Дар шароите, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бо суръати бесобиқа рақамӣ мегардад, равандҳои тиҷорати фаромарзӣ вусъат меёбанд ва рақобати геоиқтисодӣ шиддат мегирад, низоми гумрукии ҳар як давлат ба як абзори стратегии ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарназардошти ҷойгоҳи геоиқтисодии худ ва афзалиятҳои сиёсати иқтисодии давлат, ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои инсонии соҳаи гумрук таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин замина, омодасозии мутахассисони баландихтисос, ки дорои донишҳои муосири иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ мебошанд, аҳамияти калидӣ касб мекунад. Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун як маркази муҳими илмӣ-таълимӣ дар ин самт фаъолият намуда, дар ташаккули кадрҳои рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад.

Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва таҷлили шоиставу сазовор аз ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Очилдиев бо декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ҳамин боргоҳи илму маърифати зодаи замони истиқлол Буризода Мастура Чорӣ перомуни талаботи касбӣ, сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, заминаи моддӣ-техникӣ ва дурнамои рушди соҳа суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он манзури қазовати хонандагони нуктасанҷ мегардад.

- Муаллимаи муҳтарам! Лутфан нахуст рӯшанӣ андозед, ки дар низоми таҳсилоти олии кишвар мақому ҷойгоҳи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодиро бо назардошти он ки он ягона факултети тахассусӣ дар ин самт маҳсуб меёбад чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамчун воҳиди нодир ва ягона дар самти тахассусии худ шинохта мешавад. Ягонагии он на танҳо ба мавқеи институтсионалӣ, балки ба фарогирии мукаммали барномаҳои таълимӣ, мутобиқати онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва ҳамгироии самараноки илм, таълим ва амалия асос ёфтааст.

Ин факултет бо ташкили муҳити муосири таълимӣ ва ҷалби неруи зеҳнии баландихтисос, рисолати омодасозии мутахассисони рақобатпазирро дар самти фаъолияти гумрукӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ ба таври касбӣ ва пайгирона амалӣ менамояд. Маҳз ҳамин вижагиҳо онро ба як маркази калидии ташаккули кадрҳои соҳавӣ табдил додаанд, ки дар таҳкими низоми иқтисодии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ нақши муассир мегузорад.

Дар маҷмуъ, факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ҳамчун маркази муҳими таълимӣ ва илмӣ дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб, рақобатпазир ва ватандӯст нақши калидӣ дошта, барои ҳифзи амнияти иқтисодии кишвар ва рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

- Зарурати таъсиси чунин факултети тахассусӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар чӣ зоҳир мегардад?

- Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ яке аз воҳидҳои асосии қисми таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, навтаъсис мебошад. Факултети мазкур аз рўзи таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявии худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, инчунин, оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ мондааст. Факултет дар сохтори нав бо ќарори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раќами № 90/и аз 07 июли соли 2025 таъсис дода шудааст.

Зарурати таъсиси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама, аз талаботи воқеии рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими низоми амнияти иқтисодии давлат сарчашма мегирад. Бо густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ ва мураккаб гардидани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, эҳтиёҷ ба мутахассисони баландихтисосе, ки тавонанд равандҳои гумрукӣ ва хавфҳои иқтисодиро ба таври касбӣ идора намоянд, ба маротиб бештар гардид.

Дар чунин шароит, омодасозии кадрҳо дар асоси барномаҳои умумӣ дигар ҷавобгӯи талаботи замон буда наметавонад. Маҳз таъсиси як факултети махсусгардонидашуда дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки раванди таълим ба таври мақсаднок, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ниёзҳои амалии соҳа ба роҳ монда шавад.

Аз ҷониби дигар, соҳаи гумрук танҳо як бахши назоратӣ набуда, ҷузъи муҳими механизми танзими иқтисодӣ ва таъмини даромадҳои буҷетӣ мебошад. Ҳамин аст, ки омодасозии мутахассисони соҳибкасб дар ин самт ба як зарурати стратегӣ табдил ёфта, таъсиси чунин факултет ҳамчун ҷавоби мантиқӣ ба ин талаботи замон арзёбӣ мегардад.

