Баъзе дастовардҳо дар як рӯз ба даст меоянд, аммо барои расидан ба онҳо моҳҳо ва ҳатто солҳо заҳмат лозим аст. Баъзе номҳо як бор дар ҷадвали ғолибон пайдо мешаванду дигар ба чашм намерасанд. Вале ҳастанд донишҷӯёне, ки як пирӯзиро ба такягоҳ барои пирӯзии дигар табдил медиҳанд. Дилноза Ҷафарова, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҳамин зумра аст. Роҳи ӯ дар олимпиадаҳо бо ҷойи сеюм оғоз шуд ва то ҳол ҳамин ҷойи ифтихорӣ се маротиба дар саҳифаи дастовардҳояш сабт гардидааст.

Оғози номоварӣ барои Дилноза дар моҳи майи соли 2025 иттифоқ афтод. Он замон ӯ ҳанӯз донишҷӯи курси дуюм буд. Дар даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни забони русӣ, ки дар шаҳри Леваканд баргузор гардид, ширкат намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд.

Барои як донишҷӯи камтаҷриба ворид шудан ба қатори ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ худ дастоварди назаррас буд. Раёсати ДДМИТ низ ин муваффақиятро қадр карда, Дилнозаро аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба маблағи 1000 сомонӣ ҳавасманд намуд. Ин қадршиносиро ӯ барои худ охири роҳ нашуморид. Баръакс, ҳамин натиҷа нишон дод, ки агар дониш бо меҳнат пайваст шавад, имкони ба натиҷа расидан ҳамеша вуҷуд дорад.

Баъдан пирӯзии Дилноза ба анъана табдил ёфт. Санаи 7-8 майи соли 2026 шаҳри Хуҷанд мизбони Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» гардид. Олимпиада бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳарчанд ҳудуди рақобат назаррас буд: 490 донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ! Дар чунин майдони бузурги рақобати ақлу дониш Дилноза Ҷафарова, ки акнун дар курси сеюм  таҳсил мекард, боз аз фанни забони русӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардид. Яъне натиҷаи имсолаи вайро на такрори мавқеяш дар соли гузашта, балки ҳамчун тасдиқи пайгирӣ ва собит сохтани сазовор буданаш ба баҳогузории ҳакамон  бояд қабул намуд. Зеро як бор ғолиб шудан метавонад натиҷаи омодагии ҷиддӣ бошад, аммо бозгаштан ба ҳамон майдон ва такрор кардани натиҷа далели он аст, ки донишҷӯ барои нигоҳ доштани мавқеи худ низ талош кардааст.

Қадами сеюми Дилноза аллакай роҳ гирифтану мавқеъ пайдо карда тавонистн аз озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ба байналхалқӣ мебшад. 2 октябри соли 2026 номи Дилноза боз дар қатори ғолибон садо дод. Ин дафъа аз саҳнаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Олимпиадаи байналмилалӣ! Дилноза дар ин рақобат низ маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамин тавр, Дилноза Ҷафарова дар зарфи тақрибан якуним сол се натиҷаи яксон, аммо на такрори як натиҷа, балки се зинаи болоравиро касб кард.

Дилноза аз рӯйи ихтисос дар риштаи иқтисодӣ таҳсил мекунад. Рӯзҳои ӯ бештар бо рақамҳо, ҳисоб, таҳлил ва фанҳои касбӣ пайвандӣ доранд. Аммо муваффақиятҳои ӯ аз фанни забони русӣ нишон медиҳанд, ки барои мутахассиси ҷавон дониши касбӣ бе дониши забонӣ дигар он имкониятҳои пештараро надорад.

Тавре Пешвои миллат хитобан ба насли наврас ва ҷавон пайваста таъкид мекунанд, имрӯз мутахассиси рақобатпазир бояд тавонад ҳам ҳисоб кунад, ҳам таҳлил намояд, ҳам андешаи худро дуруст баён кунад ва ҳам бо намояндагони муҳитҳои гуногун муошират намояд. Аз ин нигоҳ, интихоби забономӯзӣ барои донишҷӯи ихтисоси иқтисодӣ танҳо як машғулияти иловагӣ нест. Он метавонад як қисми муҳими омодагии касбӣ бошад.

Дар мавриди Дилноза низ омодагӣ ба чунин рақобатҳо роҳи осон набудааст. Барои ҷойи сазовор дар олимпиада донистани фан кофӣ нест. Омодагии мунтазам, мутолиаи иловагӣ, такмили забон, қобилияти таҳлил ва дар лаҳзаи ҳалкунанда худро идора карда тавонистан зарур аст. Чунки ҳар медал ва ҳар ҷойи ифтихорӣ танҳо номи як донишҷӯро дар бар намегирад. Дар паси он заҳмати омӯзгор, дастгирии муассисаи таълимӣ, муҳити донишгоҳӣ ва, пеш аз ҳама, талоши худи ҷавон меистад. Дастовардҳои Дилноза ҳам бешакк бозгӯи имкониятҳои донишҷӯёни ДДМИТ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд. ва аз он дарак медиҳанд, ки агар воқеан ҳам дониш бо талошу меҳнат ҳамроҳ шавад, ба дастовард табдил меёбад. Дилноза Ҷафарова аз ҷумлаи ҷавононест, ки ин ҳақиқатро бо натиҷаи амалӣ собит карда истодааст. Вале як ҳақиқатро бояд бо итминон иброз дошт, ки Дилноза Ҷафарова ҳоло дар оғози роҳи худ қарор дорад. Се ҷойи сеюм се зинаи тайкардаи ӯянд. Зинаҳои баъдӣ бошад, ҳанӯз дар пешанд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилот ва нашрияи ДДМИТ