Маълумотнома

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ШУЪБА

Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредити таҳсилот» ва Оинномаи ДДМИТ ба роҳ мемонад.  

Шуъба ҳамчун ҷузъи таркибии раёсати таълим бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои умумидонишгоҳӣ оид ба такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим ва самаранокии раванди таълим бо фармоиши ректор дар асоси қарори Шурои олимони донишгоҳ таъсис дода шудааст.  

Шуъба ҳангоми иҷрои вазифа ва уҳдадориҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Оинномаи Донишгоҳ», қарорҳои Шурои олимон, Шурои илмӣ-методӣ, фармоишҳои ректор, дастуру супоришҳои муовини ректор оид ба таълим ва Низомномаи шуъба такя мекунад.

Шуъба фаъолияти худро бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои барномаҳои таҳсилот аз рӯйи самт, фароҳам овардани шароити мусоид барои омодасозии мутахассисон, ворид намудани усулҳои муосири таълим, роҳҳои нави таҳлили сифати раванди таълим ва тағйироти сифатию миқдорӣ дар донишгоҳ ба роҳ мемонад.  

Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шуъба

Фаъолияти шуъба барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:  

коркарди лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи барномаи таҳсилот, низомномаҳо, таъинот, ки назорати сифати таълимро ба танзим медароранд;

коркарди нишондиҳандаҳои сифати таълим ва дар асоси он ба роҳ мондани мониторинги сифати таълим;  

таъмини илмӣ-методии мониторинги сифати таълим дар донишгоҳ;  

ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба вазъи раванди таълим дар донишгоҳ, натиҷагирии низоми назорати сифати таълим ва сифати омода намудани мутахассисон;  

таҳлили таъминоти кадрии раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-методии ҳайати омӯзгорон;  

омӯзиши шакл, усулҳо ва меъёри баҳогузории сифати таълим;  

коркарди нақша-чорабиниҳо оид ба баҳогузории сифати омодасозии мутахассисон;  

гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои даврӣ ва ҷамъбастии донишҷӯён;  

муайянсозии самаранокии татбиқи технологияҳои нави таълим;  

гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон;  

омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои шурои олимон, шурои илмӣ-методӣ ва раёсати донишгоҳ;  

таъмини омодасозии гурӯҳи таҳлилгарон ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми сифат;  

омодасозии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паҳн намудани онҳо;  

мураттабсозии лоиҳаи ҳисоботи ҳарсола «Оид ба сифати таълим ва низоми таъмини он дар донишгоҳ».

Коркард ва татбиқи тартиби (механизми) мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад:  

раванди таълим, тарбия ва инкишофи донишҷӯён;  

раванди таълим ва таъмини илмӣ-методии он;  

раванди идоракунии донишгоҳ, факултет, кафедра ва марказҳо;  

шароити ташкили раванди таълим ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён.

Коркард ва таҳлили натиҷаҳои мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад:  

баҳогузории вазъи раванди таълим ва тағйироти дар он баамалоянда, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён;

таҳия ва пешниҳоди маълумоти мунтазам ба раёсат, садоратҳо ва мудирони кафедраҳо оид ба вазъ ва ҷараёни инкишофи комёбиҳои донишҷӯён ва таъмини воқеияти маълумоти мазкур;  

машварат бо ҳайати омӯзгорон оид ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ; 

омӯзиш ва таъмини эҳтиёҷоти таълимии омӯзгорони донишгоҳ вобаста ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ;  

баҳогузории самараи натиҷабахшии низоми таълим ва тағйироти дар он ба вуқӯъомада, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён;  

таъмини иттилоот оид ба вазъият ва динамикаи комёбиҳои донишҷӯён, таъмини воқеияти баҳогузорӣ ба комёбиҳои таълим; 

омодасозии пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои раванди таълим;  

омодасозии пешниҳодҳо ҷиҳати аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба танзими фаъолияти таълимӣ.

Шуъба дар самтҳои зерин фаъолияти санҷишӣ-таҷрибавӣ мегузаронад:

ташхиси самаранокии таълим дар донишгоҳ;  

ҷустуҷӯ ва коркарди маводи ташхисӣ, санҷиш ва тасдиқи мукаммалӣ, технологӣ ва эътимоднокии онҳо;  

омӯзиши омилҳое, ки ба сифати таълим таъсир мерасонанд;  

дигар самтҳои фаъолият, ки аз мониторинг бармеояд.  

Таъсиси базаи маълумот барои таъмини мониторинги сифати таълим ва идоракунии сохторҳои донишгоҳ.  

Таҳсил ва коромӯзии омӯзгорони донишгоҳ дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки оид ба низоми назорати сифати таълим дорои сертификат мебошанд. Таълим додани омӯзгорон вобаста ба усулҳои баҳогузории воқеии сатҳи азхудкунии маводи таълим.  

Таъсиси низоми автоматии назорати сифати таълим дар донишгоҳ. Пешниҳоди маълумот ба шахсони масъул оид ба сифати таълим, аз ҷумла, дар сомонаи иттилоотии донишгоҳ.  

Иштирок дар аттестатсияи касбии мутахассисони донишгоҳ. Гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми таълим.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хадамот оид ба назорат ва таъмини сифати таълим дар донишгоҳ.  

Амалӣ сохтани таҳқиқоти илмӣ-методӣ ва хизматгузориҳои машваратӣ-иттилоотӣ.  

Коркард ва татбиқи меъёрҳои нишондиҳандаи ба танзимдарории сифати таълим, усулҳои нисбатан самарабахши назорат.

 Ташкил ва коркарди воситаҳои баҳогузорӣ, шаффофият, технологияи назорат ва баҳогузории сифати таълим дар донишгоҳ.

Ҳангоми зарурат шуъба супоришҳои дигари раёсати донишгоҳро вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд.

 

 


Ҳайати кормандон