ЭЪЛОН!!! ОИД БА БАРГУЗОРИИ МУҲОКИМАИ КАФЕДРАВИИ ДИССЕРТАТСИЯ
Ба диққати устодон, муҳаққиқон ва кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон расонида мешавад, ки 28 ноябри соли 2026, соати 10:00, муҳокимаи кафедравии диссертатсияи унвонҷӯ Камолзода Абдулло Маҳмадмурод дар мавзуи:
«РУШДИ БОЗОРИ НАҚЛИЁТ ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОРГОНӢ»
баргузор мегардад.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2. – Иқтисодиёт (5.2.8. – Иқтисодиёти нақлиёт ва логистика) пешниҳод гардидааст.
Муҳокима дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои иқтисоди рақамӣ ва логистика ва иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ доир мешавад.
Роҳбари илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон.
Сана ва вақт: 28 ноябри соли 2026, соати 10:00.
Маҳалли баргузорӣ: шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бинои таълимии № 2, ошёнаи 3-юм, синфхонаи № 308.
Телефон барои маълумот: +992 98 533-52-59.
Аз устодон, муҳаққиқон ва кормандони донишгоҳ эҳтиромона даъват карда мешавад, ки дар муҳокимаи илмӣ иштирок намуда, бо пешниҳоди андешаҳо ва тавсияҳои худ дар такмили кори диссертатсионӣ саҳм гузоранд.
Тоҷ
Рус
Eng