- Ҳамакнун мехостам дар идомаи суҳбат  дар мавриди шароити таҳсил, нақш ва ҷойгоҳи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир барои хонандагони маҷаллаи “Гумрук”маълумоти муфассал медодед.

- Ташаккур барои таваҷҷуҳ ба мавзуи муҳим ва саривақтӣ. Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ яке аз воҳидҳои калидии сохтори таълимии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, рисолати асосии он омодасозии мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гумрук, амнияти иқтисодӣ, молия ва идоракунии хавфҳо мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки иқтисоди миллӣ ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардидааст, талабот ба мутахассисоне, ки на танҳо дониши назариявӣ, балки малакаҳои амалии таҳлили хавфҳои иқтисодӣ, идоракунии равандҳои тиҷоратӣ ва татбиқи технологияҳои рақамиро доранд, ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, факултет ҳамчун як пули пайвасткунандаи илм, таълим ва истеҳсолот амал намуда, дар ташаккули муҳити устувори иқтисодӣ саҳм мегузорад.

Дар мавриди шароити таҳсил бояд зикр намуд, ки факултет дар бинои муосири таълимӣ ҷойгир буда, бо тамоми воситаҳои зарурии моддӣ-техникӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, таҷҳизоти замонавии таълимӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъмин гардидааст. Ин имкониятҳо барои ба роҳ мондани раванди босифати таълим, таҳқиқоти илмӣ ва рушди маҳорати касбии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бо мақсади таҳкими донишҳои назариявӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат, дар назди факултет озмоишгоҳи гумрукӣ ва маҳфили илмӣ-омӯзишии «Омӯзиши Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамоянд. Тавассути ин сохторҳо донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки донишҳои андӯхтаи худро дар амал татбиқ намуда, малакаҳои таҳлилӣ, ҳуқуқӣ ва касбии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, фаъолияти озмоишгоҳ ва маҳфил барои иштироки муваффақонаи донишҷӯён дар озмунҳои соҳавӣ, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам месозад.

- Имрӯз талаботи касбӣ нисбат ба мутахассисони соҳаи гумрук дар кадом марҳила қарор дорад?

- Тағйироти сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ ва воридшавии технологияҳои нав ба ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла соҳаи гумрук, боис гардид, ки талаботи касбӣ низ куллан тағйир ёбад. Агар қаблан донистани қоидаҳои гумрукӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ кофӣ ҳисобида мешуд, имрӯз мутахассис бояд дорои маҷмуи васеи салоҳиятҳо бошад. Аз ҷумла, донишҳои амиқи иқтисоди байналмилалӣ, молия, логистика ва идоракунии занҷираи таъминот зарур мебошанд. Ҳамзамон, донистани қонунгузории байналмилалӣ, стандартҳои ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва малакаҳои таҳлили маълумоти рақамӣ ба як шарти ҳатмӣ табдил ёфтааст. Илова бар ин, масъалаҳои ахлоқи касбӣ, шаффофият, муқовимат ба коррупсия ва масъулияти баланд дар қабули қарорҳо низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.

Дар баробари ин, гумрукчӣ бояд на танҳо мутахассиси соҳибихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бошад, балки забонҳои хориҷиро низ хуб донад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба корманди гумрук имкон медиҳад, ки бо намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ муоширати самаранок дошта, ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дуруст таҳлил ва татбиқ намояд, инчунин таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро дар фаъолияти касбии худ истифода барад. Аз ин рӯ, омодасозии гумрукчиёни донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад.

- Факултет барои ҷавобгӯ будан ба ин талабот кадом тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст?

- Мо сиёсати таълимиро дар асоси чанд принсипи стратегӣ роҳандозӣ мекунем. Аввалан, навсозии пайвастаи барномаҳои таълимӣ, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Дуюм, истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, аз ҷумла омӯзиши интерактивӣ, таҳлили ҳолатҳои воқеӣ, моделсозии равандҳои гумрукӣ ва истифодаи симуляторҳои таълимӣ.

Сеюм, таъмини ҳамгироии назария ва амалия. Донишҷӯён дар сохторҳои гумрук, марказҳои логистикӣ ва муассисаҳои молиявӣ таҷрибаомӯзӣ мегузаранд, ки ин ба ташаккули малакаҳои касбии онҳо мусоидат мекунад.

- Дар бораи сатҳи касбият ва то чӣ ҳад ба талаботи замон ҷавобгӯ будани ҳайати омӯзгорон ва иқтидори илмии факултет чӣ гуфта метавонед?

- Иқтидори кадрӣ яке аз омилҳои асосии таъмини сифати таълим мебошад. Факултет дорои ҳайати омӯзгорони баландихтисос буда, қисми зиёди онҳо дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ду кафедраи тахассусӣ: фаъолияти гумрукӣ ва бехатарии иқтисодӣ амал мекунад. Дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ 20 нафар устодони соҳибтаҷриба ба таълиму тарбияи донишҷӯён ҷалб карда шудаанд, ки аз инҳо 1 нафар профессор, 9 нафар номзади илм, 5 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистент мебошанд.

Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ яке аз факултетҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисонро дар соҳаҳои хадамоти гумрукӣ, таъмини иқтисоди фаъолияти гумрукӣ, бехатарии иқтисодӣ ва молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ омода менамояд.

Мо инчунин, ба ҷалби мутахассисони амалкунанда аҳамияти хос медиҳем. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи воқеии соҳа шинос шаванд. Илова бар ин, фаъолияти илмӣ дар факултет хеле фаъол аст. Омӯзгорон ва донишҷӯён дар таҳқиқоти илмӣ, конфронсҳо ва лоиҳаҳои муштарак иштирок мекунанд.

- Таъмини заминаи моддӣ-техникӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Солҳои охир дар ин самт пешрафтҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Факултет бо синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳои компютерӣ ва воситаҳои таълимии рақамӣ таъмин мебошад. Мо инчунин ба рушди платформаҳои таълимии электронӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем, ки ба донишҷӯён имкони дастрасӣ ба манбаъҳои ҷаҳонии илмиро фароҳам меорад.

Қобили тазаккур аст, ки дар факултет як озмоишгоҳи гумрукӣ фаъолият менамояд, ки барои ихтисосҳои хадамоти гумрук бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳазанд. Дар факултет 20 компютер бо шабакаи байналмилалии Интернет пайваст буда, 8 планшети деворӣ, 5 принтерҳои бисёрфунксионалӣ, сканер ва дигар лавозимоти техникӣ дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор доранд ва базаи моддию техникии онро ғанӣ мегардонанд.

Ҳамчунин, устодони кафедра машғулиятҳои таълимиро тавассути тахтаҳои электронӣ ва барномаҳои компютерӣ ба роҳ мондаанд, ки ин барои дар сатҳи баланд аз худ намудани дониш ба донишҷӯён мусоидат менамояд. Дар назди кафедраҳои тахассусии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ маҳфилҳои илмии мубоҳисавии “Гумрукчиёни ҷавон” амал мекунад, ки дар он донишҷӯёни факултет ҷалб карда мешаванд.

- Сатҳу сифати омодасозии кадрҳои илмӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Мақсади асосии фаъолияти факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ омода намудани кадрҳои баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия дар шуъбаи рўзона аз рўи низоми таҳсили кредитӣ ва дар таҳсилоти фосилаӣ аз рўи ду низом, яъне низоми таҳсили анъанавӣ, таҳсили кредитӣ ва таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар факултет барномаҳои аспирантура ва докторантура роҳандозӣ гардидаанд. Мо донишҷӯёни боистеъдодро ба корҳои илмӣ ҷалб намуда, онҳоро барои идомаи таҳсил ҳавасманд мекунем. Ҳамзамон, ҳамкориҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки муҳаққиқони ҷавон таҷрибаи пешқадамро омӯзанд. Дар ин замина, бо як қатор донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ гузоштаем, ки самтҳои табодули таҷриба, барномаҳои муштарак ва таҳқиқоти илмӣ –амалиро фаро мегиранд. Бешакк, ин раванд ба баланд бардоштани сифати таълим ва рақобатпазирии хатмкунандагон мусоидат мекунад.

