АЗ ИСТСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ ТО ИСТИҚЛОЛИЯТИ САНОАТӢ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин неъмат, рамзи озодии ҳақиқӣ ва пояи устувори давлатдории миллии мост, ки ба хоҳишу иродаи чандасраи халқи тоҷик заминаи ҳуқуқӣ ва таърихӣ гузошта, роҳи рушди мустақили иқтисодӣ ва саноатии кишварро ҳамвор намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат ҳамчун муҳаррики асосии иқтисоди миллӣ эътироф гардида, гузариш аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва эълон шудани саноатикунонии босурьат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии давлат, сохтори ин бахшро комилан дигаргун сохт. Иродаи сиёсии Ҳукумати кишвар ва Стратегияи миллии рушд замина гузоштанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар солҳои охир ба таври бесобиқа афзоиш ёбад. Масалан, танҳо дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба 66,7 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда суръати баланди рушди воқеиро дар сатҳи 22,1 фоиз таъмин намуд. Ин ҷаҳиши иқтисодӣ ва саноатӣ дар нимаи аввали соли 2026 бо маром идома ёфта, ҳаҷми истеҳсолот дар шаш моҳи аввал боз 14,1 фоиз афзуд, ки ин Тоҷикистонро ба яке аз пешсафони минтақа аз рӯи суръати индустриализатсия табдил дод. Давлат ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 ҳиссаи саноатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 30 фоиз расонад ва заминаҳои соҳибихтиёрии иқтисодиро боз ҳам устувортар созад.
Яке аз дастовардҳои бузургтарини ин давра, рушди саноати кӯҳкорӣ ва металлургия мебошад. Тоҷикистон дорои заминаи ниҳоят бойи ашёи хом ва зиёда аз 800 кони кашфшудаи канданиҳои фоиданок аст, ки дар байни онҳо 10 намуди металлҳои критикии стратегӣ барои гузариши "сабз"-и ҷаҳонӣ мавҷуданд. Корхонаҳои азим, аз ҷумла ширкатҳои муштараки «Зарфшон», «Покруд» ва «Апрелевка» бо истифода аз технологияҳои муосир ба истихроҷ ва коркарди металлҳои қиматбаҳо машғуланд ва Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои муҳими истеҳсолкунандаи тиллову нуқра дар минтақа табдил доданд. Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) низом ва таъсиси занҷираҳои нави истеҳсолӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои кимиёвӣ мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ҳифз намуд. Ҳамзамон, дар соҳаи саноати сохтмон ва истеҳсоли семент таҳаввулоти куллӣ ба амал омад; агар дар гузашта Тоҷикистон сементро аз хориҷа ворид мекард, имрӯз ба шарофати бунёди корхонаҳои муосири «Хуаксин Ғаюр Семент», «Тоҷиксемент» ва дигарҳо, кишвар ҳамасола беш аз 4 миллион тонна сементи хушсифат истеҳсол намуда, на танҳо ниёзи дохилиро комилан таъмин менамоянд, балки миллионҳо тоннаи онро ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Афгонистон содирот мекунад.
Дар бахши саноати сабук ва нассоҷӣ, сиёсати ҳукумат ба коркарди пурраи пахтаи ватанӣ дар дохили кишвар ва гузариш аз содироти ашёи хом ба маҳсулоти тайёр равона карда шуд. Ин иқдом боиси бунёди маҷмааҳои бузурги нассоҷӣ, аз ҷумла «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ва «Ваҳдат Текстил» гардид, ки маҳсулоти тайёри онҳо ба бозорҳои Аврупо ва Осиё роҳ ёфтаанд. Соҳаи коркарди маҳсулоти нассоҷӣ ва чарм дар сохтори саноати коркард ҳаҷми назаррасро ишғол мекунад. Саноати хӯрокворӣ низ бо истифода аз ашёи хоми кишоварзии маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди гӯшту шир, консерва ва нӯшокиҳо тавонист амнияти озуқавории кишварро таҳким бахшад. Танҳо дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ қариб 400 корхона ва сехҳои нави саноатӣ ба кор андохта шуданд, ки ҳазорон ҷойи нави кориро таъсис дода, сатҳи бекориро коҳиш доданд.
Омили дигари калидии ин пешрафт таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ), ба монанди «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кулоб» мебошад, ки бо фароҳам овардани зиёда аз 110 имтиёзҳои ниҳоят муассири андозию гумрукӣ, сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ҷалб намуда, ба коргоҳҳои бузурги инноватсионӣ ва содиротӣ табдил ёфтанд. Илова бар ин, 98 фоизи энергияи дар кишвар истеҳсолшаванда "энергияи сабз" аз неругоҳҳои обию барқӣ мебошад, ки ин ба корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бартарии бузурги экологӣ ва рақобатпазириро дар бозори ҷаҳонӣ медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки истиқлолияти давлатӣ на танҳо заминаи озодии сиёсии Тоҷикистон, балки пойдевори устувори худтаъминкунии иқтисодӣ ва саноатии он гардид. Маҳз татбиқи пайвастаи ҳадафи стратегии саноатикунонии босурьат нишон дод, ки кишвар метавонад аз як воридкунандаи маҳсулоти тайёр ба содиркунандаи фаъол табдил ёбад. Таҳаввулоти куллӣ дар бахшҳои металлургия, истеҳсоли семент ва саноати сабук собит месозанд, ки соҳибихтиёрӣ ба мо қудрат ва имкони сарфарозии иқтисодӣ бахшид. Имрӯз ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро маҳз қудрати саноатӣ кафолати ояндаи дурахшон, амнияти иқтисодӣ ва истиқлолияти пойдори Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад.
Нигина АБДУМУХТОРЗОДА,
дотсенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ
Тоҷ
Рус
Eng