Дар ҳаёти инсон забон ҷойгоҳи хос дорад. Ҳар як забон фарҳанг, таърих ва таҷрибаи зиндагии як ҷомеаро дар худ инъикос мекунад. Аз ин рӯ, муносибати дуруст ба забони модарӣ аз эҳтиром ба гузашта оғоз ёфта, ба масъулият дар назди ояндаи миллат пайванд мегирад. Дар баробари ин, шароити имрӯза аз ҳар як шахс тақозо менамояд, ки барои муошират ва донишомӯзӣ забонҳои дигарро низ аз худ кунад.

Ҷаҳони имрӯз бо суръати баланд тағйир меёбад, пешрафти технология, рушди иқтисод, густариши таҳсилоти байналмилалӣ ва афзоиши робитаҳои байнидавлатӣ инсонро водор месозанд, ки берун аз доираи як забон фикр ва амал намояд. Дар чунин муҳит донистани забонҳои хориҷӣ ба яке аз воситаҳои муҳими рушди шахсӣ, касбӣ ва зеҳнӣ табдил ёфтааст.

Забони модарӣ бошад, барои инсон нақши дигар дорад. Он инсонро бо муҳити иҷтимоӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ пайванд медиҳад. Кӯдак аввалин сухан, андеша ва дарки олами атрофро тавассути забони модарӣ меомӯзад. Баъдан, ҳангоми омӯзиши забонҳои дигар, доираи ҷаҳонбинии ӯ васеъ мегардад. Аз ин рӯ, забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ метавонанд якдигарро пурра намоянд.

Забони тоҷикӣ дорои мероси бузурги таърихию фарҳангӣ мебошад. Дар тули асрҳо ин забон дар офариниши осори адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ хизмат намуда, воситаи интиқоли андешаи донишмандону адибони бузург гардидааст. Осори классикони тоҷик далели равшани имкониятҳои фаровони забон ва нақши он дар рушди тамаддун мебошад.

Пойдории забони тоҷикӣ дар шароити тағйирёбандаи таърих аҳаммияти махсус дорад. Ҳифзи он маънои нигоҳ доштани танҳо калимаҳо ва қоидаҳои грамматикӣ нест. Дар забон ҷаҳонбинӣ, тафаккур, хотираи таърихӣ ва суннатҳои мардум таҷассум меёбанд. Аз ин ҷиҳат, баланд бардоштани фарҳанги сухан ва риояи меъёрҳои забони адабӣ бояд ба як одати ҳамешагии ҷомеа табдил ёбад.

Дар баробари ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои насли имрӯз имкониятҳои нав мекушояд. Донишҷӯе, ки бо забони хориҷӣ сарчашмаҳои илмиро мехонад, метавонад маълумоти бештар ба даст оварад ва донишҳои касбии худро мустақилона такмил диҳад. Барои мутахассиси ҷавон низ донистани забонҳои хориҷӣ ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ бартарии муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар байни забонҳои хориҷӣ забони англисӣ мавқеи намоён дорад. Қисми зиёди захираҳои электронии илмӣ, маводи таълимӣ, технологияҳои муосир ва иттилооти байналмилалӣ тавассути ин забон дастрас мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши англисӣ метавонад барои ҷавонон воситаи муҳими дастрасӣ ба дониш ва таҷрибаи ҷаҳонӣ гардад.

Забони русӣ низ барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти амалӣ дорад. Он дар муносибатҳои илмию фарҳангӣ, фазои иттилоотӣ ва як қатор самтҳои фаъолияти касбӣ васеъ истифода мешавад. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони чинӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ низ дар шароити густариши ҳамкориҳои иқтисодиву байналмилалӣ бештар мегардад.

Бояд таъкид кард, ки омӯзиши забони хориҷӣ танҳо аз ёд кардани калимаҳо ё аз худ намудани қоидаҳои грамматикӣ иборат нест. Забон инсонро ба муҳити нави фарҳангӣ ворид месозад. Шахс ҳангоми омӯзиши забони дигар бо арзишҳо, урфу одатҳо, тарзи тафаккур ва таҷрибаи иҷтимоии дигар халқҳо шинос мешавад. Ин ҳолат метавонад таҳаммулпазирӣ, қобилияти муошират ва ҷаҳонбинии ӯро васеъ намояд.

