ХАТАР ВА ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Дар ҷаҳони имрӯза коррупсия яке аз мушкилоти асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин падида ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ — иқтисод, сиёсат, маориф, тандурустӣ ва ҳатто фарҳанг таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия сабаби суст шудани рушди кишвар, паст шудани сатҳи зиндагии мардум ва кам шудани эътимоди аҳолӣ ба ҳокимият мешавад. Аз ин рӯ, таҳлили хатарҳо ва омилҳои коррупсионӣ аҳамияти калон дорад. Коррупсия танҳо гирифтани пора нест, балки метавонад дар шаклҳои гуногун — аз ҷумла сӯиистифода аз ваколатҳо, истифодаи мансаб барои манфиатҳои шахсӣ, хешутаборбозӣ, тақсимоти ғайриқонунии маблағҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ба назар расад. Дар даврони муосир, бо пешрафти технология ва муносибатҳои иқтисодӣ, шаклҳои нави коррупсия низ пайдо шудаанд, ки мубориза бо онҳо мушкилтар мегардад.
Калимаи “коррупсия” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои “фасод”, “вайроншавӣ” ё “харобшавӣ”-ро дорад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, коррупсия ин истифодаи мансаб ё ваколатҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад [1, с. 49-53].
Коррупсия метавонад дар муносибатҳои гуногун ба амал ояд:
байни шаҳрванд ва мансабдор;
байни ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ;
дар доираи сохторҳои давлатӣ;
дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод.
Дар замони муосир коррупсия хусусияти байналмилалӣ гирифтааст. Баъзе гурӯҳҳои ҷинояткор маблағҳои калонро тавассути амалҳои коррупсионӣ ба даст оварда, ба иқтисодиёти кишварҳо зарар мерасонанд.
Хатарҳои коррупсия дар ҷомеаи муосир
- Хатари иқтисодӣ. Яке аз паёмаҳои муҳими коррупсия, ки ба таври ҷиддӣ иқтисоди кишварро осеб мерасонад, зарари молиявӣ аст. Вақте ки маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби мансабдорони фасодзада мавриди тасарруф қарор мегиранд, ин ба коҳиши захираҳои молиявии давлат, пастшавии сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ оварда мерасонад. Илова бар ин, коррупсия боиси тарси сармоягузорони хориҷӣ ва сустшавии рушди соҳибкорӣ мегардад. Дар чунин шароит, соҳибкорон маҷбур мешаванд, ки барои дарёфти иҷозатномаҳо ё ҳалли мушкилоти худ, пардохтҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳанд.
2. Хатари сиёсӣ. Коррупсия ба системаи сиесӣ таъсири харобиовар мерасонад. Вақте ки мансабдорон қудратро барои мақсадҳои шахсӣ сӯиистифода мекунанд, ин эътимоди шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатӣ халалдор мекунад. Чунин падидаҳо метавонанд ноустувории иҷтимоиро ба вуҷуд оранд ва ба обрӯи давлат зарар расонанд. Дар баъзе ҳолатҳо коррупсия низ ба раванди интихобот ворид шуда, натиҷаҳои онро таҳриф мекунад. Ришвадиҳии интихобкунандагон е истифодаи захираҳои ғайриқонунии молиявӣ дар маъракаҳои интихоботӣ принсипҳои адолати сиесиро вайрон мекунад [3, с. 35-36]. - Хатари иҷтимоӣ. Коррупсия ба таври назаррас нобаробариро дар ҷомеа тақвият мебахшад. Он ба ашхоси доро имконият медиҳад, ки мушкилоти худро бо осонӣ ҳал кунанд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои камбизоат аз дастрасӣ ба ҳуқуқҳои худ маҳрум мешаванд. Ин вазъият боиси афзоиши эҳсоси беадолатӣ ва коҳиши эътимоди ҷавонон ба қонун ва принсипҳои ахлоқӣ мегардад.
- Хатар ба соҳаи маориф ва тандурустӣ. Таъсири манфии коррупсия дар соҳаи маориф дар паст шудани сифати таълим зоҳир мешавад. Вақте ки донишҷӯен тавассути ришва баҳо мегиранд, ин боиси таназзули сатҳи дониш ва пайдоиши мутахассисони бесалоҳият дар бозори меҳнат мегардад. Ба ҳамин монанд, коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ҳаети одамонро зери хатар мегузорад. Гирифтани пули нақд барои хизматрасониҳои тиббӣ е истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ногузир ба паст шудани сифати хизматрасонии тиббӣ оварда мерасонад..
