ДДМИТ ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР: Аз ободкориву сарфакорӣ то рақамикунониву таҳкими худшиносии миллӣ
Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Маҳмадалӣ Очилдиев бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба корҳои маъмуриву хоҷагидорӣ Диловаршо Муродзода перомуни татбиқи пешниҳоди Пешвои миллат вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар доираи 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Дар шароити таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва густариши равандҳои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ободонии муҳити зист ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, идомаи мантиқии сиёсати стратегии давлат дар самти рушди устувор арзёбӣ мегардад.
Ин иқдом на танҳо хусусияти рамзӣ дорад, балки як барномаи амалии густурда мебошад, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазифадор шудаанд онро дар сатҳи баланд амалӣ намоянд.
Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, нақши калидӣ доранд. Бешакк, ДДМИТ на танҳо маркази омодасозии кадрҳои баландихтисос, балки муҳити ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии муосири ҷавонон ба шумор меравад, ки ба сифати яке аз муассисаҳои пешсаф корҳои хоҷагидорӣ ва ободониро ҳамчун самти стратегӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Бо назардошти он ки муҳити обод ва инфрасохтори муосир яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим ба ҳисоб меравад, роҳбарияти донишгоҳ ба такмили пайвастаи муҳити физикии муассиса таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
- Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушду таҳаввул ёфт. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳазсозии синфхонаҳо бо технологияҳои замонавӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки симои маорифи миллӣ ва фазои муассисаҳои таҳсилоти олиро куллан дигаргун намуданд.
Ҳоло макотиби олӣ на танҳо ҳамчун боргоҳи илму маърифат, балки ҳамчун муҳити созандаи фарҳанги миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ва ободкориву созандагӣ низ шинохта мешаванд. Бигӯед, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф ва бахусус, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чӣ имкониятҳои таърихиро фароҳам овард?
- Бешубҳа, Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмати таърихии миллати тоҷик буда, барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, мебинем, ки кишвар дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ қарор дошт. Бо вуҷуди ин, маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки соҳаи маориф тадриҷан ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёбад.
Дар натиҷа, имрӯз мо шоҳиди бунёди садҳо муассисаҳои таълимии нав, таҷдиду навсозии инфрасохтори таълимӣ, ворид гардидани технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳастем. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ дар ин раванд мавқеи муҳим доранд. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар заминаи ҳамин сиёсати хирадмандона тавонист пойгоҳи моддию техникии худро тақвият бахшида, ба яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои рақобатпазир мубаддал гардад.
- Лутфан бигӯед, ки дар партави ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳоло дар донишгоҳ чӣ нақша ва барномаҳо роҳандозӣ шуда истодаанд?
- Пеш аз ҳама, бояд зикр намоям, ки пешниҳоди Пешвои миллат барои мо на танҳо ҳидоят, балки як барномаи амал мебошад. Мо ин ташаббусро ҳамчун имконияти воқеии баланд бардоштани сифати муҳити корӣ ва омӯзишӣ қабул кардем. Зеро ободонӣ танҳо сохтмон нест, балки як фарҳанг аст. Дар ин самт дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва дар ин доира эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ нақшаи мукаммали чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Дар самти корҳои ободониву созандагӣ таҷдиду навсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, ободонии муҳити атроф, кабудизоркунӣ ва таъсиси гулгаштҳо, беҳтарсозии инфрасохтори коммуналӣ ва шароити таълим, ҷорӣ намудани низоми сарфакоронаи истифодаи энергия инчунин, таъсиси синфхонаҳои муосир бо таҷҳизоти рақамӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҳамаи ин тадбирҳо на танҳо хусусияти косметикӣ доранд, балки ба таъмини муҳити устувор ва рақобатпазири таълимӣ равона гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва муҳити мусоиди таълим нигаронида шудаанд.
- Яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар солҳои охир ин ободонии муҳити зист ва инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад. Ин раванд дар муассисаҳои таҳсилотӣ низ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ДДМИТ дар самти корҳои васеъмиқёси ободонӣ ва инфрасохтор кадом корҳои мушаххас иҷро шуда истодаанд?
- Тадбирҳои ободонӣ танҳо як фаъолияти хоҷагидорӣ нестанд, балки онҳо ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар сатҳи миллӣ, ин раванд ифодаи эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва пешрафт мебошад. Дар ин замина, ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мавриди рушди ободонӣ ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳанд, ки на танҳо муҳити зистро беҳтар намоянд, балки ҳисси масъулияти иҷтимоиро низ тақвият бахшанд.
Дар шароити муосир хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ як низоми мураккаби идоракунӣ мебошад, ки самаранокии умумии фаъолияти муассисаро муайян мекунад. Дар ДДМИТ имрӯз ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Чунки мо масъалаи ободониро танҳо вазифаи хоҷагӣ намеҳисобем. Ин як ҷузъи муҳими тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон аст. Ин аст, ки самти хоҷагидорӣ имрӯз яке аз самтҳои калидии рушди донишгоҳ ба шумор меравад. Мо як силсила корҳои марҳилавиро ба роҳ мондаем, ки таҷдиду таъмири куллии биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо, бунёди озмоишгоҳҳои фаннӣ, беҳсозии хобгоҳҳои донишҷӯён бо стандартҳои муосири зиндагӣ, густариши минтақаҳои сабз, шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, навсозии шабакаҳои барқ ва обтаъминкунӣ аз ин зумра мебошанд. Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки донишгоҳ бо чеҳраи нав ба ҷашнҳои миллӣ ворид гардад. Зеро донишҷӯе, ки дар муҳити зебо, тозаву озода ва замонавӣ таҳсил мекунад, табиатан руҳияи созанда ва муносибати эҳтиёткорона ба арзишҳои миллӣ пайдо менамояд.
- Рафти омодагӣ ба ҷашнҳои таърихии 35-солагии истиқлолият ва 30-солагии ДДМИТ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Таҷлили сазовору шоиста аз ин ду ҷашни бузургу таърихӣ барои мо аҳамияти хос доранд. Дар ин замина корҳои хоҷагидорӣ низ нақши муҳим мебозанд. Мо инфрасохторро барои чорабиниҳои бузург омода намуда истодаем ва дар баробари ин, муҳити донишгоҳро зебо ва муосир сохта, иншооти нав бунёд мекунем ва ба ин васила, фазои ҷашниро ташаккул медиҳем. Моҳияти асосӣ дар он аст, ки муҳити обод ва муосир ба сифати таълим ва тарбияи ҷавонон таъсири мустақим дорад. Вақте донишҷӯ дар муҳити зебо, муосир ва боинтизом таҳсил мекунад, ӯ ба як шахси масъулиятшинос, ватандӯст ва мутахассиси баландихтисос табдил меёбад. Аз ин рӯ, мо ният дорем, корҳои ободонӣ ва навсозии инфрасохторро боз ҳам вусъат бахшем. Дар ин замина таъмиру таҷдиди биноҳо, беҳсозии муҳити таълимӣ, муҷаҳҳазсозии синфхонаҳо бо технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори рақамӣ, таҷдиди китобхона ба маркази иттилоотии рақамӣ, тавсеаи фазои сабз, васеъсозии озмоишгоҳҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва ташкили муҳити ягонаи рақамии идоракунии донишгоҳ ин ҳама тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки ДДМИТ ба як маркази рақобатпазири таҳсилоти олӣ дар сатҳи минтақавӣ табдил ёбад.
Ҳадафи мо ин аст, ки донишгоҳ ба муҳити воқеан ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир табдил ёбад ва ҷавонон дар фазои созандаву ватандӯстона таҳсил намоянд.
- Ҳоло масъалаи гузариш ба иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Донишгоҳ дар ин самт чӣ иқдомҳо дорад?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои экологӣ ва иқлимӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зистро дар минбарҳои байналмилалӣ матраҳ намудаанд.
Дар ҳамин замина, мо низ кӯшиш мекунем, ки фарҳанги иқтисоди сабз ва муносибати экологӣ дар муҳити донишгоҳӣ ташаккул ёбад. Имрӯз масъалаи сарфаи энергия, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, кам кардани исрофкорӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мо мебошанд.
Дар донишгоҳ тадриҷан истифодаи лампаҳои каммасраф, низоми сарфакоронаи равшанидиҳӣ ва назорати истифодаи неруи барқ ҷорӣ гардидааст. Ин на танҳо ба сарфаи маблағ мусоидат мекунад, балки як унсури муҳими фарҳанги экологӣ низ мебошад.
- Сабзкорӣ ва кабудизоркунӣ то кадом андоза дар сиёсати донишгоҳ мақоми муҳим доранд?
- Сабзкорӣ барои мо танҳо кори мавсимӣ нест. Ин бахше аз сиёсати муҳити солим ва тарбияи экологӣ мебошад. Солҳои охир дар ҳудуди донишгоҳ даҳҳо дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонда шуда, майдончаҳои гулзор ва гӯшаҳои истироҳатӣ ташкил гардиданд.
Мо кӯшиш мекунем, ки донишгоҳ ба муҳити воқеан сабз ва ҷолиб табдил ёбад. Зеро муҳити зебову сабз ба руҳияи инсон таъсири мусбат мерасонад ва ҳисси муҳаббат ба табиатро тақвият мебахшад.
Дар аксияҳои сабзкорӣ омӯзгорон ва донишҷӯён низ фаъолона иштирок менамоянд, ки ин ба таҳкими ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
- Имрӯз дар ҷаҳон таъсиси паркҳои технологӣ ва муҳити инноватсионӣ ба яке аз нишондиҳандаҳои донишгоҳҳои пешрафта табдил ёфтааст. Дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?
- Бале, имрӯз донишгоҳ танҳо набояд макони таълим бошад. Муассисаи муосир бояд ба маркази идея, технология ва навоварӣ табдил ёбад.
Мо низ ба рушди муҳити технологӣ ва ташкили инфрасохтори инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорем. Тақвияти синфхонаҳои технологӣ, рушди имкониятҳои рақамӣ ва ташкили муҳити мусоид барои фаъолияти илмӣ ва стартапҳои донишҷӯён аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим мебошанд.
Дар оянда густариши парки технологӣ метавонад барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба иқтисоди рақамӣ ва бозори меҳнати муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.
- То кадом андоза муҳити муосир метавонад ба сифати таълим ва ҷаҳонбинии донишҷӯён таъсир расонад?
- Таъсири муҳит ба сатҳу сифати таълим бисёр бузург аст. Имрӯз донишҷӯён танҳо ба китобу дарс маҳдуд намешаванд. Муҳити таълимӣ худ як унсури тарбия мебошад. Вақте донишҷӯ дар фазои сабз, озода, технологӣ ва замонавӣ қарор дорад, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ӯ низ дигар мешавад. Ин муҳит ҳисси зебоипарастӣ, эҳтиром ба муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Имрӯз дар донишгоҳ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, беҳсозии муҳити таълимӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи моликияти давлатӣ пайваста роҳандозӣ мешаванд. Ҳадафи мо ин аст, ки ҳар як донишҷӯ на танҳо мутахассиси хуб, балки шахси соҳибфарҳанг, худшинос ва ватандӯст ба камол расад.
- Дар самти беҳсозии инфрасохтори донишгоҳ кадом корҳои назаррас анҷом дода шудаанд?
- Солҳои охир дар донишгоҳ корҳои васеи созандагиву таҷдидӣ амалӣ гардиданд. Як қатор синфхонаҳо ва биноҳои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Муҳити дохили донишгоҳ низ аз нав тарҳрезӣ ва зебо гардонда шуд. Мо дар марҳилаи гузариш ба инфрасохтори рақамӣ қарор дорем. Аз ин ҷост, ки синфхонаҳои муосир бо тахтаҳои электронӣ, лабораторияҳои таълимии нав, марказҳои иттилоотӣ ва рақамӣ, шабакаи интернети босуръат ва системаи идоракунии электронии донишгоҳро таъсис дода, ният дорем, ки донишгоҳро ба модели донишгоҳи рақамӣ пайванд намоем.
Аз ин ҷост, ки ҳоло донишгоҳ ба як боргоҳи воқеан муосир табдил ёфтааст. Барои ин, масъалаҳои роҳравҳо, равшаннамоӣ, кабудизоркунӣ, таъмини муҳити бароҳати таълимӣ ва таъсиси фазои технологии ҷавобгӯ ба талаботи замон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Ҳамчунин, барои рушди инфрасохтори рақамӣ шабакаҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва воситаҳои технологии таълим пайваста такмил дода мешаванд. Мусалламан, ҳоло иқтисодиёти ҷаҳонӣ босуръат рақамикунонӣ мешавад ва табиист, ки донишгоҳ низ бояд ба ин раванд мутобиқ гардад.
