35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НАҚШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШТИ УСТУВОР
Соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин санаи таърихӣ рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти устувори кишвар мебошад. Ба истиқболи ин ҷашни бузург дар саросари ҷумҳурӣ тадбирҳои гуногуни созандагӣ ва ободонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар тӯли 35 соли истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрии самтҳо, аз ҷумла: варзиш, фарҳанг, иқтисод, маориф, илм, технология, энергетика ва инфрасохтор ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ҳамаи ин пешрафтиҳо нақши илмҳои дақиқ, махсусан математика, физика, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ хеле бузург мебошанд.
Истиқлолият барои рушди илму маориф имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ рушд намуда, заминаи моддиву техникии онҳо беҳтар гардид. Ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, барномаҳои давлатӣ барои рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ қабул гардиданд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик имконият доранд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил кунанд ва дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Бо мақсади дастгирии рушди илмҳои дақиқ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, рушди тафаккури техникӣ ва ҷалби бештари ҷомеа ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, яке аз ҳадафҳои асосии он амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.
Номинатсияи математика дар сохтори ин озмун ҷойгоҳи муҳим дошта, барои муайян ва дастгирӣ намудани хонандагону донишҷӯён ва дигар шахсони дорои қобилияти баланди риёзӣ замина фароҳам меорад. Математика дар байни илмҳои дақиқ мавқеи махсус дорад. Он на танҳо фанни таълимӣ, балки асоси бисёр соҳаҳои илм ва техника мебошад. Дар номинатсияи математика чунин бахшҳои асосӣ, аз ҷумла, арифметика, алгебра ва геометрия дар бар гирифта мешаванд. Ин сохтор дар маълумоти расмии баргузории даврҳои озмун низ нишон дода шудааст. Омӯзиши амиқи ин бахшҳо ба хонанда имкон медиҳад, ки қобилияти ҳисобкунӣ, мантиқӣ, таҳлилӣ ва эҷодии худро инкишоф диҳад. Масалан, ҳалли масъалаи мураккаби алгебравӣ аз иштирокчӣ танҳо донистани формулаҳоро талаб намекунад. Ӯ бояд роҳи ҳалли масъала, робитаи байни маълумоти додашуда ва натиҷаи заруриро мустақилона муайян карда тавонад. Дар геометрия бошад, қобилияти тасаввуроти фазоӣ, исбот ва истифодаи усулҳои гуногуни математикӣ аҳаммияти калон дорад.
Математика яке аз асосҳои муҳимтарини пешрафти илм ва техника мебошад. Бе донишҳои риёзӣ рушди соҳаҳои зерин ғайриимкон аст:
технологияҳои рақамӣ;
барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ;
иқтисодиёт ва молия;
сохтмон ва муҳандисӣ;
энергетика;
алоқа ва телекоммуникатсия.
Ҳар як алгоритми компютерӣ, низоми бонкӣ, барномаи мобилӣ ва таҷҳизоти муосир бар асоси қонунҳои математикӣ амал мекунад. Аз ин рӯ, рушди илмҳои риёзӣ яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ бе мутахассисони соҳаи математика ва технологияҳои иттилоотӣ рушд карда наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан ба самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ, савдои электронӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ҳаракат карда истодааст.
Барои татбиқи чунин барномаҳо донишҳои амиқи риёзӣ ва барномасозӣ заруранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои дақиқ яке аз вазифаҳои муҳими низоми маорифи кишвар мебошад.
Ояндаи ҳар як давлат ба сатҳи дониш ва маҳорати ҷавонон вобаста аст. Омӯзиши амиқи математика, физика, информатика ва дигар илмҳои дақиқ дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб нақши калидӣ доранд. Имрӯз олимони ҷавони тоҷик дар самтҳои назарияи ададҳо, математикаи амалӣ, физика, технологияҳои иттилоотӣ, моделсозии математикӣ ва дигар бахшҳои илмӣ тадқиқот мебаранд. Ин тадқиқотҳо метавонанд барои рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ ва иқтисодиёти миллӣ хизмат намоянд.
Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият танҳо озодии сиёсӣ нест, балки имкониятҳои рушди илму дониш, малака, татқиқот ва натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ дар соҳаи маорифи миллӣ мебошад. Давлате, ки ба илм сармоягузорӣ мекунад, метавонад иқтисодиёти рақобатпазир, амнияти технологӣ ва рушди устуворро таъмин намояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз илмҳои дақиқ асоси пешрафти технологияҳои нав, истеҳсолоти рақамӣ, энергетикаи муосир ва рушди саноати миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як дастоварди олимон ва омӯзгорони соҳаи илмҳои риёзӣ саҳми арзанда дар таҳкими маорифи миллӣ дар ҳошияи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Асри сеяки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккул ва пешрафти давлатдории навини тоҷикон буда, дар соҳаи маориф низ дар ин муддат дастовардҳои назаррас ба даст овардааст. Дар ин росто дар баробари рушди иқтисод ва иҷтимоиёт, соҳаи илму маориф низ қадамҳои устувор гузошт.
Рушди илмҳои дақиқ, махсусан математика, барои татбиқи технологияҳои муосир, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳаммияти бузург дорад. Аз ин рӯ ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки дар ҷустучуӣ соҳаи худ бо фаъолияти илмӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки барои рушди илм, тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар талош намоем. Танҳо бо дониш, илм ва навоварӣ метавонем Тоҷикистонро ба кишвари боз ҳам пешрафта, рақобатпазир ва шукуфон табдил диҳем.
Пирназарзода К.Б омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng