Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ

Дар шароити тағйироти босуръати геосиёсӣ, рақобати иқтисодӣ, таҳаввулоти технологӣ ва тағйирёбии иқлим амнияти иқтисодӣ ба яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Имрӯз қудрати давлатро на танҳо бо иқтидори ҳарбӣ ва захираҳои табиӣ, балки бо устувории иқтисоди миллӣ, рақобатпазирии истеҳсолот, сатҳи худтаъминкунӣ ва қобилияти муқовимат ба буҳронҳои дохиливу хориҷӣ низ арзёбӣ мекунанд.

Давлате, ки иқтисоди устувор, низоми молиявии боэътимод ва захираҳои кофии озуқаворию энергетикӣ дорад, метавонад дар баробари фишорҳои беруна манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд. Баръакс, вобастагии аз ҳад зиёд аз воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳим, бозорҳои хориҷӣ ва манбаъҳои маҳдуди таъминоти молиявию технологӣ осебпазирии иқтисодро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, амнияти иқтисодӣ танҳо масъалаи иқтисоддонҳо нест. Он бевосита ба истиқлолияти давлатӣ, суботи иҷтимоӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дурнамои рушди мамлакат иртибот дорад. Барои Тоҷикистон, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, ташаккули пояҳои устувори иқтисодӣ шарти муҳими таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Солҳои истиқлолият барои Тоҷикистон давраи барқарорсозии иқтисоди миллӣ, ташаккули заминаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат гардиданд. Рушди инфрасохтор, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, рушди миёнасолонаи иқтисоди миллӣ дар солҳои 2021–2025 ба 8,5 фоиз расида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Афзоиши воқеии ин нишондиҳанда 8,4 фоизро ташкил додааст. Ин рақамҳо аз густариши фаъолияти иқтисодӣ дарак медиҳанд. Аммо барои арзёбии воқеии амнияти иқтисодӣ танҳо суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ кофӣ нест. Муҳимтар аз ҳама, он аст, ки рушди иқтисодӣ то кадом андоза ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Рушди босуръат танҳо дар сурате ба омили амнияти иқтисодӣ табдил меёбад, ки хусусияти фарогир дошта, вобастагии мамлакатро аз омилҳои беруна коҳиш диҳад ва барои наслҳои оянда заминаи боэътимоди истеҳсоливу иҷтимоӣ фароҳам оварад. Дар ин раванд татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 аҳаммияти калидӣ дорад. Ҳамоҳангсозии ҳадафҳои стратегӣ бо имкониятҳои воқеии иқтисодӣ, захираҳои инсонӣ ва талаботи ҷомеа метавонад самаранокии сиёсати рушди миллиро тақвият бахшад.

Энергетика яке аз рукнҳои асосии амнияти иқтисодии давлат ба шумор меравад. Таъминоти устувори неруи барқ барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ зарур аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Истифодаи самараноки ин имконият на танҳо метавонад талаботи дохилиро қонеъ созад, балки ба рушди саноат, густариши иқтидори содиротӣ ва таҳкими мавқеи мамлакат дар бозори минтақавии энергетика мусоидат намояд. Дар ин замина, ташаббусҳо ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аҳамияти таърихӣ доранд.

НБО “Роғун” танҳо иншооти бузурги энергетикӣ набуда, он таҷассуми иродаи созандагии давлату миллат, эътимод ба неруи худӣ ва талош барои фароҳам овардани заминаи устувори рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Татбиқи ин лоиҳаи стратегӣ бо дурнамои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтидори саноатӣ ва тақвияти имкониятҳои иқтисодии мамлакат пайванди ногусастанӣ дорад. Вале истиқлолияти энергетикӣ танҳо бо бунёди неругоҳҳо маҳдуд намешавад. Навсозии шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқ, коҳиш додани талафоти техникӣ, истифодаи сарфакоронаи неру, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ заруранд. Ҳамзамон, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об тақозо мекунад, ки истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва диверсификатсияи манбаъҳои энергия ба ҷузъи сиёсати дарозмуддати амнияти энергетикӣ табдил ёбанд.

Масъалаи асосӣ аз он иборат аст, ки неруи истеҳсолшуда ба рушди истеҳсолот, коркарди амиқи ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти рақобатпазир хизмат кунад. Маҳз ҳамин пайванд истиқлолияти энергетикиро ба омили воқеии истиқлолияти иқтисодӣ табдил медиҳад.

Барои Тоҷикистон амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, зеро кишоварзӣ ҳам манбаи таъминоти аҳолӣ ва ҳам соҳаи муҳими шуғл ва даромади сокинони деҳот аст.

Вобастагӣ аз воридоти баъзе маҳсулоти озуқаворӣ, тухмӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва дигар воситаҳои истеҳсолӣ метавонад ба устувории бозори дохилӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, афзоиши истеҳсоли ватанӣ бояд бо баланд бардоштани сифат, рушди инфрасохтори нигоҳдорӣ ва густариши коркарди саноатӣ ҳамоҳанг бошад.

Истифодаи технологияҳои каммасрафи об, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ, рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва таъсиси марказҳои нигоҳдории маҳсулот метавонанд талафоти истеҳсолиро коҳиш диҳанд. Дар баробари ин, рушди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти бастабандишуда барои афзоиши арзиши иловашуда, даромади кишоварзон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам меорад. Албатта, амнияти озуқаворӣ маънои даст кашидан аз савдои байналмилалиро надорад. Воридоти маҳсулоте, ки истеҳсоли дохилии он аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок нест, метавонад зарур бошад. Аммо чунин ҳамкорӣ бояд бо диверсификатсияи манбаъҳои воридот, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ташкили захираҳои зарурии озуқаворӣ ҳамоҳанг гардад. Ҳадаф он аст, ки Тоҷикистон дар ҳолатҳои буҳронӣ низ тавонад талаботи асосии аҳолиро қонеъ намуда, таъсири тағйироти ногаҳонии бозорҳои хориҷиро коҳиш диҳад.

Яке аз масъалаҳои калидии амнияти иқтисодии Тоҷикистон рушди саноати миллӣ ва баланд бардоштани ҳиссаи истеҳсолоти ватанӣ дар таъмини талаботи дохилӣ мебошад. Кишваре, ки ашёи хомро содир карда, маҳсулоти тайёрро аз хориҷ ворид мекунад, қисми муҳими имкониятҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва арзиши иловашударо аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, саноатикунонии босуръат барои Тоҷикистон на танҳо ҳадафи иқтисодӣ, балки воситаи муҳими таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ низ мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ расида, афзоиши воқеии он 22,1 фоизро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда аз густариши фаъолияти истеҳсолӣ дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин, самаранокии саноатро танҳо бо ҳаҷми умумии маҳсулот муайян кардан дуруст нест. Сохтори истеҳсолот, дараҷаи коркарди ашёи хом, вобастагӣ аз таҷҳизоту технологияҳои воридотӣ, ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазирии маҳсулоти ниҳоӣ низ бояд ба назар гирифта шаванд.

Рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, маъдантозакунӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ метавонад имкониятҳои нави иқтисодиро ба вуҷуд оварад. Вале чунин раванд бояд ба технологияҳои каммасраф, навоварӣ, ҳифзи муҳити зист ва талаботи бозор такя кунад.

Бунёди корхонаҳо бидуни арзёбии талаботи бозор, таъминоти ашёи хом ва имконияти фурӯши маҳсулот наметавонад самаранокии дарозмуддатро кафолат диҳад. Аз ин рӯ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, фароҳам овардани рақобати солим, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва тақвияти робитаи муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳо аҳаммияти махсус доранд.

