КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА ТАҲСИЛ ВА РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат на танҳо асосҳои сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро муайян менамояд, балки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Дар байни ин ҳуқуқҳо ҳуқуқ ба таҳсил мавқеи махсус дошта, он яке аз омилҳои муҳимтарини рушди ҷомеа, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва таъмини пешрафти устувори давлат ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳилаи муҳимро ташкил медиҳад. Ин санади тақдирсоз заминаҳои ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибистиқлолро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардааст.
Яке аз муқаррароти муҳими Конститутсия дар самти таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон моддаи 41 мебошад, ки ҳуқуқи ҳар шахсро ба таҳсил эътироф ва кафолат медиҳад. Дар он чунин омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Мазмуни ин меъёри конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи гирифтани дониш, балки ҳуқуқи асосии ҳар як инсон ва яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Моддаи 41-и Конститутсия аҳаммияти махсуси иҷтимоӣ дошта, дастрасии шаҳрвандонро ба таҳсил ҳамчун яке аз шартҳои муҳими рушди шахсият ва ҷомеа муайян менамояд. Мувофиқи ин модда, давлат уҳдадор аст барои фароҳам овардани шароити зарурии таълим ва дастрасии аҳолӣ ба таҳсилоти умумии асосии ҳатмии ройгон заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё созад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Муҳим аст, ки дар ин модда ҳуқуқ ба таҳсил бо мафҳуми «ҳар шахс» ифода гардидааст. Яъне, ҳуқуқи мазкур хусусияти умумӣ дошта, набояд вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ маҳдуд карда шавад. Ин муқаррарот бо принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар моддаи 17-и Конститутсия муқаррар шудааст, робитаи ногусастанӣ дорад.
Ҳамзамон, моддаи 41 имконияти гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонун пешбинӣ менамояд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Конститутсия барои ташаккули низоми пайдарпайи таҳсилот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Дар шароити муосир сатҳи рушди ҳар як давлатро на танҳо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки дараҷаи маърифатнокӣ, дониш, малака ва қобилияти эҷодии аҳолии он муайян менамояд. Ҷомеае, ки ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, метавонад барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ заминаи устувор гузорад. Аз ин рӯ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил бояд ҳамчун вазифаи муштараки давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа баррасӣ гардад. Таҳсилот дар ташаккули мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақилона нақши муҳим мебозад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.
Махсусан, дар шароити иқтисоди рақамӣ талабот ба мутахассисони дорои донишҳои муосир, малакаҳои касбӣ, қобилияти таҳлилӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, мазмуни ҳуқуқи таҳсил танҳо бо фароҳам овардани имконияти ҳузури шахс дар муассисаи таълимӣ маҳдуд намешавад, балки дастрасӣ ба донишҳои босифат ва ташаккули салоҳиятҳои заруриро низ дар бар мегирад.
Дар амал татбиқ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил пеш аз ҳама ба фаъолияти босамари муассисаҳои таълимӣ вобаста мебошад. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар иҷрои ин вазифаи конститутсионӣ нақши муҳим доранд. Вазифаи онҳо танҳо додани донишҳои назариявӣ набуда, балки тарбияи насли босавод, соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшинос мебошад.
Дар ин раванд баланд бардоштани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон аҳаммияти махсус доранд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ муҳити солими маънавӣ ва ахлоқӣ ташаккул ёфта, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон таъмин карда шавад. Таъмини шароити мусоиди таълим, пешгирии табъиз ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои омӯзиш аз ҷумлаи омилҳои муҳимми татбиқи воқеии ҳуқуқ ба таҳсил мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳимми татбиқи моддаи 41-и Конститутсия рушди таҳсилоти касбӣ ва олӣ мебошад. Дар шароити тағйирёбии босуръати иқтисодиёт ва муносибатҳои иҷтимоӣ омода намудани мутахассисони дорои донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии муосир аҳаммияти стратегӣ касб менамояд.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар баробари омода намудани мутахассисони баландихтисос ба рушди тафаккури илмӣ, таҳқиқоти мустақилона, фаъолияти инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Хусусан, робитаи таълим бо илм ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф мебошанд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон дар баробари азхуд намудани донишҳои тахассусӣ, асосҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, фарҳанги миллӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиро низ омӯзанд.
Конститутсия на танҳо ҳуқуқҳои инсонро муқаррар менамояд, балки риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигаронро низ талаб мекунад. Мувофиқи моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя намуда, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Аз ин ҷиҳат, ҳуқуқ ба таҳсил бо масъулияти шаҳрвандӣ робитаи зич дорад. Шахсе, ки аз имкониятҳои таҳсил истифода мебарад, бояд нисбат ба омӯзиш, азхудкунии дониш, риояи интизом ва эҳтироми арзишҳои ҷомеа муносибати масъулона дошта бошад.
Таълим ва тарбия ду ҷузъи ҷудонопазири раванди ташаккули шахсияти комил мебошанд. Бинобар ин, муассисаҳои таълимӣ бояд дар баробари додани дониш, дар ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносиро тарбия намоянд.
Ҳамин тариқ, моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кафолатҳои муҳими ҳуқуқӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Муқаррароти мазкур барои рушди низоми маорифи миллӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа заминаи конститутсионӣ фароҳам меорад.
Имрӯз татбиқи воқеии ҳуқуқ ба таҳсил тақозо менамояд, ки на танҳо дастрасии шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад, балки сифати таълим, муҳити мусоиди омӯзиш, баробарии имкониятҳо ва мутобиқати донишҳо ба талаботи замони муосир низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.
Мо бояд дарк намоем, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад. Зеро ҷомеаи босавод, дорои донишҳои муосир ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузорад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, махсусан ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил, вазифаи муҳимми давлат, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Конститутсия кафили ҳуқуқ ба таҳсил ва маориф заминаи ояндаи дурахшони миллат аст!
Бобомурод БОБОМУРОДОВ,
мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ,
н.и.и., дотсент
Тоҷ
Рус
Eng