Нуралиев Умедҷон Маҳмадалиевич
Муовини сардори раёсати молия
| +992 889 99 99 32 | |
| @mail.ru |
аз моҳи июни соли 2023 дар вазифаи муовини сардори раёсати молия ва муҳосиботи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекунад.
Таҳсилот: олӣ; Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мавзуи рисолаи номзадӣ : Консепсияи ташаккул ва рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисодӣ рақамӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Нашрияҳои илмии тақризшаванда:
Заминаҳои консептуалии ташаккул ва рушди баҳисобгирии муҳосибӣ // Паёми молия ва иқтисод. – 2025. – №. 4 – С. 223-229.
Хусусиятҳои методикаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ // Маҷаллаи илмӣ-назариявии Кишоварз. – 2025.- №4 – С.346-348.
Таҷрибаи хориҷии рушди баҳисобгирии муҳосибии рақамӣ // Паёми молия ва иқтисод. – 2026. – №. 2.
Таҳсилоти иловагӣ :
ИҶБАК ҶТ (PIPAART)- курси 1С Бугалтерия 8.3.
ИҶБАК ҶТ (PIPAART)- курси “омоданамоии муҳосибони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дорои сертификати “Муҳосиби касбӣ” ВМ № 0000154
Маркази тахмили ихтиссоси ВМ ҶТ- низоми иттилоотии 3 модули иловагӣ: идоракунии воситаҳои пулӣ, идоракунии уҳдадориҳо ва идоракунии дороиҳо;
Донишкадаи такмили ихтисоси омузгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ- курси такмили ихтисоси тахассусии “Иқтисодиёт”
Тарҷумаи ҳол: Санаи 04 июни соли 1996 дар шаҳри Душанбе тавалуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз руи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва аудит мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2017 дар вазифаи муҳосиби молу маводи ҶСК «Тоҷикнақбсоз», шаҳри Роғун оғоз намуда то соли 2019 фаъолият кардааст. Дар МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст” ба ҳайси муҳосиби молу амвол то соли 2020 фаъолият кардааст.
Аз соли 2020 то соли 2023 дар вазифаҳои сармутахассиси бахши музди мехнат, муҳосиби калони бахши молу амволи раёсати молия ва муҳосиботи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2023 ба вазифаи муовини сардори раёсати молия ва муҳосиботи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.
Тоҷ
Рус
Eng