- Имкониятҳои воқеии шуғли хатмкунандагон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор чӣ гунаанд?

- Хатмкунандагони мо дар мақомоти гумрук, вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва ширкатҳои логистикӣ фаъолият мекунанд. Талабот ба чунин мутахассисон пайваста меафзояд ва мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ созем.

Ҳамасола дар асоси озмунҳое, ки аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳо эълон карда мешаванд, хатмкунандагони факултет тибқи талаботҳои озмун ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Аксарияти довталабон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои брокерӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

- Ба назари Шумо, мушкилоти асосии ҳалталаби соҳа кадомҳоянд?

- Яке аз мушкилоти асосӣ ин суръати баланди тағйирёбии технологияҳо мебошад. Барои мутобиқ шудан ба ин раванд, бояд барномаҳои таълимӣ пайваста навсозӣ шаванд. Ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ низ муҳим аст.

Бо назардошти талабот ва тамоюлҳои нави рушди низоми ҷаҳонии гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва густариши иқтисоди рақамӣ, зарурати такмил ва навсозии мунтазами барномаҳои таълимии ихтисосҳои соҳавӣ ба миён омадааст. Дар ин замина, ба раванди таълим ҷорӣ намудани курси махсуси «Декларатсиякунонӣ дар мақомоти гумрук» бо истифода аз барномаи махсусгардонидашудаи «Асикудаи ҷаҳонӣ» аҳаммияти хосса дорад. Омӯзиши ин низоми муосири иттилоотӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки бо технологияҳои рақамии идоракунии фаъолияти гумрукӣ, тартиби барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, инчунин усулҳои электронии пешниҳоду коркарди маълумот аз наздик шинос гарданд.

Татбиқи чунин курсҳои амалӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир мусоидат намуда, барои тарбияи кадрҳои рақобатпазир, соҳибтахассус ва донандаи технологияҳои пешрафтаи соҳа заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳамзамон, ин иқдом ба вусъат бахшидани раванди татбиқи иқтисоди рақамӣ дар низоми таҳсилот ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба стандартҳои байналмилалии фаъолияти гумрукӣ мусоидат менамояд.

- Дурнамои рушди факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодиро дар чӣ мебинед?

- Мо ният дорем, ки барномаҳои таълимиро боз ҳам такмил дода, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳем ва заминаи моддӣ-техникиро тақвият бахшем. Зеро ҳадафи мо чун аксар пойгоҳҳои таълимӣ ин омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва бозори муосири меҳнат мебошад.

- Дар фарҷоми суҳбат Шумо ба ҷавононе, ки мехоҳанд дар ин соҳаи гумрук ва амнияти иқтисодӣ таҳсил намоянд, чӣ тавсияҳоро пешниҳод карда метавонед?

- Соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ соҳаи бисёр масъулиятнок ва дар баробари ин, пурифтихор аст. Агар ҷавонон хоҳанд дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд, ин самт интихоби хеле дуруст мебошад. Ман ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки бо ҷиддият дониш омӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварӣ бошанд. Зеро ояндаи иқтисоди кишвар маҳз ба донишу малакаи насли ҷавон вобаста аст.

P/S: Рафти мушоҳидаҳову раванди суҳбат гувоҳи ҳоланд, ки факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси як ниҳоди масъул ва пешсафи таълим дар омодасозии мутахассисони соҳа нақши муҳим мебозад. Таъмини сифати таълим, рушди заминаи моддӣ-техникӣ, тақвияти кадрҳои илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии мутахассисон мусоидат карда, ҳамзамон, қодиранд ба таври муассир дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва пешрафти устувори кишвар саҳм гузоранд, ки бешакк, тақвияти чунин сохторҳо ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии давлат аҳамияти стратегӣ доранд.

Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