ФАРДОИ МИЛЛАТ АЗ ҶАВОНОН ОҒОЗ МЕЁБАД
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи роҳи бузургони миллат ва созандагони фардои дурахшони ҳар давлат мебошанд. Ҳар миллате, ки ба ҷавонони худ эътимод дорад, ба ояндаи худ боварӣ дорад. Зеро ҷавонон бо илму дониш, ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҷаҳонбинии нав метавонанд ҷомеаро ба сӯи пешрафт ва ободӣ раҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистони азиз дар тамоми соҳаҳо — илму маориф, фарҳанг, варзиш, технология, иқтисод ва хизмати давлатӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Бо дастовардҳои худ онҳо обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд ва исбот месозанд, ки ҷавони тоҷик соҳиби истеъдод, ирода ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Рӯзи ҷавонон танҳо як санаи идона нест, балки рамзи эҳтиром ба насли ҷавон, қадршиносии нерӯи созандаи онҳо ва даъват ба масъулиятшиносӣ мебошад. Ҷавонӣ давраи тиллоии зиндагист; давраест, ки инсон бояд дониш омӯзад, ҳунар аз худ кунад, барои ҷомеа судманд бошад ва барои расидан ба орзуҳои бузург талош намояд. Миллат ба ҷавононе ниёз дорад, ки бо фарҳанги баланд, ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ ва ҳисси масъулият зиндагӣ кунанд.
Ҷавонони имрӯза бояд донанд, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост. Агар ҷавон соҳибилм бошад, миллат соҳибиқбол мегардад. Агар ҷавон худшиносу ватандӯст бошад, давлат поянда мемонад. Аз ҳамин хотир, омӯзиши илм, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, фарҳанг ва таърихи миллат вазифаи муқаддаси ҳар ҷавон мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир аз ҷавонон дониш, малака, забондонӣ ва ҷаҳонбинии васеъ талаб мекунад. Ҷавононе муваффақ мешаванд, ки аз вақти худ самаранок истифода баранд, китобхон бошанд, аз технологияҳои муосир дуруст истифода кунанд ва ҳамеша барои рушду такомули худ кӯшиш намоянд. Ҷавон бояд на танҳо барои худ, балки барои пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан низ хизмат кунад.
Тоҷикистон ба ҷавонони босавод, бомаърифат ва худогоҳ такя мекунад. Ҳар як ҷавон метавонад бо амали нек, рафтори намунавӣ, таҳсили хуб ва меҳнати ҳалол дар рушду ободии кишвар саҳм гузорад. Миллат бо ҷавонони худ зинда аст ва фардои давлат аз имрӯзҳои ҷавонон оғоз меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд:
«Ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи кори насли калонсол мебошанд.»
Ин сухани пурмаънӣ нишон медиҳад, ки давлату миллат ба ҷавонон эътимоди калон дорад ва ҷавонон бояд ин бовариро бо донишу рафтори шоиста ва хизмати содиқона ба Ватан пос доранд.
Ман низ ҳамчун як ҷавони тоҷик ифтихор мекунам, ки дар даврони сулҳу субот, ваҳдату оромӣ зиндагӣ менамоям. Мо — ҷавонон бояд ҳамеша барои омӯзиши илм, ҳифзи фарҳангу забон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саъю талош намоем. Зеро ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст ва ҳар қадами неки мо метавонад барои пешрафти Ватан саҳми арзанда гузорад.
Бигзор ҷавонони тоҷик ҳамеша парчамбардори илму маърифат, сулҳу ваҳдат, дӯстиву инсонгароӣ бошанд. Бигзор қалби ҳар ҷавон саршор аз меҳри Ватан, эҳтироми падару модар ва орзуҳои бузурги зиндагӣ бошад. Зеро ҷавонон чароғи фардо, умеди миллат ва ифтихори давлатанд.
Рӯзи ҷавонон муборак бод!
Муборакшоҳ СОЛЕҲЗОДА -
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси «Технологияи иттилоотӣ ҳисоби бухгалтерӣ»-и факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
Тоҷ
Рус
Eng