

Убайдуллозода Файзулло Убайдулло
Мудири кафедра Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ«МОЛИЯ»
Кафедраи «Молия ва қарз» дар асоси фармони ректори собиқ
Донишкадаи молияи Тоҷикистон таҳти рақами № 3/4 аз 9-уми июни соли 2010-ум
ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфтааст. Аз 1-уми сентябри соли 2010
фаъолияташро оғоз кардааст. Баъди муттаҳидшавии донишкадаи иқтисодӣ ва молияи
Тоҷикистон дар асоси фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз
31.08.2012. кафедраи «Молия ва муомилоти пул» таъсис дода шуда, ба фаъолият
оғоз кард. Мақсади таъсиси кафедра тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия
мебошад. Имрӯз дар кафедраи номбурда 14-нафар устодони доимӣ фаъолият мекунанд.
Кафедра ба ҳайати 20-нафараи худ, ки аз профессорон, дотсентон, устодон ва мутахассисони
пешбари соҳаҳои молия ҷамъ омадаанд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Устодони
кафедра таълиму тарбияро ба ӯҳда доранд, ки дар ин самт фаъолиятро бомувафақият
ба роҳ монда истодаанд. Имрӯз дар кафедраи «Молия»: 2 – доктори илм, 4-нафар
номзадҳои илмҳои иқтисодӣ; 4-нафар устодони калон; 4-нафар ассистент ба
донишҷӯён дарс медиҳанд. Кафедра таълиму тарбияи насли наврасро дар асоси
низоми кредитӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй аст ба роҳ мондааст. Дар
назди кафедраи «Молия ва муомилоти пул» доир ба ҳар як фанни таълимӣ синфхонаи
таълимии бо маводҳои методӣ ва таълимӣ ҷиҳозонидашуда мавҷуд аст. Қабули корҳои
мустақилонаи донишҷӯён хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар назди кафедра маҳфили
илмии «Молиячиёни ҷавон» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён
ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур
донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои
илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишкадавию
олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра
конфронс ва мизҳои мудавари илмӣ-методиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ,
бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ
доир намуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Кафедраи «Молия»-и факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди
Тоҷикистон кафедраи тахассусӣ буда, таълими чунин фанҳои зеринро бо забонҳои тоҷикӣ,
русӣ ва англисӣ тибқи барномаҳои таълимии
низоми кредитии таҳсилот ба роҳ мондааст:

Фанҳои таълимӣ
1. Муқаддимаи ихтисос (молия);
2. Молия
3. Буҷети давлатӣ ва сохтори он;
4. Молияи корхона;
5. Молияи ташкилотҳои буҷетӣ;
6. Хазинадорӣ;
7. Буҷети давлатӣ;
8. Муаммоҳои муосири молиявӣ;
9. Иқтисоди молиявӣ;
10. Молияи минтақаҳо;
11. Буҷети давлатӣ ва сохтори он;
12. Молияи маҳаллӣ ва муносибатҳои байнибуҷетӣ;
13. Банақшагирӣ ва ояндабинии молиявӣ;
14. Фондҳои мақсадноки буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;
15. Молияи рақамӣ;
16. Бехатарии молиявӣ;
17. Самаранокии молиявии танзими иқтисодӣ;
18. Моделҳои идоракунӣ дар низомҳои молиявӣ;
19. Низомҳои электронии амалётҳои молиявӣ;
20. Молияи хоҷагии манзилию комуналӣ;
21. Молия, муомилоти пул ва қарз;
22. Молияи давлатӣ;
23. Назорати давлатии молиявӣ;
24. Маърифати молиявӣ;
25. Молия ва назорат дар соҳаи гумрук.
26. Стртаегияи идоракунии молияи давлатӣ
Ихтисосҳо

Корҳои илми тадқиқоти
Семенарҳо
Маҳфили илмии донишҷӯён
Ҳайати кормандони кафедра

Кошонова Манзура Раҳматҷоновна
доктори илми иқтисод, профессор
| +992 99 999 9999 | |

Нурализода Эмомалӣ Нуралӣ
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
| +992 93 519 81 11 | |
| Emomali68@mail.ru. |

Қудратова Фарзона Рустамовна
Номзади илмҳои иқтисодӣ, Муаллими калони кафедра
| +992 907022000 | |

Зубайдов Ҷонибек Иброҳимович
Муаллими калони кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Ахмедов Хушбахт Анварбегович
Муаллими калони кафедра
| +992 907900050 | |

Пирова Меҳрангез Азизовна
Муаллимаи калони кафедра
| +992 919022918 | |

Қудратова Аниса Рустамовна
Ассистенти кафедра
| +992 009222314 | |

Маҳмадов Эҳсонҷон Алиевич
Ассистенти кафедра
| +992 93 130 29 16 | |
| mahmadov |

Хуҷаев Маҳмадшоҳ Маҳмадрафиқович
Ассистенти кафедра
| +992 988-88-99-38 | |

Қурбонализода Давлаталӣ
Ассистенти кафедра
| +992 2007330490 | |
Тоҷ
Рус
Eng 