ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Бо мақсади дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, рушди малакаҳои касбӣ, тақвияти тафаккури эҷодӣ ва баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба технологияҳои муосир, 23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» баргузор мегардад.
Озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи ташаббуси «Солҳои 2025–2030 — солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ, рушди малакаҳои барномасозӣ, ташаккули тафаккури инноватсионӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои муосир равона шудааст.
Номинатсияҳои озмун
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» аз рӯйи се номинатсия баргузор мегардад:
- 💻 Барномасозӣ
- 🚀 Лоиҳаи инноватсионӣ
- 🤖 Зеҳни сунъӣ
Донишҷӯёни соҳибистеъдод, эҷодкор ва навовар, ки ба технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ доранд, барои иштирок дар озмун даъват карда мешаванд.
Ин имкониятест барои муаррифии дониш, малака, идеяҳои навоварона ва нишон додани маҳорати касбии худ!
📅 Санаи баргузорӣ
23 октябри соли 2026
📍 Макони баргузорӣ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ)
ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов, 64/14
Иштирок намоед, маҳорати худро нишон диҳед ва беҳтарин бошед!
Тоҷ
Рус
Eng