АҲАМИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Шерматов Ғ.Р., Шамсуддинзода Ҳ.З. – ассистентони кафедраи низоми иттилооти инноватсионӣ дар иқтисодиёт
Ба соҳаи маориф ворид гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки мазмун, усул ва шаклҳои ташкили раванди таълимро ба таври сифатӣ тағйир диҳанд. Ҳадафи асосии истифодаи чунин технологияҳо дар таълим баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон дар ҷомеаи иттилоотӣ, гуманизатсия ва фардикунонии таълим, интенсификатсияи раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсил дар тамоми зинаҳои низоми маориф мебошад.
И.В. Роберт ҳадафҳои асосии педагогии истифодаи воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотиро чунин муайян менамояд [1]:
- Интенсификатсияи тамоми зинаҳои раванди таълим тавассути истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ:
- баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати раванди таълим;
- баланд бардоштани фаъолияти маърифатии хонандагон;
- таҳкими робитаҳои байнисоҳавӣ;
- зиёд намудани ҳаҷм ва оптимизатсияи ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ.
- Ташаккули шахсияти донишҷӯ ва омода намудани инсон ба ҳаёти пурсамар дар ҷомеаи иттилоотӣ:
- инкишоф додани шаклҳои гуногуни тафаккур;
- рушди малакаҳои муошират;
- ташаккул додани малакаҳои қабули қарорҳои беҳтарин ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳо дар вазъиятҳои душвор;
- тарбияи эстетикӣ тавассути истифодаи графикаи компютерӣ ва технологияҳои мултимедиявӣ;
- ташаккули фарҳанги иттилоотӣ ва қобилияти коркард намудани иттилоот;
- ташаккули малакаҳои моделсозии масъалаҳо ва вазъиятҳо;
- ташаккули малакаҳои амалии фаъолияти таҷрибавӣ-тадқиқотӣ.
- Иҷрои супориши иҷтимоии корфармо:
- тарбияи шахси босавод ва дорои фарҳанги иттилоотӣ;
- омӯзонидани истифодабарандагон ба кор бо технологияҳои компютерӣ;
- амалӣ намудани роҳнамоии касбӣ дар соҳаи информатика ва технологияҳои рақамӣ.
Истифодаи навовариҳои технологӣ дар низоми таълим боиси такмили тамоми зинаҳои раванди таълим гардида, барои фароҳам овардани чунин имкониятҳо мусоидат менамояд:
- баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати раванди таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ;
- фароҳам овардани ангезаҳои ҳавасмандкунанда, ки ба фаъолсозии фаъолияти маърифатии хонандагон мусоидат мекунанд;
- амиқтар намудани робитаҳои байнисоҳавӣ тавассути истифодаи воситаҳои муосири коркард ва таҳлили иттилоот ҳангоми ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногуни илм.
Бо дарназардошти таъсири назарраси технологияҳои иттилоотии муосир ба раванди таълим, бисёре аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ омодаанд, ки онҳоро ба фаъолияти касбии худ ворид намоянд. Бо вуҷуди ин, раванди иттилоотикунонии таҳсилоти мактабӣ на ҳамеша ба таври фаврӣ амалӣ мегардад, зеро он бо маҷмӯи ислоҳоти сохторӣ, методӣ ва ташкилӣ алоқаманд мебошад.
Фаъолият дар фазои иттилоотӣ азхуд намудани зерфарҳанги иттилоотиро дар доираи фарҳанги бартаридоштаи инноватсионӣ тақозо менамояд. Зерфарҳанги иттилоотӣ яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги умумии инсонӣ ба ҳисоб меравад. Раванди ташаккули он хусусияти пайваста ва муназзам дошта, дар ҳеҷ шароит набояд ҳамчун падидаи ҷудогона ва пароканда баррасӣ гардад.
Фарҳанги инноватсионӣ маҷмӯи арзишҳо, меъёрҳо ва анъанаҳоест, ки одамонро на аз рӯи вазъи иҷтимоӣ ё синну соли онҳо, балки аз рӯи сатҳи ошноӣ ва муносибати онҳо ба ҷараёни иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ муттаҳид менамояд.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, махсусан пайдоиш ва густариши зеҳни сунъӣ, имкониятҳои нави такмили раванди таълим ба вуҷуд меоянд. Зеҳни сунъӣ метавонад барои фардикунонии таълим, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии дониш, пешниҳоди машқҳои мутобиқ ба сатҳи донишомӯз ва дастгирии омӯзгорон истифода шавад. Ҳамзамон, истифодаи он бояд бо риояи принсипҳои масъулиятнокии рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, санҷиши дурустии иттилоот ва нигоҳ доштани нақши калидии омӯзгор дар раванди таълим ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун яке аз самтҳои муҳими навсозии низоми муосири таълим арзёбӣ гардад. Татбиқи дурусти онҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва таҳлилӣ, ташаккули фарҳанги иттилоотӣ ва омода намудани хонандагону донишҷӯён ба талаботи ҷомеаи рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тоҷ
Рус
Eng