6 НОЯБР - ТАҶАССУМИ ЭҲТИРОМ БА ҚОНУН ВА АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ
Конститутсия - бахтнома ва пояи устувори давлатдории миллӣ
6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт гардидааст. Дар ин рӯзи таърихӣ мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуданд. Ин санади тақдирсоз на танҳо заминаҳои ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллиро муайян кард, балки роҳи рушди минбаъдаи ҷомеаро бар пояи демократия, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини сулҳу субот мушаххас сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ қабул гардид. Кишвар дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дошт ва зарурати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини суботи ҷомеа ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи давлат беш аз пеш эҳсос мешуд. Дар чунин вазъият қабули Конститутсия ифодаи иродаи халқ ба бунёди давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, муайян намудани муносибатҳои байни давлату ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муассир гузошт.
Конститутсия - таҷассумгари ормонҳои давлатдории миллӣ
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бояд дар асоси он қабул гардида, ба меъёрҳои он мутобиқат намоянд.
Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҳар яке аз ин мафҳумҳо мазмуни амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ дошта, хусусиятҳои асосии давлатдории миллиро инъикос менамояд.
Соҳибихтиёрӣ мустақилияти давлатро дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ ва муайян намудани роҳи рушди худ ифода мекунад. Демократӣ будани давлат аз иштироки халқ дар идоракунии он ва эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медиҳад. Ҳуқуқбунёдӣ бошад, волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди он ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеаро тақозо менамояд.
Дунявӣ будани давлат ба озодии эътиқод ва ҷудо будани мақомоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ асос ёфта, ягонагии давлат тамомияти арзӣ ва мавҷудияти низоми ягонаи ҳокимияти давлатиро ифода мекунад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Конститутсия дар он аст, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст. Ин меъёр муносибати давлатро ба инсон ҳамчун шахсияти дорои ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ муайян карда, тамоми фаъолияти мақомоти давлатиро ба ҳифзи манфиатҳо ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона месозад.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон - меҳвари арзишҳои конститутсионӣ
Яке аз бахшҳои муҳимтарини Конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар он ҳуқуқҳои бунёдии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахс, баробарӣ дар назди қонун, озодии сухан, виҷдон ва эътиқод, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, моликият ва ҳифзи иҷтимоӣ муқаррар гардидаанд.
Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ маънои онро дорад, ки давлат ва мақомоти он вазифадоранд ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз намуда, барои татбиқи воқеии онҳо шароити зарурӣ фароҳам оваранд. Маҳз дар ҳамин замина адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон ҳамчун меъёрҳои муҳими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ташаккул меёбанд.
Албатта, ҳуқуқу озодиҳо бо вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳои муқарраргардида ва ҳифзи табиат аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор мераванд.
Ин робитаи ҳуқуқ ва уҳдадорӣ нишон медиҳад, ки зиндагӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд на танҳо истифода аз имкониятҳои қонунӣ, балки эҳсоси масъулият дар назди давлат, ҷомеа ва дигар шаҳрвандонро низ талаб мекунад.
Сохтори давлатдорӣ дар меҳвари Конститутсия
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, масъалаҳои асосии сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти мақомоти онро танзим менамояд.
Дар он мақоми Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Ҳукумат, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақоми ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, низоми судӣ ва прокуратура, инчунин тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия муайян гардидаанд.
Тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз принсипҳои муҳими сохтори конститутсионӣ мебошад. Ин принсип барои мувозинати фаъолияти мақомоти давлатӣ, пешгирии тамаркузи аз ҳад зиёди салоҳият ва таъмини назорати ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад.
Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба равандҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ ва такмили низоми давлатдорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо марҳилаҳои муҳими рушди низоми конститутсионӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқии давлатдориро инъикос менамоянд.
Конститутсия ва масъулияти насли ҷавон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ донистану риоя намудани меъёрҳои Конститутсия аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтироми воқеии қонун устуворона рушд карда метавонад.
Дар ин раванд нақши ҷавонон махсусан муҳим аст. Онҳо на танҳо ояндаи давлат, балки иштирокчиёни фаъоли равандҳои имрӯзаи ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши Конститутсия, шинохти ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонун бояд ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасу ҷавон бошад.
Ҷавоне, ки ҳуқуқи худро медонад, уҳдадориҳои шаҳрвандиро эҳтиром мекунад ва ба қонун арҷ мегузорад, метавонад дар ташаккули ҷомеаи солим, пешгирии қонуншиканӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузорад.
Муассисаҳои таълимӣ дар ин самт вазифаи муҳим бар дӯш доранд. Зеро маҳз дар муҳити таълиму тарбия ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва мавқеи шаҳрвандии насли ҷавон ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши Конститутсия набояд танҳо бо азхуд намудани моддаҳои он маҳдуд гардад, балки бояд ба дарки мазмуну моҳияти арзишҳои конститутсионӣ ва татбиқи онҳо дар зиндагии ҳаррӯза мусоидат намояд.
Конститутсия - кафили сулҳу субот ва рушди устувор
Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шоҳсутуни давлатдорӣ, заминаи ҳуқуқии ваҳдати миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мақоми хосса дорад.
Таҷрибаи давлатсозии солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки мавҷудияти заминаи устувори ҳуқуқӣ барои ҳифзи истиқлол, таҳкими суботи сиёсӣ, таъмини амният ва пешрафти ҷомеа аҳамияти ҳалкунанда дорад. Конститутсия дар ин раванд на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади ифодагари иродаи сиёсӣ ва ормонҳои созандаи халқи Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти ин, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд ба меъёри рафтору фаъолияти ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро қудрату эътибори қонуни асосӣ на танҳо дар мукаммалии меъёрҳои он, балки пеш аз ҳама дар муносибати ҷомеа ба ин санади муқаддас ва татбиқи пайвастаи талаботи он таҷассум меёбад.
Имрӯз, дар партави Истиқлоли давлатӣ, бо такя ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, Тоҷикистон роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта, соҳибмаърифат ва ҳуқуқбунёдро идома медиҳад. Дар ин масир Конститутсия ҳамчун роҳнамои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа, заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва кафили рушди минбаъдаи кишвар хизмат менамояд.
Конститутсия танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ нест; он паймони таърихии миллат бо давлат, таҷассумгари иродаи халқ ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба давлат, таърих, озодӣ ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Бо чунин эҳсоси ифтихору сарфарозӣ, 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, хосса устодону донишҷӯён ва аҳли зиёи мамлакат, самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу осоиш, ба ҳамватанон саломатӣ, саодатмандӣ ва дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.
Ҷашни Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!
Бунафша АХМЕДОВА,
ассистенти кафедраи назарияи иктисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng