ДОНИШ - ПОЯИ РУШДИ ИНСОН ВА ҶОМЕА
Дар таърихи тамаддуни башар дониш ҳамеша неруи созанда ва сарчашмаи пешрафти инсон ба шумор меравад. Ҳар дастоварди бузурги илмӣ, ҳар тағйироти муҳими фарҳангӣ ва ҳар қадами устувори ҷомеа аз андешаи инсон ва талоши ӯ барои омӯхтан оғоз ёфтааст. Дониш ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, ӯро ба дарки амиқи зиндагӣ, воқеият ва масъулияти худ дар назди ҷомеа мерасонад.
Дониш фарҳанги андешидан, қобилияти таҳлил кардан, шинохти ҳақиқат ва муносибати оқилона ба воқеиятро ташаккул медиҳад. Инсон бо дониш аз доираи таҷрибаи маҳдуди шахсӣ берун рафта, ба таҷрибаи наслҳо ва дастовардҳои тамаддуни башар пайванд меёбад. Китоб, илм ва фарҳанг дар ин раванд ҷойгоҳи махсус доранд.
Дар фарҳанги тоҷик эҳтиром ба дониш ва донишмандӣ аз қадим ҷойгоҳи баланд доштааст. Осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Саъдӣ Шерозӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ далели равшани он аст, ки андешаи илмӣ ва маънавӣ дар таърихи миллати мо решаҳои амиқ дорад. Мероси онҳо арзиши таърихӣ ва адабӣ дошта, ҳамчун сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ барои наслҳои баъдӣ хизмат мекунад.
Фирдавсӣ мақоми донишро дар зиндагии инсон бо сухани пурмаъно ифода кардааст:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ин андеша дар замони муосир низ аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Тавоноии инсон дар ақл, маърифат, таҷриба ва қобилияти дуруст истифода бурдани дониш зоҳир мегардад. Ҷомеае, ки шаҳрвандони он донишманд ва соҳибмаърифатанд, барои пешрафти устувор имкониятҳои бештар дорад.
Дар замони муосир дониш ба яке аз муҳимтарин сармояҳои инсонӣ табдил ёфтааст. Ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, илм пеш меравад, технологияҳои нав ба вуҷуд меоянд ва муносибатҳои иҷтимоӣ шаклҳои тоза мегиранд. Дар чунин шароит қобилияти омӯхтан, аз худ кардани таҷрибаи нав ва мутобиқ шудан ба талаботи замон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дониш бояд ҷаҳонбинии инсонро ғанӣ гардонад ва ӯро ба фарҳанги баланди фикр кардан расонад. Инсон вақте аз дониш баҳра мебарад, ки андешаи ӯ бо маърифат, рафтораш бо масъулият ва фаъолияти ӯ бо эҳсоси манфиати ҷомеа пайваста бошад.
Ҷомеаи пешрафта ҷомеаест, ки дар он китоб, илм, фарҳанг ва маърифат арзиши воқеӣ доранд. Дар чунин ҷомеа инсон барои омӯхтан, эҷод кардан ва саҳм гузоштан дар рушди муҳити худ имкон пайдо мекунад. Пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар ниҳоят ба сатҳи маърифати инсонҳо такя мекунад.
Барои миллати тоҷик, ки соҳиби мероси бузурги илмӣ ва адабӣ мебошад, дониш аҳамияти хос дорад. Номи донишмандони бузурги тоҷик дар таърихи илми ҷаҳон ҷойгоҳи шоиста дорад. Осори онҳо нишон медиҳад, ки майлу рағбат ба илм, китоб ва маърифат метавонад садсолаҳо идома ёбад ва ба наслҳои нав таъсир расонад.
Нигоҳ доштани арзишҳои илмӣ ва фарҳангӣ маънои идомаи роҳи маърифат, омӯзиш ва эҷодро дорад. Ҳар насл бо донишҳои худ бояд ба ин ганҷина чизе илова намояд.
Дониш инсонро ба ҷаҳони васеъ пайванд медиҳад. Китоб ӯро бо андешаи гузаштагон, илм бо таҷрибаи башар ва фарҳанг бо арзишҳои маънавии ҷомеа мепайвандад. Ҳар қадар доираи дониш васеъ гардад, ҳамон қадар ҷаҳонбинии инсон амиқтар ва муносибати ӯ ба зиндагӣ маънодортар мешавад.
Рушди воқеии ҷомеа аз рушди инсон оғоз меёбад. Инсони донишманд метавонад муҳити худро бо андешаи созанда, меҳнати самаранок ва фаъолияти масъулиятнок дигаргун созад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба дониш сармоягузорӣ ба оянда мебошад.
Дониш чароғи маърифат, заминаи камолоти инсон ва неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Он инсонро аз ҷаҳони маҳдуди нодонӣ ба фазои васеи андеша мебарад ва барои офаридани зиндагии беҳтар имконият фароҳам меорад.
Дониш пояи инсон аст, инсон бошад пояи ҷомеа. Ҳар қадар ин поя устувор бошад, бинои оянда ҳамон қадар баландтару пойдортар хоҳад буд.
Муҳаммадҷон НУРМУҲАММАДЗОДА,
раиси шурои сардорони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ,
донишҷӯйи курси 3
Тоҷ
Рус
Eng