Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва фарҳангии таърихи башар ба шумор меравад. Ӯ соли 980 дар деҳаи Афшана, наздики шаҳри Бухоро дар қаламрави давлати Сомониён ба дунё омадааст. Давлати Сомониён яке аз марказҳои муҳими тамаддуни тоҷикон буда, муҳити мусоиди илмиву фарҳангиро барои парвариши чунин нобиғаҳо фароҳам оварда буд.

Падари ӯ Абдуллоҳ аз аҳли Балх ва шахси донишманд буд, модараш Ситора ном дошт. Ибни Сино дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ ба камол расида, забони модариаш форсии тоҷикӣ буд. Дар баробари забони арабӣ, ки дар он давра забони илм ба ҳисоб мерафт, ба забони форсии тоҷикӣ низ асарҳои арзишманд таълиф кардааст. Аз ҷумла, асари маъруфи ӯ «Донишнома» яке аз намунаҳои барҷастаи насри илмии тоҷикӣ мебошад.

Ибни Сино на танҳо табиби бузург, балки файласуф, риёзидон, нуҷумшинос, мусиқидон ва шоири тавоно низ буд. Осори ӯ зиёда аз 450 номгӯйро дар бар мегирад, ки қисми зиёди онҳо то замони мо расидаанд. Машҳуртарин асари ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» мебошад, ки асрҳо ҳамчун китоби асосии тиб дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Дар ин асар масъалаҳои ташхис, табобат, дорусозӣ ва пешгирии бемориҳо бо дақиқии ҳайратангез шарҳ дода шудаанд.

Дар баробари тиб, саҳми Ибни Сино дар рушди фалсафа низ беназир аст. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Китоб-уш-шифо» ва «Донишномаи Алоӣ», масъалаҳои ҳастӣ, маърифат, рӯҳ ва ақлро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Ӯ кӯшиш намуд, ки миёни фалсафаи юнонӣ, фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва таълимоти исломӣ робитаи устувор барқарор созад.

Дар таълимоти маърифатии ӯ ақл ҳамчун воситаи асосии шинохти ҳақиқат арзёбӣ мешавад. Ба андешаи Ибни Сино, инсон тавассути таҷрибаи ҳиссӣ ва тафаккури ақлӣ метавонад ба дониш даст ёбад. Рӯҳро ҷавҳари мустақил аз ҷисм дониста, ҷовидонии онро таъкид мекард. Ин андешаҳо дар ташаккули афкори фалсафии Шарқ таъсири амиқ гузоштаанд.

Ибни Сино ба ахлоқ ва инсондӯстӣ аҳаммияти махсус медод. Беморро танҳо ҳамчун мавҷуди ҷисмонӣ намедид, балки ҳолати рӯҳӣ ва иҷтимоии ӯро низ ба назар мегирифт. Ин равиш имрӯз низ дар тибби муосир ҳамчун яке аз принсипҳои муҳими муносибат бо бемор эътироф шудааст.

Осори адабии ӯ низ арзиши бузург доранд. Забони шеърҳои Ибни Сино сода, равон ва пурмазмун мебошад. Ӯ бо истифода аз калимаҳои фаҳмо андешаҳои амиқи ахлоқӣ ва зиндагиро баён намудааст. Аз ҷумла, байти машҳури ӯ чунин аст:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

Имрӯз номи Ибни Сино ҳамчун рамзи дониш, хирад ва худшиносӣ дар саросари ҷаҳон маъруф аст. Дар Тоҷикистон кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба номи ӯ гузошта шудаанд. Осори ӯ то ҳол дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника омӯзиши мероси Ибни Сино барои ҷавонон аҳаммияти махсус дорад. Андешаҳои ӯ дар бораи илм, ахлоқ ва худшиносӣ метавонанд барои тарбияи насли донишманд ва ватандӯст хизмат намоянд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки Абуалӣ ибни Сино на танҳо ифтихори тоҷикон, балки яке аз бузургтарин мутафаккирони таърихи инсоният мебошад. Мероси гаронбаҳои ӯ моро ба донишандӯзӣ, хирадварзӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат раҳнамун месозад. Чунонки худи ӯ таъкид кардааст: «Огоҳӣ он аст, ки инсон бидонад чӣ намедонад». Ин сухан имрӯз низ барои ҳар як толиби дониш роҳнамои арзишманд боқӣ мемонад.

 

Сайёра АХМЕДОВА, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