📢 ЭЪЛОН!!!
Ба диққати донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ расонида мешавад, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи амалисозии бандҳои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ санаи 13 майи соли 2026, соати 10:00, бозӣ-викторинаи интеллектуалии таҳти унвони «Лучший знаток русского языка» баргузор мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи садоратҳои факултетҳо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки иштироки фаъоли дастаҳои худро дар ин чорабинии илмӣ-маърифатӣ таъмин намоянд.
Тоҷ
Рус
Eng