Тоҷикон воқеан табиатан мардуми озода ва озодапараст буда, истиқлолиятро ҳамчун бузургтарин арзиши миллӣ мешуморанд ва ҳифзи онро масъулияти муҳим ва муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар медонанд. Истиқлолият барои миллати тоҷик асоси ватандӯстӣ ва давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, халқи тоҷик солиёни зиёд орзуи соҳибистиқлолиро дар дил парвариш менамуд. Бинобар ин, ҳеҷ гуна қувваи носолим ва пастиву баландиҳои ҳаёти иҷтимоӣ наметавонад ба фалсафаи назариявӣ ва арзишҳои миллии мо халал ворид намояд.

Истиқлолият дурнамои рушду инкишоф, оғози марҳилаи нави худшиносии миллӣ ва воситаи муҳими расидан ба қуллаҳои маънавии инсонӣ мебошад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии созанда имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд.

Моҳияти соҳибистиқлолӣ назарияҳои фалсафӣ ва сиёсиеро дар бар мегирад, ки бо фаъолияти роҳбарияти мамлакат ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ доранд.

Дар асл, мафҳуми «истиқлолият» (шакли ғарбии истифодаи он - «суверенитет») аз мафҳумҳои таърихии марбут ба ҳокимияти олӣ ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад. Вожаи «истиқлол» дар забони тоҷикӣ аз забони арабӣ ворид шуда, маънои мустақилу мухтор будан, озод будан дар иҷрои кору амал, мустақилият ва соҳибихтиёриро ифода мекунад.

Дар радифи мафҳуми «истиқлолият» мафҳуми «миллат» низ ҷойгоҳи муҳим дорад. Миллат ҳамчун натиҷаи ташаккули муносибатҳои тулонии таърихӣ ва фарҳангии мардум, тадриҷан ба сӯи ҳадафҳои олии худ равона шуда, мутобиқи талаботу имкониятҳои замон барои амалӣ намудани ормонҳои гузаштаву имрӯзаи наслҳо талош менамояд.

Вобаста ба мафҳумҳои истиқлолият ва миллат, мафҳумҳои «худшиносии миллӣ», «огоҳии миллӣ», «амнияти миллӣ» ва дигар арзишҳои муҳими иҷтимоӣ низ ташаккул меёбанд. Ин мафҳумҳо дар байни наслҳо тавассути арзишҳои инсонпарварона ва умумимиллӣ интиқол ёфта, барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ замина фароҳам меоранд.

Дар ҷаҳон мафҳуми истиқлолият, пеш аз ҳама, бо раванди қабули қарорҳои сиёсӣ дар дохили давлат ва ҳуқуқи мустақилона идора намудани корҳои давлатӣ алоқаманд дониста мешавад. Ин таҷриба барои миллати тоҷик низ аҳамияти хос дошта, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини кишвар дар хотираи таърихӣ ҷойгоҳи махсус касб кардааст.

Тадриҷан, дар раванди ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими давлатдории миллӣ, пояҳои худшиносии миллӣ мустаҳкам гардида, мардум ба бунёдкорӣ рӯ оварданд ва ваҳдати миллӣ ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа ташаккул ёфт. Яке аз омилҳои муҳими ин раванд ҳифз ва идомаи арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи иҷтимоии аз насл ба насл интиқолёфта мебошад.

Истиқлолияти сиёсӣ, ки дар натиҷаи ин марҳилаи муҳими таърихӣ насиби халқи тоҷик гардид, заминаи асосӣ барои ҳалли вазифаҳои умумимиллӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Дар заминаи фалсафаи маърифати истиқлолияти сиёсӣ имконият фароҳам меояд, ки сабабҳои қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ аз нав мавриди таҳлил қарор гирифта, захираҳои инсонӣ ва сарватҳои табиӣ оқилона истифода шаванд.

Ҳамзамон, мутобиқи манфиатҳои миллӣ ва имкониятҳои кишвар, ҷойгиркунии самараноки қувваҳои истеҳсолкунанда, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва дигар равандҳои муҳими иҷтимоӣ метавонанд барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди устувори ҷомеа замина гузоранд.

Истиқлолияти сиёсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро фаъолтар ҳимоя намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ саҳми худро гузорад. Рушди муносибатҳои дипломатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Сию панҷ сол қабл Тоҷикистон нахустин қадамҳои устувори худро дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ гузошт. Имрӯз ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки барои эҳёи беҳтарин анъанаҳои гузашта, ҳифзу афзун намудани арзишҳои моддию маънавӣ, баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Пойдории давлат ва рушди ҷомеа ба меҳнату фаъолияти созандаи ҳар як шаҳрванд вобастагии бевосита дорад.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ гуногунҷанба буда, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои дипломатӣ ва иштироки фаъолонаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин раванд мебошанд. Аз ҷумла, роҳандозии сиёсати «дарҳои боз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам овардааст.

Дар баробари ин, Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва дигар мушкилоти мубрами замони муосир, ташаббусҳои байналмилалии худро пешниҳод ва пешбарӣ кардааст. Ин равандҳо аз имкониятҳои нави давлат барои иштироки фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.

Хулласи калом, мо бояд фаъолияти худро ба он равона созем, ки моҳият ва мазмуни истиқлолияти сиёсиро ба аҳли ҷомеа возеҳу равшан шарҳ дода, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро воқеъбинона дарк намоем. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди худшиносии миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату бомаърифат, боирода ва масъулиятшинос вазифаи муҳимми ҷомеаи имрӯз мебошад.

Танҳо дар сурати пайвастани дониш, маърифат, худшиносӣ, меҳнати созанда ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон барои рушди устувори давлат ва расидан ба қуллаҳои фалсафаи маънавии миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

 

Ҳ. НОЗИМОВ,

устоди ДДМИТ