- То кадом андоза рушди инфрасохтор ба сифати таълим таъсир мерасонад?
- Таъсири он хеле бузург аст. Имрӯз рақобат дар соҳаи таҳсилоти олӣ бештар ба муҳити таълимӣ, технология ва сифати хизматрасонӣ вобаста мебошад. Донишҷӯ бояд дар шароити замонавӣ таҳсил намояд.
Талоши мо бар он равона гардидааст, ки синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ, компютерҳои муосир ва шабакаи босуръати интернет таъмин бошанд. Инчунин, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
- Хобгоҳҳои донишҷӯён дар кадом ҳолат қарор доранд?
- Хобгоҳҳо қисми муҳими ҳаёти донишҷӯён мебошанд. Мо ба ин самт диққати ҷиддӣ медиҳем. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои соли 2026 утоқҳои истиқоматӣ пурра аз таъмир баромада, шароити санитарӣ беҳтар мегардад, интернет ва имкониятҳои омӯзиши мустақил васеъ карда шуда, ошхонаҳо ва ҷойҳои умумӣ навсозӣ ва дар баробари ин, сатҳи амният тақвият меёбад. Мақсад аз ин ҳама талошҳо фароҳам овардани муҳити солим, бехатар ва муосир барои зиндагии донишҷӯён ба шумор мераванд, то донишҷӯён худро дар муҳити амн, созанда ва ҳавасмандкунанда эҳсос намоянд.
- Шумо нақши ин ҳама ташаббусҳоро дар рушди ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Таъсири ин иқдомҳо фаротар аз ҳудуди донишгоҳ аст. Зеро ҳар донишгоҳ на танҳо маркази таълим, балки маркази ташаккули тафаккури наслҳои оянда мебошад. Вақте муҳити таълимӣ муосир, обод ва маънавӣ бошад, донишҷӯён на танҳо мутахассис, балки шаҳрванди масъули ҷомеа мешаванд. Аз ин лиҳоз, ин тадбирҳо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд ва дар маҷмуъ ба он равона шудаанд, ки донишгоҳ ба як маркази муосири илмӣ ва таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони ҷаҳонишавӣ табдил ёбад.
- Дар анҷом, паёми Шумо ба ҷомеаи донишгоҳӣ чист?
- Паёми ман содаву одӣ аст: ҳар як узви ҷомеаи донишгоҳ бояд худро соҳиби раванди ободониву созандагӣ донад. Ободонӣ танҳо кори сохтор нест, балки кори дастаҷамъона мебошад. Бо чунин рӯҳия мо метавонем ба сӯи як ҳадафи бузург: сохтани донишгоҳи муосир, рақобатпазир ва ифтихори миллӣ қадамҳои устувор гузорем. Соли 2026 дар партави сиёсати созандагии Пешвои миллат барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ як марҳилаи муҳим мебошад. Дар ин раванд, ДДМИТ бо такя ба таҷрибаи худ ва барномаи мукаммали хоҷагидорӣ, ба сӯи инфрасохтори муосир, муҳити обод, идоракунии самаранок ва рушди устувор ҳаракат мекунад. Ин раванд на танҳо донишгоҳ, балки тамоми низоми таҳсилоти олии кишварро ба марҳилаи нави рушд ворид месозад ва дар баробари он ки муҳити зистро зебо созад, инчунин, дар тарбияи экологӣ ва маънавии донишҷӯён низ нақши муҳим мебозад.
Мо имрӯз дар марҳилаи бисёр муҳими таърихӣ қарор дорем. Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободу пешрафта мегардад ва ҷавонон бояд неруи асосии ин созандагӣ бошанд.
Таманно дорам, ки ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулият барои ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ободии Тоҷикистон аз тафаккури созанда, фарҳанги баланд ва заҳмати ҳар як шаҳрванди кишвар оғоз мегардад.
Тоҷ
Рус
Eng