Муродзода Диловаршо Абдулхайр
Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ
| info@ddmit.tj |
Фаъолияти меҳнатӣ
1995 – 1999
Соли 1995 ба шуъбаи таҳсилоти рӯзонаи факултети тиҷорат ва гумруки Донишкадаи давлатии кооперативии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯроки омма (муҳандис-технолог) хатм намудааст.
2000 – 2001
Муҳосиби ҳисоббаробарии корхонаи воҳиди давлатии коммуналии иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷи тоҷик».
2001 – 2002
Мудири устохонаи таъмири техникӣ дар Парки трактории хоҷагии коллективии ба номи Алим Шарипови деҳаи Пушинг.
2005 – 2007
Назоратчии шуъбаи ҳифз ва низоми муассисаи тафтишотии сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2008 – 2009
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.
2009 – 2013
Корманди сехи таъминоти хӯроки дохилии ҳавопаймоҳои КВДҲ «Тоҷик Эйр», мудири истеҳсолот ва баъдан амборчии ҶСК «Ширкати таъминоти хӯроки дохили ҳавопаймоҳо».
2013 – 2014
Эдвайзери факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
2014 – 2018
Мутахассиси шуъбаи тиҷорати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо.
2018 – ҳозир
Аз 7-уми августи соли 2018 дар вазифаи муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дорад.
Тоҷ
Рус
Eng