БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ!
Ҳар боре ки дар саҳни донишгоҳамон Парчами Тоҷикистонро мебинам, лаҳзае ба он менигарам. Дар рӯзҳои серташвиши таҳсил гоҳе аз наздаш саросема мегузарам. Аммо дар остонаи Рӯзи Парчами миллӣ бештар ба ин савол меандешам, ки ман, як донишҷӯ, барои Ватане, ки ин Парчам муаррифӣ мекунад, чӣ кор карда метавонам.
24 ноябр барои мо рӯзи арҷгузорӣ ба яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ аст. Дар байни се ранги Парчам нигоҳам бештар ба ранги сабз меафтад. Он ба ёдам заминҳои кишт, боғҳои сабзу хуррам ва заҳмати одамонеро меорад, ки рӯзгорашон бо замин пайванд дорад. Аз паси як сабади мева дар бозор кори чандин кас нуҳуфтааст. Яке заминро об медиҳад, дигаре ҳосилро ҷамъ меорад ва каси дигар онро ба бозор мерасонад. Ба назарам, қадри Ватанро аз ҳамин заҳматҳои ҳаррӯза ҳам метавон шинохт.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил мекунам. Дар дарсҳо назарияи ицтисод, баҳисобгирӣ, тарзи таҳияи буҷет ва таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодиро меомӯзем. Вақте дар аудитория ҳисоберо анҷом медиҳем, ислоҳи як рақами хато кори чанд дақиқа аст. Аммо агар рӯзе дар муассисае кор кунам, аз дурустии ҳамон як рақам метавонад сари вақт пардохт шудани маоши касе вобаста бошад. Ҳамин андеша ба банда мефаҳмонад, ки дақиқкорӣ ва ростқавлӣ дар касби ояндаам ба зиндагии одамон таъсир доранд.
Мехоҳам баъди хатми донишгоҳ дониши худро дар Тоҷикистони биҳиштосо ба кор барам. Масалан, дар маҳалҳо соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти хуб истеҳсол мекунанд ва барои ба роҳ мондани ҳисобу китоб ба ёрии мутахассис ниёз доранд. Агар тавонам ба яке аз онҳо кумак кунам, ки хароҷоташро дуруст ҳисоб кунад ва барои рушди кораш нақшаи воқеӣ тартиб диҳад, донише, ки имрӯз дар донишгоҳ меомӯзам, ба кор меояд. Ман хизмати худро ба Ватан аз чунин корҳои мушаххас тасаввур мекунам.
Меҳри Ватанро аз чизҳои ба дил наздик эҳсос мекунам. Садои модар, кӯчае, ки дар он ба воя расидаам ва забоне, ки бо он нахустин суханамро гуфтаам, ҳама порае аз Ватани мананд. Вақте дар навори як мусобиқаи байналмилалӣ мебинам, ки варзишгари тоҷик Парчами Тоҷикистонро боло мебардорад, аз пирӯзии ӯ чунон шод мешавам, ки гӯё яке аз наздиконам ба ин дастовард ноил шуда бошад. Дар он лаҳза эҳсос мекунам, ки Парчам чӣ гуна моро, ҳар куҷое бошем, ба ҳам мепайвандад ва шодии як нафарро ба шодии ҳамаи мо табдил медиҳад.
Имсол дар Рӯзи Парчами миллӣ, вақте боз аз саҳни донишгоҳ мегузарам, ба Парчам менигарам ва ба худ ваъда медиҳам, ки фурсати таҳсилро ғанимат мешуморам. Мехоҳам баъд аз чанд сол, вақте аз ҳамин ҷо мегузарам, ба ёд биёрам, ки дониши дар ин донишгоҳ андӯхтаам дар куҷо ва ба кӣ нафъ расондааст. Барои ман эҳтиром ба Парчами Тоҷикистон ҳамин маъниро дорад.
Мустафо МАЪМУРЗОДА,
донишҷӯи курси 1-и 0800 "В", факултети ҳисобдорӣ ва омор,
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng