ТАТБИҚИ БАРНОМАИ МУБОДИЛАИ ДОНИШҶӮЁН
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён донишгоҳ тасмим гирифтааст донишҷӯёни зинаи бакалаврро барои идомаи таҳсил дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2026–2027 ба донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия, аз ҷумла:
— Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал,
— Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (РУДН),
— Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург,
ирсол намояд.
Мӯҳлати ниҳоии бақайдгирӣ: то 11 майи соли 2026.
Талабот: донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Барои номнависӣ ва дарёфти маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.
📍 Суроға: бинои 1-уми донишгоҳ, ошёнаи 2-юм.
Тоҷ
Рус
Eng