Иқтисоди қавӣ иқтисодест, ки захираҳои мавҷударо ба маҳсулоти рақобатпазир, ҷойҳои корӣ ва арзиши воқеии иқтисодӣ табдил дода метавонад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ иқтисоди миллӣ наметавонад аз робитаҳои хориҷӣ ҷудо фаъолият кунад. Савдои байналмилалӣ, ҷалби сармоя, интиқоли технология ва ҳамкории минтақавӣ барои рушди Тоҷикистон заруранд. Аммо ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ бояд бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи устувории иқтисодӣ амалӣ гардад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2025 тақрибан 10,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст. Бо вуҷуди аҳаммияти ин нишондиҳанда, афзоиши гардиши савдо худ аз худ далели таҳкими амнияти иқтисодӣ нест. Таносуби содироту воридот ва таркиби молии онҳо низ аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Муҳим он аст, ки содирот то кадом андоза ба маҳсулоти коркардшуда ва дорои арзиши баланди иловашуда такя мекунад ва воридот чӣ гуна ба талаботи истеъмолӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ хизмат менамояд.

Диверсификатсияи бозорҳои содиротӣ ва манбаъҳои воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳим метавонад таъсири тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ва буҳронҳои кишварҳои шарикро коҳиш диҳад. Дар ин самт рушди долонҳои нақлиётӣ, беҳтар намудани инфрасохтори логистикӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ аҳаммияти стратегӣ доранд.

Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ низ бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифат, рақобатпазирӣ ва густариши содирот равона шавад. Ҳадаф маҳдуд кардани робитаҳои хориҷӣ нест, балки ташаккули иқтисодест, ки аз имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ истифода бурда, ҳамзамон манфиатҳои худро ҳифз карда метавонад.

Амнияти молиявӣ ҷузъи муҳими амнияти иқтисодӣ буда, устувории буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, гардиши пул, қурби асъор ва қобилияти иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатро фаро мегирад. Низоми молиявии боэътимод барои маблағгузории барномаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ замина фароҳам меорад. Самаранокии сиёсати молиявӣ на танҳо аз афзоиши даромади буҷет, балки аз сифати хароҷоти давлатӣ, шаффофияти истифодаи маблағҳо ва натиҷабахшии лоиҳаҳои сармоягузорӣ вобаста аст.

Ҷалби қарз барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ метавонад ба рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Аммо дар сурати дуруст арзёбӣ нашудани имкониятҳои бозгашти сармоя хавфҳои молиявӣ зиёд мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як лоиҳаи калон бояд аз ҷиҳати самаранокии иқтисодӣ, таъсири иҷтимоӣ, хароҷоти нигоҳдорӣ ва имконияти даромадоварӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад.

Мубориза бо иқтисоди пинҳонӣ, пешгирии коррупсия, тақвияти назорати молиявӣ, шаффофияти хариди давлатӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии таҳкими низоми молиявӣ мебошанд. Ҳамзамон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пасандозу сармоягузории қонунӣ метавонанд эътимодро ба низоми молиявӣ афзоиш диҳанд.

Дар асри технологияҳои иттилоотӣ рақамикунонӣ ба омили муҳими рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтааст. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар саноат, кишоварзӣ, молия, нақлиёт, савдо ва идоракунии давлатӣ метавонад хароҷотро коҳиш дода, суръату сифати хизматрасониҳоро беҳтар намояд.

Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Татбиқи хизматрасониҳои электронӣ, рушди технологияҳои муосир ва навсозии низоми идоракунӣ метавонанд самаранокии иқтисоди миллиро баланд бардоранд.

Бо вуҷуди ин, рақамикунонӣ хавфҳои нав низ ба миён меорад. Ҳамлаҳои киберӣ, қаллобии электронӣ, дуздии маълумот ва халалдор шудани фаъолияти низомҳои иттилоотӣ метавонанд ба корхонаҳо, бонкҳо ва муассисаҳои давлатӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, рушди иқтисоди рақамӣ бояд бо тақвияти амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ҳамоҳанг бошад. Технология танҳо дар сурате ба омили амнияти иқтисодӣ табдил меёбад, ки самаранокӣ, эътимоднокӣ ва ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагонро таъмин намояд.

Ҳеҷ гуна стратегияи иқтисодӣ бе таваҷҷуҳ ба омили инсонӣ натиҷаи пойдор дода наметавонад. Захираҳои табиӣ, иншооти истеҳсолӣ ва технологияҳои муосир танҳо тавассути дониш, малака ва ташаббуси инсон самаранок истифода мешаванд. Аз ин рӯ, маориф, илм, тандурустӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос бояд ҳамчун сармоягузории дарозмуддат ба амнияти иқтисодии мамлакат арзёбӣ гарданд.

Бо дарназардошти ҳадафҳои саноатикунонӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт, омода намудани мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, молия ва идоракунӣ аҳаммияти бештар касб мекунад. Барои ин робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва ниҳодҳои иқтисодӣ бояд тақвият ёбад. Барномаҳои таълимӣ зарур аст, ки ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гарданд ва барои донишҷӯён имкониятҳои бештари таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти амалӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои инноватсионӣ фароҳам оварда шаванд. Таъсиси ҷойҳои кории арзанда, рушди соҳибкории ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои навоварона барои истифодаи самараноки неруи зеҳнии ҷомеа замина мегузоранд.

Дар ҳамин замина, муҳоҷирати меҳнатӣ низ бояд мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад. Интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба даромади оилаҳо ва талаботи дохилӣ таъсири мусбат мерасонад. Аммо вобастагии аз ҳад зиёд аз чунин даромадҳо иқтисоди миллиро нисбат ба тағйироти бозори меҳнати хориҷӣ осебпазир месозад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароите зарур аст, ки шаҳрвандон тавонанд дар дохили кишвар бо истифода аз дониш, малака ва таҷрибаи худ фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дошта бошанд. Маҳз рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои кории босифат имкон медиҳанд, ки неруи инсонӣ ба сарчашмаи устувори рушди миллӣ табдил ёбад.

Амнияти иқтисодӣ дар он сурат таъмин мегардад, ки мамлакат ба таҳдидҳои эҳтимолӣ омода буда, дар баробари тағйироти ногаҳонии муҳити беруна қобилияти мутобиқшавиро нигоҳ дорад.

Тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, буҳронҳои молиявӣ, коҳиши талабот ба маҳсулоти содиротӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, халалдор шудани занҷираҳои таъминот, офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим метавонанд ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таъсир расонанд. Масалан, болоравии нархи сӯзишворӣ хароҷоти нақлиёт ва истеҳсолотро зиёд карда, метавонад ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар молҳои истеъмолӣ таъсир расонад. Ба ҳамин монанд, хушксолӣ ва тағйирёбии захираҳои об ба кишоварзӣ ва энергетика таъсир мерасонанд. Дар сурати сари вақт арзёбӣ нашудани чунин хавфҳо, оқибатҳои онҳо метавонанд ба вазъи умумии иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири ҷиддӣ расонанд. Аз ин рӯ, ташкили низоми муосири арзёбии хавфҳои иқтисодӣ, таҳияи сенарияҳои эҳтимолии рушд, тақвияти захираҳои зарурӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул аҳаммияти калон дорад.

Сиёсати иқтисодӣ бояд на танҳо ба бартараф намудани оқибатҳои буҳронҳо, балки ба пешгирии онҳо низ равона гардад. Ин раванд қабули қарорҳои асоснок, истифодаи маълумоти боэътимод ва арзёбии пешакии натиҷаҳои эҳтимолии тадбирҳои иқтисодиро тақозо мекунад.

Таъмини амнияти иқтисодӣ танҳо вазифаи Ҳукумат ё мақомоти махсус нест. Дар ин раванд бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванд саҳм гузошта метавонанд. Мақомоти давлатӣ бояд муҳити устувори иқтисодӣ, заминаҳои ҳуқуқии мукаммал, рақобати солим ва истифодаи самараноки захираҳои миллиро таъмин намоянд. Бахши хусусӣ бошад, бо рушди истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ бояд таҳқиқоти амалиро густариш дода, барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди миллӣ тавсияҳои асоснок пешниҳод намоянд. Дар баробари ин, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергия, дастгирии маҳсулоти босифати ватанӣ ва муносибати ғамхорона ба моликияти ҷамъиятӣ низ аҳаммияти калон доранд.

Шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ шарти муҳими истифодаи самараноки захираҳо мебошанд. Ҳар қадар маълумот дар бораи хароҷоти давлатӣ, натиҷаҳои барномаҳои иқтисодӣ ва иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дақиқу дастрас бошад, ҳамон қадар имконияти арзёбии самаранокии қарорҳо ва пешгирии талафоти молиявӣ бештар мегардад. Амнияти иқтисодӣ дар муҳити қонунмандӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаи давлату ҷомеа устувор мешавад.

Таҳлили масъалаҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки амнияти иқтисодии Тоҷикистон бо истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, устувории молиявӣ, рақобатпазирии истеҳсолот, иқтисоди рақамӣ ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Дастовардҳои иқтисодии солҳои охир барои густариши имкониятҳои рушди кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Аммо нигоҳ доштани ин дастовардҳо ва табдил додани онҳо ба натиҷаҳои дарозмуддат тақозо мекунад, ки сифати рушди иқтисодӣ, ҳосилнокии меҳнат, дараҷаи худтаъминкунӣ ва қобилияти муқовимат ба таҳдидҳои беруна пайваста беҳтар карда шаванд.

Дар ин замина, шаш самти афзалиятнок аҳамияти махсус доранд:

Якум, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва коркарди амиқи ашёи хом бо мақсади афзоиши арзиши иловашуда ва тавсеаи содироти маҳсулоти тайёр.

Дуюм, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, навсозии инфрасохтор ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои обу энергия.

Сеюм, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ бо роҳи рушди кишоварзии муосир, коркарди саноатии маҳсулот ва ташкили низоми боэътимоди нигоҳдорӣ ва таъминот.

Чорум, таҳкими низоми молиявӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини шаффофияти идоракунии маблағҳои давлатӣ.

Панҷум, густариши иқтисоди рақамӣ, ҳифзи инфрасохтори иттилоотӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос.

Шашум, ташкили низоми самараноки арзёбии хавфҳои иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда барои коҳиш додани таъсири таҳдидҳои ҷаҳонӣ.

Дар ниҳоят, амнияти иқтисодӣ на танҳо ҳадафи сиёсати иқтисодӣ, балки шарти муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.

Иқтисоди миллӣ ҳамон вақт воқеан устувор аст, ки давлат тавонад на танҳо талаботи имрӯзаи ҷомеаро қонеъ созад, балки барои оянда низ заминаи боэътимоди истеҳсолӣ, молиявӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварад.

Истиқлолияти иқтисодӣ бо шиор таъмин намегардад. Он натиҷаи истеҳсолоти рақобатпазир, истифодаи оқилонаи захираҳои миллӣ, идоракунии босамар, рушди илму технология ва сиёсати дурбинона мебошад.

Дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ маҳз иқтисоди устувор, рақобатпазир ва ба имкониятҳои дохилӣ такякунанда метавонад ҳамчун сипари боэътимоди амнияти миллӣ хизмат намуда, роҳи Тоҷикистонро ба сӯи рушди устувор ва ояндаи босаодат ҳамвор созад.

Манбаъҳо ва адабиёти истифодашуда

  1. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.
  2. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030.
  3. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва маълумоти оморӣ барои солҳои 2021-2025.
  4. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. “Тоҷикистон. Аз истиқлол то таҳкими иқтисоди миллӣ”.
  5. Маълумоти расмӣ оид ба нишондиҳандаҳои маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025.

 

Фирӯз НАСРИДДИНОВ,

профессори кафедраи Бехатарии Иктисодии ДДМИТ