Дар баробари дигар масъалаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, яке аз нуқтаҳои асосӣ ҳифзи муҳити зист ва самтҳои экологии кишвар буд.

Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз дастовардҳои иқтисодии кишвар ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистон ба иҷрои корҳои бузурги созанда қодир аст. Ба истифода дода шудани ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатӣ дар солҳои охир далели равшани сиёсати саноатикунонии босуръат буда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, заминаи рушди устувори иқтисоди миллиро тақвият бахшид.

Муҳити зист ҳамчун асоси ҳаёт ва рушди устувори ҷомеа дар асри XXI ба яке аз масъалаҳои калидии сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ, ифлосшавии ҳаво, об ва хок, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва зиёдшавии офатҳои табиӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки амнияти экологӣ ва иҷтимоиро зери хатар мегузоранд. Дар чунин шароит, масъалаи ҳифзи муҳити зист на танҳо вазифаи соҳаи экология, балки самти муҳими сиёсати давлатӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва тақвияти илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун авлавиятҳои стратегӣ таъкид мегарданд. Ин нуктаҳо нишон медиҳанд, ки ҳалли мушкилоти экологӣ танҳо бо такя ба донишҳои илмӣ, технологияҳои муосир ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос имконпазир аст.

Муҳити зист маҷмуи унсурҳои табиӣ - ҳаво, об, хок, наботот, ҳайвонот ва омилҳои физикӣ мебошад, ки шароити зиндагии инсонро фароҳам меоранд. Ҳифзи муҳити зист маънои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ин унсурҳоро дорад, то ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо баробар истифода баранд. Рушди устувор ба ҳамоҳангии се самт - иқтисод, иҷтимоъ ва экология такя мекунад. Бе ҳифзи муҳити зист рушди иқтисодӣ метавонад ба вайроншавии табиат оварда расонад, ки дар ниҳоят худи ҷомеаро ба буҳрон дучор мекунад. Аз ин рӯ, сиёсати экологӣ бояд қисми ҷудонашавандаи стратегияи рушди миллӣ бошад.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои экологӣ бо равиши ҳамаҷониба матраҳ гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, партовҳои саноатӣ ва маишӣ, буридани ҷангалҳо ва тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Тоҷикистон бояд барои ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об ва табиати нотакрор чораҳои муассир андешад. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои ҳифзи муҳити зист аҳамияти стратегӣ дорад. Паём ба зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар, инчунин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ишора мекунад. Дар ин замина, илм ва маориф ҳамчун василаҳои асосии ҳалли мушкилоти экологӣ муаррифӣ мешаванд.

Илмҳои табиатшиносӣ маҷмуи фанҳое мебошанд, ки қонунҳои табиат ва равандҳои табииро меомӯзанд. Фаҳмиши амиқи ин қонунҳо барои пешгӯӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии фаъолияти инсон ба муҳити зист аҳамияти калон дорад. Химия дар омӯзиши таркиб ва хосиятҳои моддаҳо нақши калидӣ мебозад. Бо ёрии таҳлилҳои химиявӣ дараҷаи ифлосшавии ҳаво, об ва хок муайян карда мешавад. Химияи экологӣ таъсири моддаҳои зарароварро ба организми зинда меомӯзад ва роҳҳои безараргардонии онҳоро пешниҳод мекунад. Татбиқи технологияҳои химиявии муосир имкон медиҳад, ки партовҳои саноатӣ коркард ва дубора истифода шаванд, моддаҳои заҳрнок безарар гарданд ва истеъмоли захираҳо коҳиш ёбад.

Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти глобалӣ мебошад, ки боиси обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар Паём ба зарурати омӯзиши илмии ин равандҳо ва таҳияи барномаҳои мутобиқшавӣ ишора шуда, таъкид гардид, ки таҳқиқоти географӣ барои идоракунии захираҳои обӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ муҳиманд.

 

Алишер РАҲИМӢ,

устоди кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