Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллату давлат бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ рӯйдоди сарнавиштсоз буда, заминаи устувори эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ, рушди фарҳангу забон ва муайян намудани ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фароҳам овард. Истиқлолият рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати бақои давлату миллат мебошад.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳим ва фаромӯшнашаванда сабт гардид. Дар ин рӯз Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба сифати давлати мустақилу соҳибихтиёр ба марҳалаи нави таърихӣ ворид шуд. Ин рӯйдод ба халқи тоҷик имкон дод, ки сарнавишти давлат ва ҷомеаи худро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди миллии худро интихоб кунад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор буданд. Низоъҳои дохилӣ, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва парокандагии ҷомеа ба пояҳои давлатдории навини кишвар таҳдид мекарданд. Дар чунин шароити ҳассос ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлат вазифаи муқаддас ба ҳисоб мерафт. Бо дарки масъулияти бузург ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист роҳи сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пеш гирад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Музокироти тулонии байни тоҷикон ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ замина гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки бо такя ба хиради мардум, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавии сиёсӣ ҳатто ихтилофи сангинро метавон бо роҳи гуфтушунид ҳал кард. Ин таҷриба ҳамчун намунаи арзишманди сулҳофарӣ дар ҷаҳон эътироф гардид.

Истиқлолият барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ имконият фароҳам овард. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии давлатдории навинро мустаҳкам намуд. Тоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб кард. Дар даврони истиқлолият низоми мақомоти давлатӣ, ҳокимияти судӣ ва дигар сохторҳои муҳим такмил ёфта, барои таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар баробари ин, истиқлолият барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд овард. Тоҷикистон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан раҳо ёфта, ба роҳи рушди иқтисодӣ ворид гардид. Дар саросари кишвар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, корхонаҳо, роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд гардиданд. Ин раванд барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои муҳими дастовардҳои истиқлолият эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми хоси худро пайдо кард. Дар ин давра, таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи миллат, ҳифзи мероси фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бештар гардид. Эҳёи арзишҳои миллӣ барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.

Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Кишвари мо узви Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монд. Тоҷикистон имрӯз дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, бахусус масъалаҳои вобаста ба обу иқлим нақши фаъол дорад. Ин мавқеи байналмилалии кишварро таҳким бахшида, обрӯву нуфузи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад.

Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳ ба рушди маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ низ афзуд. Ҷалби ҷавонон ба таҳсилу илм, рушди муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии иқтидори зеҳнии ҷомеа барои пешрафти кишвар аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон - табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, чашмаҳо, кӯлҳо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бештар муаррифӣ мешаванд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро идома медиҳад. Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ собит месозанд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик заминаи асосии эҳёи давлатдорӣ, рушди миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Мо бояд арзиши истиқлолиятро ҳамеша дарк намоем, таърихи пурифтихори даврони соҳибистиқлолиро омӯзем ва барои ҳифзу таҳкими ин неъмати бузург саҳм гузорем. Зеро ояндаи давлату миллат аз масъулият, дониш, меҳнати созанда ва ваҳдати ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст.

Истиқлолият рамзи саодат, озодӣ ва бақои миллат аст. Бошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон бошад, ваҳдати миллӣ пойдор, Ватани азизамон ободу пешрафта ва зиндагии мардуми он боз ҳам осудаву пурсаодат гардад!

Фирӯз СОЛИЕВ,

сардори шуъбаи ахбор ва омори ДДМИТ