Ҳар як давлат барои таъмини тартибот, пешрафти ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба қонуни асосӣ ниёз дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин санади муҳим Конститутсия мебошад. Ҳамасола 6 ноябр дар кишвари мо Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хосса дошта, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ ва эҳтиром ба қонун ба ҳисоб меравад.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим бозид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияро яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, аҳаммияти онро дар танзими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъкид кардаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Мувофиқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин принсипҳои бунёдӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи устувор фароҳам меоранд.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳар як шахс ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва дигар ҳуқуқу озодиҳои дар қонун пешбинишударо дорад. Дар баробари ин, шаҳрвандон вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя намуда, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунанд ва дар ободию пешрафти Ватан саҳм гузоранд.

Конститутсия дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа низ нақши муҳим дорад. Он заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатиро муайян намуда, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Эҳтиром ба қонун, риояи ҳуқуқи дигарон ва иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ аз шартҳои асосии ташаккули ҷомеаи солиму пешрафта мебошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари иродаи халқ ва яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик мебошад. Қабули ин санади тақдирсоз барои таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Имрӯз эҳтиром ба Конститутсия бояд дар рафтору фаъолияти ҳар як шаҳрванд таҷассум ёбад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва меҳнати софдилона аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба пешрафти Тоҷикистони азиз мусоидат мекунанд.

Хулоса, Конститутсияро бесабаб «Бахтномаи миллат» намегӯянд. Ин санади сарнавиштсоз кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолат ва суботи ҷомеа буда, ҳар як шаҳрвандро ба эҳтироми қонун, ҳифзи ҳуқуқи дигарон ва масъулиятшиносӣ даъват менамояд. Танҳо бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқона метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, барои наслҳои оянда ҷомеаи солиму зиндагии шоиста фароҳам оварем.

 

Т. МУСЛИХОВА,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