Ҷумаева Фарзона Шарифбековна
Мутахасисси раёсати илм
| +992 5550 50 145 | |
| chumaeva.farzona@mail.ru |
Ҷумаева Фарзона Шарифбековна 21 июли соли 1992 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода)-ро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ хатм намудааст. Инчунин, соли 2022 донишкадаи мазкурро бо ихтисоси мураббия-омӯзгор ба итмом расонидааст.
Фарзона Ҷумаева солҳои 2013-2014 ба ҳайси коргузори раёсати ташкили андозбандӣ ва коргузор дар раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Сипас, дар сохторҳои гуногуни соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ҷумаева Фарзона Шарифбековна аз 11-уми марти соли 2026 дар вазифаи мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекунад.
Донандаи забонҳои русӣ ва олмонӣ мебошад.
Тоҷ
Рус
Eng