- Хатари маънавӣ ва ахлоқӣ. Коррупсия ахлоқи ҷомеаро заиф месозад. Вақте ки инсонҳо мебинанд, ки масъалаҳо танҳо тавассути пора ҳал мешаванд, эҳтиром ба қонун ва адолат коҳиш меёбад. Ин ҳолат метавонад фарҳанги ҳуқуқиро дар ҷомеа суст гардонад [3, с. 35-36].
Омилҳои асосии коррупсия:
- Омилҳои иқтисодӣ. Камбизоатӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ яке аз сабабҳои асосии коррупсия мебошанд. Агар корманд маоши кофӣ надошта бошад, эҳтимоли даст задан ба амалҳои коррупсионӣ зиёд мешавад.Бекорӣ низ ба афзоиши коррупсия мусоидат мекунад. Шахсоне, ки имконияти кор надоранд, баъзан барои ба даст овардани даромад ба роҳҳои ғайриқонунӣ рӯ меоранд.
- Омилҳои ҳуқуқӣ. Суст будани қонунгузорӣ ва назорати нокифоя барои рушди коррупсия шароит фароҳам меорад. Агар ҷазо барои амалҳои коррупсионӣ сабук бошад, шахсони мансабдор аз қонун наметарсанд. Ҳамчунин, набудани шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ метавонад сабаби афзоиши коррупсия гардад [9, с. 43-50].
- Омилҳои сиёсӣ. Дар баъзе давлатҳо мансабдорон ваколатҳои зиёд дошта, назорати фаъолияти онҳо суст мебошад. Ин ҳолат имконияти сӯиистифода аз мансабро зиёд мекунад. Набудани озодии матбуот низ яке аз омилҳои коррупсия мебошад. Воситаҳои ахбори омма бояд фаъолияти мақомоти давлатиро назорат намоянд.
- Омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунад. Агар шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро надонанд, онҳо метавонанд ба амалҳои коррупсионӣ роҳ диҳанд. Дар баъзе ҷомеаҳо додани “туҳфа” ё “миннатдорӣ” ҳамчун амали оддӣ қабул шудааст. Ин гуна муносибат метавонад тадриҷан ба ришвахорӣ табдил ёбад.
- Омилҳои технологӣ. Дар замони рақамӣ шаклҳои нави коррупсия низ пайдо шудаанд. Ҷиноятҳои электронӣ, истифодаи технология барои пинҳон кардани маблағҳо ва қаллобии интернетӣ мисолҳои коррупсияи муосир мебошанд [9, с. 43-50].
Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия
- Такмили қонунгузорӣ.Барои мубориза бо коррупсия қонунҳои қатъӣ ва муассир заруранд. Ҷазо барои амалҳои коррупсионӣ бояд сахт ва одилона бошад.
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ. Тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад. Аз хурдӣ бояд ба ҷавонон фаҳмонида шавад, ки коррупсия амали нодуруст ва зараровар аст.
- Таъмини шаффофият. Фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд шаффоф бошад. Истифодаи технологияҳои электронӣ метавонад имконияти коррупсияро кам намояд.
- Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ. Беҳтар намудани шароити иқтисодии аҳолӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат метавонад сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад [9, с. 43-50].
- Нақши ҷомеа ва ВАО. Барои мубориза бо коррупсия, расонаҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошкор кардани ин падида фаъолона ширкат варзанд. Ҳамкории муштараки давлат ва мардум дар ин росто хеле муҳим аст. Имрӯз коррупсия яке аз таҳдидҳои бузурги ҷомеа ба шумор меравад, ки ба ҳама соҳаҳои ҳаёт – иқтисод, сиёсат, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои ахлоқӣ – таъсири зараровар мегузорад. Сабабҳои ин мушкилот хеле зиёданд ва метавонанд иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ бошанд. Барои коҳиш додани сатҳи коррупсия, зарур аст, ки қонунҳо беҳтар шаванд, дониши ҳуқуқии мардум афзоиш ёбад ва фаъолияти мақомоти давлатӣ шаффофтар гардад. Танҳо бо ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ байни давлат ва ҷомеа метавон ба муборизаи муваффақонаи зидди коррупсия ноил шуд ва як ҷомеаи одилонаро бунёд кард.
М. АМРОХОНЗОДА -
сармутахассиси бахши банақшагири ва дурнамоии иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng