лоиҳаи «Тавонмандсозии занон дар соҳаи STEM тавассути малакаҳои соҳибкорӣ барои навоварӣ ва рушди тиҷорат» (STEM-HER), ҷиҳати иштирок дар барномаи таълимии байналмилалии «Занон дар STEM: Чӣ гуна ба бозор омода шудан мумкин аст» даъват менамояд.

🌍 Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва) ҳамоҳанг карда шуда, дар доираи Ташаббуси таҳсилоти олии Институти аврупоии навоварӣ ва технологияҳо (EIT) амалӣ мегардад.

🎯 Ин барномаи таълимии интенсивӣ (30 соати таълимӣ / 1 ECTS) барои рушди саводнокии рақамӣ ва малакаи истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ (AI), инчунин қобилияти гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷониба, муайян кардани холигоҳҳои бозор ва тасдиқи гипотезаҳои тиҷоратӣ барои ғояҳои ба дониш асосёфта тарҳрезӣ шудааст. Он коршиносон ва иштирокчиёни байналмилалиро гирди ҳам меорад, то ба навоварӣ, табдили рақамӣ ва рушди устувор дар соҳаи STEM мусоидат намояд.

📌 Маълумоти асосӣ дар бораи барнома:

📚 Номгӯй: «Занон дар STEM: Чӣ гуна ба бозор омода шудан мумкин аст»

🗣️ Забон: Англисӣ

💻 Формат: Омӯзиши онлайнии байналмилалӣ

⏱️ Муҳлат: 30 соат (1 ECTS)

🗓️ Санаҳо: 11 ноябри соли 2026 – 09 декабри соли 2026

🆓 Пардохти иштирок: Ройгон (пурра аз ҷониби EIT маблағгузорӣ мешавад)

🚀 Барнома курсҳои рушди касбиро бо роҳбарии коршиносон, дастурҳои амалӣ ва имкониятҳо барои барқарор кардани робитаҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Иштирокчиён малакаҳои амалиро дар самтҳои зерин аз худ мекунанд: муайян ва асоснок кардани сегменти муштариёни мақсаднок, таҳияи пешниҳоди арзишманд (value proposition) ва омода кардани муаррифии тиҷоратӣ (pitch), инчунин таҳияи раванди кории сохторӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ё навоварона дар соҳаи STEM.

📜 Пас аз хатми бомуваффақияти барномаи таълимӣ, ба ҳар як иштирокчӣ сертификат дода мешавад.

🔗 https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSdrjbo01IzoWyqmAG41Y-fYmol9WpyYdQBu8BTj7Igp4F1L_w/viewform?usp=publish-editor