Зуҳуров Искандар Шамсудинович
Муҳосиби пешбари бахши музди меҳнати раёсати молия ва муҳосибот
| +992 96 588 33 22 | |
| @mail.ru |
Аз соли 2019 дар вазифаи Муҳосиби пешбари бахши музди меҳнати раёсати молия ва муҳосиботи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, кор мекунад.
Таҳсилот: олӣ; Донишгоҳи аграрии Тоҷикисонро хатм кардааст.
Тарҷумаи ҳол: Санаи 1 марти соли 1956 дар ноҳияи Восеъ тавалуд шудааст. Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикисонро, бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ дар хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ дар соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар хоҷагии қишлоқ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1975 то соли 2006 дар вазифаҳои муҳосиб, сармуҳосиб ва ревизор дар корхонаҳои гуногун кору фаъолият кардааст.
Аз соли 2006 то соли 2019 дар вазифаҳои мутахассис ва сармутахассиси бахши такмили сохтор ва назорат аз рўи хараҷотҳои мақомоти идораи давлатии раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи ҶТ кор кардааст.
Аз соли 2019 то ҳоло муҳосиби пешбари бахши музди меҳнати раёсати молия ва муҳосиботи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома дода истодааст.
Тоҷ
Рус
Eng