АЗ ЯК ДЕҲАИ КӮЧАК ТО ДАРГОҲИ ДОНИШ ВА КАСБ Қиссаи як насли соҳибистиқлол
Ҳар миллате, ки ба ояндаи худ бо итминон менигарад, пеш аз ҳама, ба маориф такя мекунад. Мактаб даргоҳи маърифат, муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, макони парвариши ахлоқу фарҳанг, ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва нахустин қадами инсон ба сӯи дониш, касб ва зиндагии мустақил аст.
Дар таърихи ҳар давлат давраҳое ҳастанд, ки тағйироти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум таъсири бевосита мерасонанд. Барои насли мо чунин давра даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Ман ин дигаргуниҳоро дар масири зиндагии худ бевосита дидаву эҳсос кардаам. Вақте имрӯз ба роҳи тайкардаи худ назар меафканам, мебинам, ки қариб ҳар як марҳилаи зиндагии ман бо мактаб, дониш, омӯзиш ва тағйироти муҳити таълимӣ пайванди ногусастанӣ доштааст. Аз ин рӯ, вақте аз дастовардҳо ва дигаргуниҳои соҳаи маориф дар даврони истиқлол сухан мегӯям, мехоҳам аз ҳамон нуқтае оғоз кунам, ки роҳи ман ба сӯи дониш аз он ҷо сар шуд.
Соли 2013 дар як қисмати шаҳри Ваҳдат заминларза рух дод ва дар натиҷа, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муассисаи таълимӣ дар муҳлати кӯтоҳ аз нав бунёд гардида, бо тарҳи замонавӣ ва шароити беҳтар ба истифода дода шуд. Бинои дуошёнаи нав барои хонандагон муҳити муносиби таҳсилро фароҳам овард.
Парчами давлатӣ, ки дар саҳни муассиса парафшон аст, барои ман рамзи истиқлол ва созандагист. Зеро истиқлол вақте маънои воқеӣ пайдо мекунад, ки натиҷаи онро дар зиндагии мардум, дар мактабҳои нав, дар синфхонаҳои обод ва дар имкониятҳои бештари фарзандони кишвар эҳсос кардан мумкин бошад. Ҳамин тавр, пас аз гирифтани маълумоти миёнаи нопурра таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома додам. Ин муассиса низ дар ҳаёти ман ҷойгоҳи махсус дорад. Яке аз хотираҳои фаромӯшнашавандаи мо, хатмкунандагони ин даргоҳ, ба истифода дода шудани бинои нави муассиса мебошад. 30 августи соли 2014 бинои нави мактаб аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Гарчанде ман ин муассисаро 7 сол пеш хатм карда будам, ифтитоҳи бинои нави он барои мо, хатмкардагони ин даргоҳ низ рӯйдоди хотирмон буд.
Бинои нави муассиса ҳамчун яке аз мактабҳои муосири пойтахт бо 30 синфхонаи муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ бунёд гардида, барои қабули зиёда аз ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда буд, аммо як ҷузъи дигар низ барои ман аҳамияти хос дорад. Тибқи супориши Роҳбари давлат бинои қаблии мактаб ба кӯдакистон табдил дода шуд. Яъне, он бино аз ҳаёти иҷтимоӣ берун намонд, балки вазифаи худро дар шакли дигар идома бахшид. Дар ҳамин муҳити мактабӣ орзуи идомаи таҳсил дар ман қувват гирифт ва ниҳоят роҳи зиндагӣ маро ба донишгоҳ бурд. Моҳи сентябри соли 2012 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон факултети рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) дохил шудам. Солҳои донишҷӯии мо ба давраи дигаргуниҳои чашмрас дар муҳити донишгоҳӣ рост омаданд. Аз ҷумла, тағйироти тадриҷии “Шаҳраки донишҷӯён”, корҳои ободонӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои нав барои донишҷӯён нишон медоданд, ки мактабҳои олӣ низ дар баробари ҷомеа рушд мекунад. Мо, донишҷӯён кӯшиш мекардем дар корҳои ободонӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ саҳм гузорем. Ҳанӯз он солҳо, зимни яке аз ташрифҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «Шаҳраки донишҷӯён», даъвати Сарвари давлатро ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ бо руҳияи баланд қабул карда будем.
Соли 2016 ҳамкориамро дар шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз кардам. Нахуст ба ҳайси муҳаррир фаъолият намуда, баъдан ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод» расидам ва то имрӯз дар ҳамин муҳит фаъолият дорам. Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи 30-солаи донишгоҳ 20 декабри соли 2022 ба истифода супоридани бинои нави таълимӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин бино дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои донишҷӯён шароити нави таълимиро фароҳам овард.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи самтҳои гуногун омода карда мешаванд. Дар баробари ихтисосҳои анъанавӣ, самтҳои вобаста ба иқтисоди рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва дигар ихтисосҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ низ ба роҳ монда шудаанд.
Дар саргузашти ҳар инсон метавон як бахши таърихи ҷомеаро дид.
Вақте ин масирро мебинам, дарк мекунам, ки ҳар як марҳилаи он ба дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Ба андешаи ман, яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаи инсонӣ пайванди ногусастании он бо илму маориф, маърифат ва хирад мебошад. Инсон ва ҷомеа маҳз тавассути сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва қобилияти истифодаи хирад арзёбӣ мешаванд. Аз ин рӯ, пешрафти тамаддуни башарӣ бо илму маориф робитаи мустақим ва ҷудонопазир дорад.
Инсон аз оғози пайдоиши худ ҳамеша дар талоши беҳбудии зиндагӣ, рушди ҷомеа ва расидан ба камол будааст. Бани башар омӯхтааст ва омӯзонидааст, таҷриба андӯхтаву онро ба наслҳои баъдӣ интиқол додааст. Маҳз ҳамин равиши пайвастаи омӯзиш, омӯзонидан ва таҷрибаомӯзӣ заминаи пешрафти ҷомеа ва ташаккули тамаддунҳои башариро фароҳам овардааст.
Дар ин масир як воқеият барои ман равшантар аз ҳама ба назар мерасад, ин аст, ки таърихи маорифро метавон дар таърихи зиндагии инсонҳо дид. Дар ҳақиқат, ҳар қадар ба қафо менигарам, ҳамон андоза бештар дарк мекунам, ки маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ оғози роҳи ман ба сӯи дониш, маърифат, касб, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ будааст. Агар имрӯз мактабҳо ободтар, донишгоҳҳо муҷаҳҳазтар ва имкониятҳои таҳсил бештар шудаанд, ин пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки таваҷҷуҳ ба насли наврасу ҷавонон бештар гардидааст. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба илму маориф, густариши маърифат ва тарбияи насли донишманду меҳнатпараст масъулияти мо дар назди фардо ва наслҳои минбаъда маҳсуб меёбад.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Молия ва иқтисод”-и ДДМИТ
Нашрияи "Омӯзгор"-и Вазорати маориф ва илм №33 (№12567) аз 20-уми августи соли 2026
Тоҷ
Рус
Eng