Маълумоти умумӣ

Муқимов Қудбуддин Мирзоҷонович аз моҳи октябри соли 2025 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дараҷа ва унвони илмӣ

Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент (2019)

Таҳсилот

Олии касбӣ — соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ ва ваколатҳо

Масъулияти ташкили самтҳои илмӣ ва инноватсионӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ, назорати фаъолияти раёсати илм ва инноватсия, парки технологӣ, шуъбаҳои илмӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ ва фаъолияти илмии донишҷӯёнро ба роҳ мемонад. Ҳамчунин барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ, рушди китобхонаи илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ тадбирҳо меандешад.

Мукофотҳо ва ифтихорномаҳо

  • Ифтихорномаи ректор, 2015
  • Ифтихорномаи ҲХДТ ноҳияи Сино, 2016
  • Ифтихорномаи ректор, 2018
  • Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 2022
  • Ифтихорномаи факултет, 2024
  • Сипосномаҳои байналмилалӣ (Тошканд), 2024–2025

Самти илмӣ

Ҳимояи рисолаи номзадӣ соли 2011 дар мавзӯи «Табиат ва омилҳои равандҳои таваррумӣ дар шароити иқтисоди гузариш».

Рисолаи докторӣ: «Ҷанбаҳои назариявӣ-методологии танзими равандҳои таваррумӣ дар иқтисоди хурди кушода: назария, амалия ва методология».

Тарҷумаи ҳол

Соли 1979 дар ноҳияи Рашт таваллуд ёфта, соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва идорӣ фаъолият кардааст. Аз 01 октябри соли 2025 муовини ректор оид ба илм ва инноватсия мебошад.

Нашрияҳои асосӣ

  1. Монография: «Инфляционные процессы в Республике Таджикистан», Душанбе, 2013.
  2. Васоити таълимӣ: «Андоз ва андозбандӣ», 2014.
  3. Дастури таълимӣ: «Ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ», 2018.
  4. Дастури тестӣ: «Математика дар иқтисодиёт», 2018.
  5. Мақолаҳо оид ба сиёсати бонкӣ ва иқтисодӣ (2011–2018).
  6. Мақолаҳои байналмилалӣ оид ба инфлятсия, андоз ва сармоягузорӣ.
  7. Монографияҳо ва дастурҳои таълимӣ (2017–2022).