Дар солҳои охир воситаҳои рақамӣ низ барои забономӯзӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Китобҳои электрониву аудиоӣ, курсҳои фосилавӣ, барномаҳои омӯзишӣ ва дигар захираҳои рақамӣ ба ҳар шахс имкон медиҳанд, ки қисми муайяни раванди омӯзишро мустақилона ба роҳ монад. Бо истифодаи дурусти чунин имкониятҳо раванди азхудкунии забон метавонад мақсадноктар ва самараноктар гардад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ набояд мақоми забони тоҷикӣ нодида гирифта шавад. Баръакс, ҳар қадар инсон забонҳои бештар донад, ҳамон қадар имкони муаррифии фарҳанг ва арзишҳои миллии худро дар муҳити байналмилалӣ бештар пайдо мекунад. Забондонии воқеӣ танҳо дар сурати нигоҳ доштани робита бо забони модарӣ маънои пурраи худро пайдо мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи забономӯзӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди таълиму тарбия табдил ёфтааст. Омода намудани ҷавонони соҳибмаърифат ва рақобатпазир дар шароити ҷаҳони муосир бидуни рушди малакаҳои забонӣ душвор аст. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилотӣ бояд барои омӯзиши босифати забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ муҳити муносиб фароҳам оваранд.

Дар ин самт муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъулияти бештар ба уҳда доранд. Донишгоҳҳо бояд на танҳо донишҳои назариявиро омӯзонанд, балки донишҷӯёнро ба истифодаи амалии забонҳо низ омода созанд. Ташкили маҳфилҳои забономӯзӣ, курсҳои иловагӣ, муҳити муошират ва истифодаи технологияҳои муосири таълим метавонад ба баланд шудани сатҳи забондонии ҷавонон мусоидат намояд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар самти фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ иқдомҳои муҳимро амалӣ менамояд. Таъмини шароити зарурӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки доираи донишҳои худро васеъ карда, ба талаботи бозори меҳнати муосир омода шаванд. Нақши омӯзгорони соҳибтаҷриба дар ин раванд махсусан муҳим аст, зеро маҳз онҳо метавонанд шавқу рағбати донишҷӯёнро ба омӯзиши забон бедор намоянд.

Маълум аст, ки пешрафти мамлакат ба сатҳи маърифату дониш ва рақобатпазирии насли ҷавон вобастагии зиёд дорад. Дар чунин шароит ҳар як забони иловагӣ барои инсон як имконияти нав аст: имконияти омӯхтани донишҳои бештар, пайдо намудани робитаҳои касбӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ ва шинос шудан бо таҷрибаи кишварҳои гуногун.

Аз ин рӯ, забономӯзӣ бояд на ҳамчун вазифаи муваққатии таълимӣ, балки ҳамчун раванди доимии рушди шахсият қабул карда шавад. Омӯзиши забон сабру кӯшиш, пайгирӣ ва машқи мунтазамро талаб мекунад. Натиҷаи он бошад, дар рушди зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва касбии инсон инъикос меёбад.

Метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ ду самти муҳими зиндагии маънавию касбии инсони муосир мебошанд. Забони модарӣ моро бо решаҳои миллӣ ва мероси гузашта мепайвандад, забонҳои хориҷӣ бошанд, имкони шинохти ҷаҳони васеъ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалиро фароҳам месозанд. Муттаҳид намудани ин ду ҷиҳат метавонад барои тарбияи шахсияти донишманд, худогоҳ, ватандӯст ва ҳамзамон ба ҷаҳон боз мусоидат намояд.

Ҳар як ҷавони имрӯза бояд кӯшиш кунад, ки забони модарии худро хуб аз худ намуда, дар баробари он забонҳои хориҷиро низ омӯзад. Зеро дар асри дониш инсон танҳо бо доштани маълумот не, балки бо қобилияти муошират, омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи дигарон метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Забондонӣ василаи муошират аст, аммо дар маънои васеътар он роҳи пайвастани инсон бо таърих, фарҳанг, илм ва ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳанифа АТОЕВА,

муллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