КОНСТИТУТСИЯ - ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ
Конститутсия - санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Бе Конститутсия мавҷудияти ягон давлати муосирро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои халқи тоҷик, ки дар тули ҳазорсолаҳо орзуи доштани давлати мустақилу соҳибихтиёрро дошт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолият, озодӣ ва ваҳдати миллӣ эътироф шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Аз он замон инҷониб ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Қабули Конститутсия зарурати таърихии давраи баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ буд. Зеро кишвар ба Қонуни асосие ниёз дошт, ки ба талаботи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ҷавобгӯ бошад. Дар он халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Дар тули 32 соли амали Конститутсия ба он се маротиба - солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба такмили низоми ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи замон равона гардидаанд. Муҳимтарин дастоварди Конститутсия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи забони давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва муайян намудани асосҳои сохти дунявии давлат мебошад.
Конститутсия шиносномаи миллат ва кафили ояндаи устувори Тоҷикистон аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки Конститутсияро омӯзад, эҳтиром кунад ва риоя намояд. Зеро эҳтиром ба Конститутсия эҳтиром ба Ватан аст.
Имрӯз Конститутсия ҳамчун кафили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад. Маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия барои таҳкими давлатдорӣ ва барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи муҳим ба шумор меравад.
Аҳамияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа дар чанд самти асосӣ зоҳир мегардад: Асоси тамоми қонунҳои дигар мебошад. Ҳеҷ як қонун ва санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд ба Конститутсия мухолифат дошта бошад. Кафили устувории давлат аст. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тундгароӣ ва экстремизм зиёд гардидаанд, меъёрҳои конститутсионӣ барои ҳифзи сохти давлатдорӣ, субот ва амнияти ҷомеа аҳамияти бузург доранд. Мақоми байналмилалии Тоҷикистонро муайян мекунад. Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад.
Аҳамияти Конститутсия дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа пеш аз ҳама дар таъмини сулҳу оромӣ, субот ва ваҳдати миллӣ зоҳир мегардад. Маҳз Конститутсия заминаи ҳуқуқии фаъолияти озоди соҳибкорон, дастрасӣ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баробарии ҳамаро дар назди қонун фароҳам меорад.
Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя намояд, озодона зиндагӣ ва фаъолият кунад ва дар пешрафти давлат саҳм гузорад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заминаҳои ҳуқуқии он мо тавонистем Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем ва барои ояндаи дурахшони худ замина гузорем.
Хулоса, Конститутсия пояи асосии давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳифз ва эҳтироми он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо, ҷавонон, бояд бо омӯзиши амиқи Конститутсия ва риояи қонунҳо дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Обидхӯҷазода Муҳаммади Абдулҳаким,
донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-24010300 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng