ЧАРО ЁДИ ИСТИҚЛОЛ ҲАМЕША БО МАН АСТ?
Агар бархе аз Истиқлолияти давлатиро гоҳ-гоҳ, соле як бор ва бештар ҳангоми баргузории ҷашнвораҳо ба ёд оранд, ман ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ёди истиқлолият мекунам. Ин бесабаб нест. Соли 1991, вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, ман донишгоҳро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиамро оғоз кардам. Яъне, фаъолияти меҳнатии ман ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.
Барои давлати мо соҳибистиқлол шудан ва барои ман ҳамчун як шаҳрванди баркамол ба ин марҳилаи зиндагӣ расидан осон набуд. Мо худ шоҳиди воқеаҳои хунини февралии соли 1990 будем. Он рӯзҳо душманони миллат аз ҳар сӯ сар бардошта, мардумро ба ихтилоф мекашиданд. Бо чашми худ медидем, ки мардум ба ду майдон ҷудо шуда, бо шиору баромадҳо якдигарро ба ҷонибдории худ даъват мекарданд. Халқи тоҷик дар ватани худ рӯзҳои сахту сангинро аз сар мегузаронд.
Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии мардум боз ҳам душвортар гардид. Аз лиҳози таъминоти озуқаворӣ танқисӣ мекашидем, барои як бурда нон соатҳои дароз дар навбат меистодем. Ҳатто рӯзона бо хотири ҷамъ дар кӯча гаштан имкон надошт. Аз ҳар тараф садои тир ба гӯш мерасид. Нақлиёти ҷамъиятӣ қариб вуҷуд надошт ва мо маҷбур мешудем пиёда ба хона баргардем. Дар ҷумҳурӣ соати комендантӣ ҷорӣ шуда буд. Пеши назари мо одамони тирхӯрда ба замин меафтоданд. То имрӯз аз ёдам намеравад, ки чӣ гуна зани миёнасоле аз зарби тир ба замин афтод...
Назар ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, кишвари мо дар он давраи ҳассос талафоти зиёде дид. Дар ин ҷанги бародаркуш чӣ қадар фарзандон бепадар, модарон бе фарзанд ва занҳо бе шавҳар монданд, чӣ қадар хонаҳо ва иншоот хароб гардиданд. Ҷароҳатҳои он солҳо дар хотираи мардум то имрӯз боқӣ мондаанд.
Ба бахти миллати тоҷик дар ҳамин давраи бисёр ҳассос фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Бо талошҳои Роҳбари давлат ва саҳми фарзандони миллат раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт ва ниҳоят дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардид. Тоҷикистон аз марҳилаи бисёр душвори таърихӣ гузашта, ба давлати соҳибистиқлолу амн табдил ёфт.
Гузаштаро ба ёд овардан аз манфиат холӣ нест. Баръакс, ҷавонон бояд донанд, ки давлати мо ва халқи заҳматкаши тоҷик то расидан ба истиқлол чӣ гуна мушкилоту сахтиҳоро паси сар кардааст. Ба андешаи ман, нақли таърихи гузашта барои насли ҷавон як дарси ибрат аст. Мо калонсолон бо зиндагӣ ва рафтори худ ба ҷавонон намуна шуда метавонем.
Шояд яке аз муҳимтарин сабақҳои он рӯзҳо барои ман он бошад, ки дар замони душвор ҳам набояд аз Ватан даст кашид.
Солҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ман дар мактаби миёна кор мекардам. Се сол маош нагирифтем. Бисёре аз мардум маҷбур шуданд барои пайдо кардани кор ба Русия ва дигар кишварҳо раванд. Ман бошам, аз Тоҷикистон берун нарафтам. Дилам ба фарзандони мардум месӯхт. Онҳо бо умед ба даргоҳи илму маърифат меомаданд, вале дар мактабҳо омӯзгор намерасид.
Муаллими таърих низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва таълими фанни таърихро ба ман вогузор карданд. Гарчанде ихтисоси ман филологияи тоҷик буд, масъулияти таълими ин фанро ба уҳда гирифтам. Барои кори ғайриихтисосӣ маош низ камтар дода мешуд. Бо вуҷуди ин, ба ҳамон музди ночиз қаноат мекардам ва аз он хушҳол будам, ки фарзандони мардум бекор намемонанд, аз мактаб дур намешаванд ва ба оворагардӣ машғул намегарданд.
Кӯшиш мекардам саҳми худро дар ободии Ватане, ки аз ҷанг азият кашидаву захмдор шуда буд, гузорам.
Он солҳо дар мактаб кор кардан хеле мушкил буд. Аз як тараф, китобҳои дарсӣ намерасиданд, аз тарафи дигар, асбобҳои аёнӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ кам буданд. Падару модарон сари вақт маош намегирифтанд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва наметавонистанд ба оилаҳои худ дар вақти зарурӣ маблағ фиристанд. Аз ин рӯ, бисёре аз кӯдакон ҳатто имкони харидани либоси мактабӣ ва лавозимоти хонишро надоштанд.
«Болои сӯхта намакоб» - маҳз дар ҳамин давраи душвор миёни мактаббачагон бемории пӯст, ки онро мардум «хоришак» мегуфтанд, паҳн шуд. Хонандагон ҳангоми дарс аз сабаби беморӣ беқарор мешуданд. Ман он вақт фарзанд надоштам ва хароҷоти рӯзгорам низ камтар буд. Аз ин рӯ, барои хонандагоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд, дору мехаридам. Барои кӯдаконе, ки маводи хониш надоштанд, китобу дафтар, қалам ва дигар лавозимоти заруриро дастрас мекардам.
Ин қисмати 35-солаи зиндагии худро барои он ба ёд меорам, ки ҷавонон бидонанд, ки мо истиқлолро осон ба даст наовардаем. Мактабҳо ва донишгоҳҳои замонавию барҳаво дар натиҷаи заҳмат бунёд гардидаанд. Ҳавои орому осудае, ки имрӯз ҷавонон озодона аз он нафас мекашанд, худ ба худ ба вуҷуд наомадааст. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмати фарзандони баномуси миллат, меҳнати шабонарӯзии мардум ва талошҳои Пешвои миллат барои барқарор намудани сулҳу субот ва рушди кишвар мебошад.
Ҷавонон бояд таърихи ба даст овардани истиқлолият ва роҳи пурпечутоби давлатдории миллиро донанд ва ба қадри Ватан бирасанд. Зеро ба андешаи ман, барои инсон ҳеҷ неъмате болотар аз фазои сулҳу амонӣ ва осоиштаи Ватан нест.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто рӯзона ба кӯча баромадан метарсидем. Имрӯз бошад, зиндагӣ дигар шудааст. Одамон метавонанд бе тарсу ҳарос ба мағоза, дорухона, беморхона ва дигар ҷойҳои зарурӣ раванд. Мо ин оромиро одӣ набояд қабул кунем, зеро худ шоҳиди рӯзҳое ҳастем, ки чунин зиндагӣ орзуи мардум буд.
Хулоса, 35 соли ҳамқадаму ҳамболи Истиқлолияти давлатӣ будан барои ман мояи ифтихори бузург аст. Ман аз он мефахрам, ки дипломи донишгоҳӣ ва фаъолияти меҳнатии ман ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд.
Имсол бо ҳамкурсонам 35-солагии хатми донишгоҳро ҷашн гирифтем. Якдигарро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, ҳамзамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро шодбош гуфтем ва расмҳои хотиравӣ гирифтем. Ин вохӯрии дӯстона барои ман хеле хотирмон буд. Ба назарам, чунин дидорҳо хастагии 35 соли зиндагиву корро аз байн мебаранд ва инсонро ба солҳои ҷавонӣ мебаранд.
Мо - модарони тоҷик шукргузорем, ки имрӯз дар фазои орому осоишта ва амну бехатари Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Хушбахтем, ки дар Ватани азизамон фарзандон таҳсил мекунанд, мардум меҳнат менамоянд ва ҳамватанонамон бо умеди фардои нек зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ, истиқлол як қисмати зиндагии ман, як ҷузъи сарнавишти ман ва хотираи 35 соли меҳнату зиндагии ман аст.
Савринисо МУҲАММАДИЕВА,
муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ
Тоҷ
Рус
Eng